Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
03 Mar 2026
Submitted by Admin
27

Фарҳанги мардуми тоҷик таърихи хеле тӯлонӣ дошта, ҷашну маросим, урфу одат, анъана ва расму ойинҳои зиёдеро фаро мегирад. Ҳар як ҷашну маросим бо хусусиятҳои хоси худ дар ҳаёти маънавии тоҷикон аҳамияти махсусро касб карда, ҷиҳати рушду густариши фарҳанги миллӣ хидмат мекунад. Фарҳанги мардуми тоҷик фарогири як қатор расму ойинҳоест, ки бевосита ба зиндашавии табиат, фарорасии фасли баҳор ва оғози соли навин рабт дорад. Дар меҳвари ин расму ойинҳо унсурҳои табиат, махсусан наботот ва гулҳои нахустини баҳорӣ, ҷойгоҳи хосса дошта, ҳамчун нишонаҳои эҳё ва навшавии ҳаёт тафсир мегарданд. Лола ва бойчечак аз зумраи чунин гулҳо буда, дар фолклори тоҷик на танҳо унсури табиат, балки рамзҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинӣ ба шумор мераванд.

Бойчечак дар фарҳанги мардумӣ бештар рамзи омадани баҳор, умед ва эҳё, покиву содагиро ифода мекунад. Он аввалин гуле аст, ки баъди зимистон мешукуфад, бинобар ин дар тафаккури мардумӣ нишонаи пирӯзии гармӣ бар сармо ва ҳаёт бар марг шумурда мешавад. Ҷойгоҳи лола дар фолклори тоҷик бошад, рамзи ҷавонӣ, зебоӣ, ишқу ҷоннисорӣ, хун ва шаҳодат ҳамчун ранги сурх пазируфта шудааст. Дар осори гуфтории тоҷикон, аз ҷумла сурудҳои мардумӣ ва рубоиёти фолклорӣ лола аксаран бо образи ҷавони шаҳид ё ошиқи дилсӯхта пайваст мешавад ва бойчечак ба духтари мазлуму покдомон. Ин ду гул бахше аз ҷаҳонбинии кишоварзии тоҷикон низ маҳсуб меёбанд. Онҳо дар маросимҳои баҳорӣ ва сурудҳои мардумӣ мавқеи хос доранд. Тасвири ду гуле, ки дар вақту замони гуногун мерӯянд, робитаи инсонро бо табиат мустаҳкам мегардонад.

Дар гузашта миёни мардуми бархе аз деҳаҳои ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд анъанае мавҷуд буд, ки ба сабзидан ва умри ниҳоят кутоҳ доштани гулҳои баҳории бойчечак ва лола ҳамбастагӣ дошт. Ойини “Гули бойчечак” ба маросими гулгардонӣ шабоҳат дошта, дар рӯзҳои аввали баҳорӣ сурат мегирифт. Ба монанди дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар ин минтақа одатан гули бойчечакро ҷавонписарон ё мардҳо аз мавзеъҳои нисбатан гармтар оварда ба бонувони калонсол тақдим мекарданд. Ин анъана агар аз як ҷиҳат раванди иҷрои маросими гулгардонӣ бошад, аз тарафи дигар бо мақсади амалӣ кардани ривояте доир мегардид. Дар байни мардуми маҳаллӣ афсонае арзи ҳастӣ мекард, ки бо ҳаёти кӯтоҳи бойчечак ва бародари ӯ лола пайвастагӣ дорад. Яъне қисса аз тавлиди гули бойчечак то шукуфтани гули лоларо дар бар мегирад. Афсона дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбинӣ, робитаи инсон бо табиат ва меҳру муҳаббати одамият эҷод шудааст.

Мувофиқи нақли мардуми маҳаллӣ Иди бойчечак бо Гули лола тавъам буда, онҳо хоҳару бародар будаанд. Дар байни калонсолони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ривояте роиҷ аст, ки: «Гӯё ин ду гул бародару хоҳар буда, дидори ҳамдигарро боре ҳам надидаанд. Бойчечак хоҳар ва Лола бародар ҳисоб мешудааст. Тибқи мушоҳида ва боварҳои сокинон вақте гули бойчечак мерӯяд, баъди якчанд ҳафта ба пажмурда шудан шурӯъ мекунад ва то вақти сабзидани гули лола аз он асар ҳам намемонад. Бойчечак умри нисбатан кутоҳтар дошта, баъди сабзида баромадан танҳо якчанд ҳафта мезияд. Лола бошад, дертар месабзад. Аз ҳамин хотир, онҳо ҳамдигарро намебинанд. Ҳар соле, Бойчечак ё Лола мерӯидаанд, орзуи ягонаи онҳо мушарраф гардидан ба дидори якдигар будааст».

Дар бовар ба ин ривоят занони куҳансол ҳангоме гули бойчечакро ба даст меоварданд (Ин одатан ҳангоми баргузории маросими гулгардонӣ сурат мегирифт. Ба бонувон аз ҷониби ҷавонписарон гули аввалини баҳорӣ тақдим карда мешуд), онро бо чашму абрӯ молида шукргузорӣ аз Худованд ва ҳаёту зиндагӣ мекардаанд, ки боз ба баҳори нав расиданд. Сипас, гулро дар латтапорае печонида ният мекарданд, ки дар вақти гули лола онҳоро бо ҳам мерасонанд. Воқеан, дар мавсими гули лола бонувон онро дарёфт карда, бо гули хушкшудаи бойчечак ҳамроҳ менамуданд ва бар ин бовар буданд, ки ба ин васила онҳо ба муродашон мерасанд.

Ин анъана, яъне Иди бойчечак ва Гули лола дар замонҳои пеш хеле маъмул буд, баъдтар бо аз хотирҳо зудуда шудани ривояти мазкур ва сари вақт дастрас нагардидани гули бойчечак наслҳои баъдӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Вале метавон қайд кард, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз дар муассисаҳои фарҳангӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин минтақа шакли театронидашудаи бархе расму ойинҳои баҳорӣ, бахусус Иди бойчечак доир карда мешаванд.

Нақлу ривоятҳои мардумӣ ҳамчун анъанаи шифоҳӣ барои боқӣ мондани расму ойинҳои қадимӣ мусоидат менамоянд. Маҳз тавассути қиссаву ривоятҳо ин ё он анъана метавонад асрҳо арзи ҳастӣ карда, муаррифгари фарҳанги халқу миллат бошад.

Носирова Лайло ходими илмии шуъбаи фолклори

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО