Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
26 May 2025
Submitted by Admin
124
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд,
Дили сарбозу мисли ту камин бояд,
Замини ман,
Ки дастони туро хонад.
 

Чунонки суръатҳои баланд, суръати савт, суръати нур ва андозаҳои бузург ҳастанд, дар муҳити Замин камтар ва дар Кайҳон бештар, боз истеҳкоми бузурги ҷисмҳо ҳам ҳаст. Масалан, радифи ситораи Шабоҳанг, ки аз Замин ҳаҷман се баробар бузургтар аст, чунон истеҳкоми сахте дорад, ки ақл бовар намекунад. Истеҳкоми он нисбат ба об 30.000 маротиба бештар буда, барои кашонидани як қуттӣ гӯгирд ҷирми он як мошини боркаш зарур аст. Агар ангуштпонае аз ин ҷирм пур карда шавад, 30 кг вазн хоҳад дошт.

Суханро вазну тамкини замин бояд, –

ин мисраъро хонда ҳис мекунӣ, ки ҳамин гуна истеҳкоми сахт дар сухан ҳам воқеъ мешудааст ва, бешубҳа, шеър ва фақат шеъри олӣ қудрати чунин истеҳкоми сахти суханро дорад.

Истеҳком дар ҳамаи навъҳои ҳунар – меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, мусиқӣ ва шеър аз сифатҳои зотист ва дар ҳар яки онҳо бо роҳҳои гуногун ба даст оварда мешавад. Масалан, худи бунёди ҳайкалтарошӣ, чун ҳунар, бар истеҳком қарор гирифтааст. Чунонки ҳайкалтароши дунявӣ Огюст Роден дар бораи эҷоди яке аз ҳайкалҳояш мегӯяд, ӯ хоросангеро гирифт ва аз он ҳамаи зиёдиашро суда партофт, то ҳайкале эҷод шуд.

Бешубҳа, бо ҳар судани зиёдии хоросанг таносуби маъноиву зебоӣ ва истеҳкоми он меафзуд, то хоросанг ба маҳсули эъҷоз расид.

Муъмин Қаноат ҳам чанд хоросангро аз таърихи пурфоҷиаи набарди дусадрӯзаи Сталинград гирифт ва мувофиқи мақсаду мароми эҷодияш ба ҳадде суд, ки аз онҳо Матвей Путилов, Михаил Паникаху, Аҳмад Турдиев ва чанде дигарон барин пайкарҳои азамат ва мустаҳкаму ҷонфидо падидор гаштанд.

Сурату сирати ин пайкарҳои ҷовид хеле ҳам мутаносиб ва истеҳкоми сахти маънавию ахлоқӣ доранд. Бо вуҷуди он ки ин пайкарҳо хоросангҳои азамат ҳастанд, онҳо сарду сангин нестанд, онҳо зиндаанд, дар ҳар рагу пайванди онон дили гарму меҳрборе метапад. Онҳо бо он қадар ҷасорату бебокӣ ва ба он қадар ба душман даҳшатноку ваҳмангез ва марговар буданашон фарзандони мушфиқу меҳрубон ва нармдили модар, обу хоки Ватан мебошанд.

Таваҷҷуҳ кунед, сурӯши якуми достон аз Замин аст, ки худро гаҳвораи инсон меномад, сурӯши дуюм аз Дарёст, ки он худро духтари замин мехонад ва Дарё – об – равонӣ – ҳама рамзи ҳаёт ва абадият ҳастанд. Сурӯши сеюм аз Маллоҳи Баҳри Сиёҳ аст, ки худро тифли дарё мегӯяд ва дар ҷудоӣ аз дарё хуморашро ба ранги кабуди осмон мешиканад. Сурӯшҳои дигар – аз Матвей, Аҳмад, Робиа, Момои Асал, Модарон – ҳама рамзи ҳаёт ва зиндагианд ва онҳо ҳама бо урдуи марг – вабои фашизм меҷанганд. Аз ин ҷиҳат достон рамзиёти фароху пургунҷоиш дорад, ки дар пайвастагии Замин, Дарё ва Инсон, ки бар муқобили марг бо силоҳи зиндагӣ меҷанганд, зоҳир мешавад.

Ғояи ғолибияти зиндагӣ бар марг дар ҳар боби ин достон баланд садо медиҳад, ки боби шашум, сурӯши Аҳмад Турдиев, яке аз нуқтаҳои авҷи он мебошад, махсусан, ин байтҳо, ки дар онҳо тамоми даҳшату ваҳшонияти саҳнаи ҷанг – бо бомбҳои марговар ва ғурришҳои гӯшкаркунандаи даҳшатангез ба парвоз омадани тайёраҳои душман тасвир мешавад, ки онҳоро як садои тифли навзод, ки тимсоли идомаи ҳаёт аст, мағлуб мекунад.

Сафи тайёраҳо бори бало бар дӯш меояд,

Зи таҳхона нидои зиндагӣ бар гӯш меояд.

Садои тифли навзод ончунон пурҷӯш меояд,

Ки аз фарёди ӯ тайёраҳо хомӯш меояд.

Табиати офаридгор ба инсони ҳаётбахш пайваста аст. Ин ягонагии Инсону Табиат на дар зинаҳои аввали пайдоишаш, балки дар он пояи баланде, ки фалсафаи замон расидааст, яъне чун пайвастагии таърихии онҳо дарк карда мешавад.

Инсон дар ҷанг бо таърихи худ – бо гузашта, ҳозира ва ояндаи худ иштирок мекунад. Шубҳае нест, ки ягон ҷанги беадолат инсонеро, ки барои пуштибонии озодию адолат мубориза мекунад, мағлуб карда наметавонад. Захираи руҳию маънавии ин гуна Инсон аз ҳама гуна андозаҳо бузургтар аст.

Кӯшиши инсон ба адолат ва озодӣ ҷовидонист. Ин чиз дар сурати ҳаракати халқи тоҷик дар достони пуровози «Тоҷикистон – исми ман» суруда шудааст. Ин ҷо ҳам суратҳо (образҳо) фарох, пургунҷоиш ва Модари Замин боз рамзи ҳаёту сабзиш буда, ҳамкори Инсони адолатпеша мебошад ва мегӯяд, ки «ҳар кӣ шамшер мекашад, ӯро шамшер мекушад».

«Тоҷикистон – исми ман» достони оратория, достони минбар, як таърихчаи шоиронаи халқ ва кишвари тоҷик мебошад, ки аз ҳоли танги тоҷикон дар хоку зери хокдон то нақши баланди осмонӣ расидани ин халқ нақш - нақш, пора - пора бо эҳсоси баланд гуфта шудааст. Ҳар пораи ин достон бо ҳуввияти баланди миллиаш арзишмандии волое дорад.

Ҳар дуи ин достон ҳамдигарро пурра карда, баландтар садо дода, дар дилҳои умум танин андохтанд, ки соли 1977 ба гирифтани Ҷоизаи давлатии ИҶШ ноил гаштанд. Имрӯз шоири ин достонҳо Муъмин Қаноат яке аз шоирони машҳурест ва танине, ки аз истеҳкоми сахти маънию сухани ӯ бармеояд, танини садои қаҳрамонии халқ ва фирӯзии Ҳаёт буда, ҳамешагӣ дар гӯшҳо садо хоҳад дод.

Ба ин навишта боз як ғазалеро, ки дар бузургдошти устод аст, илова мекунам.

ШОҲРОҲИ НАНГ Ё ДЕВОРИ САНГ

Эҳдо ба устод Муъмин Қаноат

Хоб дидам, ба савории қашанг

Бинишаста ману ту танготанг,

Боз аз ҷумлаи мо, як-ду нафар,

Банди номусу писархондаи нанг,

Он қадар тунду парон мерафтем,

Ҳар кӣ медид, ҳамекандаш ҳанг.

Сад карат тезтар аз суръати тир,

Аз камоне, ки кашиданд таранг.

Ҳар чӣ будӣ ду тараф, чархзанон

Чарх мерафт ҳамоно чун чанг.

Ҳама парвозу шитобу суръат,

Номе аз ист набудиву диранг.

Лек ногоҳ фуруд омад меҳ,

Пеши раҳ парда зада сад фарсанг.

Ғарқи худ сохт ҷаҳони равшан,

Баста шуд мадди назар, дилҳо танг.

Чашм дар қулзуми меҳ меғӯтид,

Гӯш мезад зи дави мошин занг.

Мепаридем вале мо чу садо,

Гаҳ ману гоҳ ту фармон дар чанг.

Ҷони бинанда ба мо меларзид,

Ҳар қадар буд инонтозу заранг.

Гуфтам, эй ҷон, дигар асло набувад,

Ки кунӣ суръати пасте оҳанг.

Ҳар чӣ пеш аст, ҳамон қисмати мост,

Суръат афзой, намебояд ланг.

Он чӣ мо хоста – шаҳроҳе нанг,

Он чӣ он хоста – деворе санг.

 

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО