09 Sep 2024
Submitted by Admin
92

Истиқлоли давлатӣ, ки дар бораи бадастории он халқи Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми ҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Ин вобаста ба он аст, ки баъди давлати Сомониён танҳо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам сохт, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.

Заминаҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои кишвару миллати тамаддунофари мо, барои мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд. Аммо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав бадастории соҳибистиқлолӣ моро ба ин бузургтарин неъмати давлатдорӣ расонид, зеро “Решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!».

Мо дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин, ҳифз, таҳким ва равшан сохтани дурнамои Истиқлолияти давлатӣ аз фишангу воситаҳо ва механизмҳои гуногуни аз ҷиҳати илмӣ асоснок истифода намудем. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз нигоҳи мо, маҳз дар иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон, баъди ба ҳайси Сарвари давлат - Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин воситаю механизмҳо ба таври мушаххас муайян карда шуда, раванди воқеии таъмини соҳибихтиёрию истиқлолияти давлатиии Тоҷикистон шуруъ гардид. Каме дертар бошад, масъулияти бузурги таърихиро бар дӯш гирифта, Сарвари давлат дар муроҷиатномаи худ ба халқи кишвар аз 12 декабри соли 1992 барномаи хеле мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ берун овардани Тоҷикистон ва таъмини истиқлолияти давлатиро пешниҳод сохт, ки дар таърихи навини халқи тоҷик ба ҳайси як санади сарнавиштсоз хизмат намуд. Минбаъд низ, тамоми саъю кӯшишҳои Пешвои миллат, фаъолияти сиёсиашон чун Сарвари давлат танҳо ба таъмини соҳибистиқлолии Тоҷикистон нигаронида шуда буданд. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои муаззами мо барҳақ таъкид доштаанд, ки “Имрӯз бо сари баланд метавонем бигӯем, ки тамоми корҳоро танҳо ба хотири таҳким ва устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом додем”.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли он арҷгузорӣ намуда, имрӯз ҳамасола 9 сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хосса хурду бузург, зану мард онро ҷашн мегиранд. Ин нишонаи он аст, ки соҳибихтиёрӣ, яъне ба дасти худ гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби миллати унвонӣ – тоҷикон, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун танзими мустақилонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони кишвар новобаста аз баромади этникияшон дар Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, онҳо ҳамчун шаклҳои олии зуҳури озодӣ, ки барои инсон бузургтарин неъмати табиӣ ба ҳисоб меравад, қадрдонӣ карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар илми муосир, дар даврони ҷаҳонишавӣ мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби як қатор муҳаққиқон ҳамчун падидаҳои нисбӣ арзёбӣ карда шуда, онҳо мавҷудияти истиқлолияти давлатҳоро дар шакли комил имконнопазир медонанд.

Аммо ҳақ бар ҷониби онҳоест, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро на танҳо ҳамчун мафҳум, балки ҳамчун ҳолати давлатдорӣ барои муддатҳои тулонӣ барои кулли инсоният амри зарурӣ медонанд ва зикр мекунанд, ки онҳо барои миллиардҳо одамони муқаррариву аксари сиёсатмадорон дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ҳамчун ахтари роҳнамо садсолаҳои дигар низ хизмат хоҳанд кард.

Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро ҳамчун арзишҳои абадии башарият ва ҳадафи волотарин барои давлатҳои муосири миллӣ, хусусан барои Тоҷикистони азиз арзёбӣ намуда, таманнои он мекунем, ки кишвари биҳиштосои мо ҷовидона озоду обод, мустақилу соҳибихтиёр бошад ва сокинони он ҳамеша хушбахту саодатманд монда, барои хизмат ба чунин Ватани беназир ҳар лаҳзаву ҳар соат камари ҳиммат баста бошанд.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт- президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ

https://www.facebook.com/groups/amit.tj/posts/3785043828430299/

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО