07 Mar 2024
Submitted by Admin
856

Маросими издивоҷ ва ақди никоҳ дар миёни ақвоми гуногуни олам як амри муқаддас ба ҳисоб рафта ба тариқи хосса анҷом мешудааст. Ойинҳо ва суннатҳои ин маросими муқаддас низ бисёр ҷолиб ва қобили таҳқиқу пажуҳиш мебошанд. Дар миёни ақвоми ориёӣ ҳам маросими издивоҷ ва ақди никоҳ тибқи расму ойинҳои вижа сурат мегирфтааст. Паймонномаҳои ақди никоҳ, ки аз даврони бостон ба дасти мо расидаанд, барои ошкор кардани вижагиҳои ин маросим санади муътабаре ба ҳисоб мераванд. Омӯзиши ин аснод ва паймонномаҳо равзанаи тозаеро дар боби мақоми марду зан дар ҷомеаҳои қадимро равшан хоҳад кард.

Паймонномаҳои издивоҷ дар миёни ақвоми ориёӣ роиҷ буда, намунаи чанде аз онҳо ба забонҳои форсии миёна, суғдиву бохтарӣ то замони мо боқӣ мондааст ва ин суннат аз даврони Ҳахоманишиҳо сарчашма мегирад. Ногуфта намонад, ин гуна паймонномаҳо, ки аз ҳуқуқи занҳо дар баробари мардҳо расман ҳимоят мекард, дар қонунгузории ҷаҳони мутамаддини Ғарб дар авохири қарни ХIХ (брачный контракт, marriage сontracts) пайдо шудаанд. Дар Тоҷикистон ҳангоми издивоҷ илова бар никоҳи суннатӣ, тибқи моддаи 3 Қонуни ҶТ дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ издивоҷ расман дар асноди ҳуқуқӣ – шаҳодатномаи ақди никоҳи навхонадорон сабт мегардад.

Ҳадаф аз ин паймонномаҳо ҳифзи ҳуқуқи тарафайн буд. Паймонномаҳои шаҳрвандон маъмулан дар шакли хаттӣ ва ақди динӣ ба таври шифоҳӣ анҷом мешуд. Дар ин паймонномаҳо масъалаи вазоифи мард, ҳаққи мерос, ҳуқуқи тарафайн ва шартҳои талоқ сабт шудааст. Дар паймонномаи суғдӣ зан ҳаққи талоқ талаб карданро аз шавҳар дошта, молики амволи шавҳар буда, ҳангоми ҷудо шудан ба ними амволи шавҳар ҳақ дошт. Ҳамчунин дар ин паймонномаҳо аз мамнуъ будани бисёрзанӣ сухан меравад. Дар санади дигари суғдӣ, ки исми кафолатномаи арус (vuδkarnē ət nāmē- “bride’s document”)-ро дорад, домод вазоифи худро ба зимма гирифта, ба сарвари хонаводаи арус онро месупорад.

Қарордоди издивоҷ ба фарҳанги хоси ҷомеа вобаста аст, аз ин рӯ дар бархе аз кишварҳо бо таклифи тарафайн қарордод ё шартнома баста мешавад. Чунин қарордод дар фарҳанги мо қидмати наздики дуҳазорсола дорад. Шартнома ё қарордоди издивоҷро дар забони форсии миёна peymān ī zanīh (-mēragīh) (peymān – алоқа, тавофуқ; mā – чен кардан; zanīh – “зан” + пасванди сифатсози īh, занӣ; mēragīh- “марди ҷавон”, шавҳарӣ) – “паймони заношуӣ” мегуфтанд. Шаҳодатномаи ақди никоҳро ба забони суғдӣ vuδ-karne (vuδ- “зан”, karne – “санад, царордод”) ва ба бохтарӣ oλoßωσoזּγo (oλo – “зан”, ßωσoזּγo – “санад) ва ба форсии миёна peyvan-nāmag (peyvan- “аҳд, паймон, пайванд”, nāmag – санад, нома) ном мебурданд ва ин истилоҳот баёнгари онанд, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ «шартномаи никоҳ» бояд дар шакли мактуб, яъне хаттӣ бошад.

Муҳтавои се паймонномаи заношӯӣ ба забонҳои ориёӣ-эронии мансуб ба ҳазорсолаи якуми мелодӣ то замони мо расидаанд: 1) матни паймоннома ба забони бохтарӣ, асри IV аз Бохтар; 2) матне аз ашрофони Самарқанд аз кӯҳи Муғ дар Тоҷикистон ба забони суғдӣ аз ибтидои асри VIII, ки аз паймонномаи издивоҷ ҳамроҳ бо номаи кафолат ё замонат иборат аст; 3) ду намунаи паймонномаи издивоҷ аз порсии миёна: яке дар Порс ва дигаре дар Ҳинд тартиб дода шудаанд, ки бозгӯйи куниши нек аз дини беҳӣ дар замони Сосониён аст.

Тавре мебинем, дар асрҳои миёна ин маросими шаҳрвандӣ, илова ба никоҳ, ки шифоҳӣ анҷом мешуд, ҳифзи ҳуқуқи зану шавҳарро ба таври хаттӣ низ сабт менамуданд.

Илова ба «паймонномаи заношӯӣ” лозим буд, маросими динӣ бо хондани матнҳои дуои неки afrihuana – “ситоиш, раҳмат, таҳсин” тариқи шифоҳӣ анҷом мешуд. Як матни дуо ба забони суғдӣ дар Туркистони Чин пайдо шудааст, ки монанди матнҳои маросимҳои туйи порсиён Afrin ī Vazurgān – “Ситоиши бузургон” хонда мешуд.

Анъанаи қарордоднависӣ дар байни ақвоми ориёитабор эҳтимолан аз даврони Ҳахоманишиҳо ба роҳ монда шуда буд. Барои бастани аҳдномаи издивоҷ мебоист чанд марҳилаи бобарорро тай кард: иддаои издивоҷ, бастани ақди никоҳ ва ғайра. Масъалаҳои ҳадяи ақди никоҳ, маҳр, талоқ, ҳуқуқи мерос мебоист то қабули санади ниҳоӣ ҳаллу фасл шаванд, зеро онҳо қисмҳои қонуни хонавода дар ҷаҳони порсӣ-ориёӣ мебошанд.

Ҳамсари оянда, ба хостгорӣ барои муаррифии худ бо падар ё аъзои бузургсоли хонаводааш ба хонаи духтар рафта, аз солораш хостори духтараш мешавад. Маросими хостгорӣ тартиби муайян дошт, ки ин маросимро дар нисбати падари домод duxtaganih (духтарганиҳ) – “ба духтарӣ қабул кардан”, дар нисбати домод zanih (заниҳ) – “ба занӣ қабул кардан” меномиданд. Аз матнҳои суғдиву форсии миёна бармеояд, ки домод бевосита ба духтар на, балки ба падари ӯ муроҷиат мекард. Аз матни бохтарӣ бармеояд, ки тартиби хостгорӣ дигар буд: ҷавонмард бидуни муроҷиат ба падар ё ҳомии духтар нияти издивоҷашро ба духтар иброз медорад.

Дар санади суғдӣ шартҳои бекор кардани қарордод омадааст. Мувофиқи қарордод зану шавҳар барои бекор кардани ақд ҳуқуқи баробар доранд ва ду банди алоҳидаи санад иқдоми тарафайнро дар бар мегирад. Тибқи асноди суғдӣ мард метавонад танҳо як зан бигирад ва расман зани дувум гирифтан ҳақ надорад. Пас аз издивоҷ духтар kadagbānūg– “кадбону”, сарвари хонавода ҳисобида мешавад. Дар матнҳои форсии миёна, суғдӣ ва бохтарӣ пас аз издивоҷ зани расмӣ чунин унвон (-и подшоҳзан) дошт: zan ī padixšā, pātəxšāvən vaδu, ϕινξο ϕρομανζο.

Ин намуди бастани қарордод аз нигоҳи ҳуқуқӣ комилан дуруст аст, зану шавҳар меросбари ҳамдигар буда, фарзандон ҳуқуқи моликияти волидайни худро ба мерос гирифтан доранд ва писарон вориси қонунии падар мешаванд.

Мутобиқи матни форсии миёна дар padixšāyīhā-zanīh (падихшай-заниҳ) вазифаҳои мард навишта шудааст: занро бо зиндагии шоиста ва осуда таъмин намудан; иҷозати истифодаи молу мулки мард ба зан; мард нисфи моликияташро пешакӣ, ҳангоми хонадорӣ ва дар сурати пошхӯрии хонавода нисфи дигари онро бояд диҳад. Маблағи туҳфа бо ризояти арӯс таъйин шуда, онро kābēn (кобин) – “маҳр” гӯянд.

Дар форсии миёна намунае аз паймонномаи заношӯӣ – “peymān ī zanih” (паймони заниҳ) дар 11 банд мавҷуд аст. Ин матн намунаи хуби аҳдномаи никоҳии замони Сосониён буда, истилоҳоти он комилан бо истилоҳоти «Занд»-и Авесто мувофиқат мекунад. Шартномаи издивоҷи форсии миёнаро Ҷомоспҷӣ Минучеҳерҷӣ Ҷамасп-Асана (Бомбай, 1913) таҳрир кардааст, ки чунин оғоз меёбад: “Моҳи Ваҳмани соли 627 пас аз 20 сол шоҳ Яздигурд, шоҳи шоҳон, писари Шаҳриёр, набераи ӯ Апарвези Хусрав, шоҳи шоҳон, писари Ҳурмузд, дар оғози моҳи Меҳр (23.09-21.10), вақте ки одамони хуб маросими арусиро ҳамроҳӣ мекарданд, баргузории маросиме барои пайванд шудан, маросими бунёди хонавода (pādixšāyīhā-zanih) бо марде ваҳуман (яке аз амшоспандон, фалонӣ) писари фалонӣ.... мебошад, ки дар ноҳияи ...., қишлоқи... зиндагӣ мекунад бо духтаре..., ки солориаш.... аст, ки дар ҳамон қишлоқ зиндагӣ мекунад...”.

Дар маросими ақди никоҳ суханони домод низ дар нома сабт мешудааст: "Дар тули умри худ ӯро дӯст медорам ва ӯро ҳамчун бонуи хона қабул мекунам, хуб нигоҳдориаш мекунам ва ӯро бо ғизо, либос таъмин мекунам ва ҳамчун шавҳар солораш мешавам, то он даме ки вақт иҷозат медиҳад (ба ман) ва фарзандонеро, ки вай ба дунё меорад, фарзандони худам медонам... Ва аз ин ба баъд аз он чизе, ки ба ихтиёри ман ва моликияти ман хоҳад расид, ки ман ҳақ дорам, онро бидиҳам, ман нисф аз онро дар ҳолати тақсимнашуда ба ӯ мерасонам; ва ман ба духтари фалонӣ, ҳуқуқи пурраи саҳмияи гуфташударо медиҳам, чунон ки ҳар вақт ӯ ё касе дигар аз ворисон, онро ба хотири вай талаб мекунад, ман онро ба ӯ (ё, ба он шахс) бекамбуд (ё бе узр) месупорам ва таъхир намекунам ё беэътиноӣ нисбат ба он зоҳир намекунам". Сипас зани номбурда, духтари фалонӣ, ин саҳмияро ба ҷои 3 000 дирҳам ҳамчун кафолат қабул кард ва бо он розӣ буд”. Санад бо зикри номи волидайни домоду арус таъйид ва муҳр мешавад.

Дар робита ба санади қарордоди издивоҷ ду матн аз забони суғдӣ маҳфуз аст: яке vuδkarnē (вузкарне) – “паймонномаи заношӯӣ” ва vuδkarnē ət nāmē (вузкарне ет нома) – кафолатномаи арус, ки чунин аст:

“Ин санад дар соли 10-уми шоҳигарии шоҳ Тархун буд, дар моҳи Масбуғес, дар рӯзе, ки Асмон Рус (27-ум рӯзи моҳи суғдиён), Оттегин (домод), ки лақабаш Нилан аст, арусро бо номи Деғутғунҷ бо лақаби Чата, ки духтари Виюс аз авлоди Чер пури Ванханак, шоҳи Навекас буд, гирифт.

Ва Чер ба ӯ васият кард, ки (зан) зери васий, мувофиқи қонуни шартнома, Оттегин Чатаро ҳамчун арӯси азиз бо ғизо, сару либос, зару зевар таъмин намуда, бо эҳтиром ба ӯ муносибат мекунад ва агар бо эҳтирому муҳаббат вақти гирифтани ӯ дар хонааш бо ӯ ҳамчун бо зани қонунӣ муносибат кунад, мисли марди шариф, ки бо зани шариф муносибат дошта бошад.

Ва ҳамин тавр, Чата бо Оттегин ҳамчун шавҳари азиз муносибат хоҳад кард ва ӯро лозим аст, ки барои роҳатии ӯ шароит фароҳам оварад ва ба фармонҳои ӯ бо диққати ҷиддӣ гӯш диҳад, зеро вазифаи зани шариф бо мард - шавҳари шариф ба ҳамин равиш муносибат кардан аст.

Аммо агар Оттегин, дар сурате ки Чатаро талоқ надода, зани дигар (қонунӣ) ё каниз (ҳамчун маъшуқа) бигирад, ки ба Чата писанд наояд, пас аз шавҳар Оттегин талаб карда мешавад, ки 30 тангаи бисёр холис - драхма, навъе аз динор, ҳамчун ҷарима ба занаш –Чата худ пардохт мекунад ва ӯ он занро ҳамчун зан ё ҳамчун хизматгор ғамхорӣ намекунад, балки ӯро тарк мекунад.

Аммо агар Оттегин қарор кунад, ки Чатаро ҳамчун зани худ нигоҳ намедорад, балки ӯро тарк мекунад, пас вайро бе пардохти ҳаққи амволи меросӣ, амволи (шахсан) ба даст овардааш, аз даромади ба даст овардааш озод мекунад, сипас вай (Оттегин) метавонад занеро, ки ба ӯ писанд аст, ба занӣ гирад.

Ва агар Чата қарор кунад, ки вай бо Оттегин ҳамчун зан намеистад, балки аз ӯ рӯй мегардонад (ё меравад), дар ин сурат чизу чораву зару зевар ва ҳамаи чизҳое, ки вай аз Оттегин туҳфа гирифтааст, намегирад. Вай танҳо чизу чораи аз падар меросгирифтаашро бо худ мегирад, лекин дар ин сурат Чата чизеро ҷуброн намекунад, сипас Чата метавонад марди дилхоҳашро ба шавҳарӣ қабул кунад.

Ва агар Оттегин ҷинояте содир кунад ё бадие кунад, бояд (масъулиятро) бар дӯш гирад ва худаш онро ҷуброн намояд.

Ва агар Оттегинро касе ғулом ё асир кунад, дар ин сурат Чатa метавонад бе ягон шарт озод шавад.

Ва агар Чата гуноҳе кунад ё кори баде кунад, бояд онро ҳатман худаш ҷуброн кунад. Агар Чата аз тарафи касе каниз шавад ё асир шавад, Оттегин метавонад ӯро бе пардохти ҳақ талоқ диҳад.

Ҳамин тавр, ҳеҷ кас гуноҳи дигареро бар дӯш намегирад ва онро ҷуброн намекунад.

Ва ин шартномаи никоҳ дар ҳузури сардор Ваҳушукан, писари Бархуман тартиб дода шудааст.

Дар он ҷо ҳузур доштанд: Скатч пури Шешч ва Чахрен пури Рамеч ва Шав пури Махак.

Нома аз ҷониби Рамтиш пури Эхушфарн навишта шудааст.

Дар зер оварда шудааст: паймонномаи заношӯии Оттегин ва Чата”

Кафолатнома

“Ин санад дар соли 10-уми шоҳигарии шоҳ Тархун (ба имзо расид), дар моҳи Масбуғес, дар рӯзи Асмон Рус (27-ум рӯзи моҳи суғдиён).

Аз ҷониби Оттегин, лақабаш Нилан пури Хухуш аст, ба ҷаноби Навекат, Чер пури Венханак ва ба писарону хонаводаи ӯ:

“Ҷаноб, ман аз шумо, Деғутғунҷ бо лақаби Чата, ки духтари Виюс аст, ба кадбонугӣ (занӣ) қабул кардам.

Ва баъд аз он ба Шумо - Чер ман ваъда ва кафолат медиҳам, ки аз имрӯз ва минбаъд то абад, то даме, ки Чата бо ман ҳамчун зан боқӣ хоҳад монд, ҷаноб, ман савганд ба номи Худои Митра мехурам, ки ман ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро намефурӯшам, ба гарав намемонам ва бо ӯ ҳамчун бо каниз ё ҳамчун зани таҳқиршуда муносибат намекунам.

Аммо агар касе аз ҷониби ман (хешовандонам) ё аз ҷониби душманонам ӯро аз ман бигирад ё ҳамчун каниз ё хизматгор қарор диҳад, дар ин сурат ман зуд ӯро бе расонидани ягон осеб, ё зарари ҷисмонӣ озод мекунам.

Ва инчунин, агар Чата мондан бо манро рад кунад ё ман ӯро талоқ диҳам, ман ӯро ба шумо ва писарони шумо ва хонаводаи шумо ҷаноб Чер сиҳҳату саломат ва бе ягон зарари ҷисмонӣ расонидан ба Шумо бармегардонам.

Ва агар ба дасти шумо ӯро сиҳату саломат насупорам, ман вазифадорам ба шумо 100 драхмаи нуқра (динори холиси нуқрагин) бидиҳам.

Ва то он даме, ки ман онро пардохт менамоям, ман бояд фоидаи худро ба андозаи 12 то 10 % фоизи онро нигаҳ дорам”.

Ва Оттегин бо писарон ва хонаводааш, ки расман номгузорӣ шудааст, аз Чер ва писарон ва хонаводааш, Зипак, бо лақаби ӯ Нивозак пури Бурз вазифадор мешавад, ки 100 драхмаро бо фоиз аз Чер ва хонаводаашон бар ивази баргадонидани зан бидуни ҳеҷ зарари ҷисмонӣ ситонад.

Ва ин ҳуҷҷат қобили эътимоду эътибор ва қонунӣ барои ҳама аст. Ва ин шартномаи никоҳ дар ҳузури сардор Ваҳушукан, писари Бархуман тартиб дода шудааст.

Дар он ҷо ҳузур доштанд: Скатч пури Шешч ва Чакушак пури Зонес ва Чахрен пури Рамеч.

Онро Рамтиш писари Хушфарн, бо фармони Оттегин, ба иҷозати он (ҳамин Оттегин) навиштааст.

Нома аз ҷониби Рамтиш пури Эхушфарн навишта шудааст.

Бо супориш ва иҷозати худи Оттегин.

Санади Чaта” (Матнҳои суғдӣ ва форсии миёна баргирифта аз китоби Raham Asha. Marriage Contracts, 2021).

Фарҳанги бостонии ниёгони мо шоистаи таҳсину офарин аст, зеро он дар доираи қавонини гуманизми башарӣ амал мекард, агар чунин намебуд, суннатҳои мардуми мо тули қарнҳо устувору ҳифз намешуд. Месазад ин фарҳанги ғаниву шуҳратёфтаро омӯхту дар рӯзгори имрӯз ҳамчун таҷрибаи бани башар ва мероси ниёгон истифода ва татбиқ кард.

 

Шарифзода Фарангис Худоӣ

директори Институти забон ва адабиёти

ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО