16 Apr 2026
Submitted by Admin
14

Миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки фарзанди барӯманд ва абармарди ӯ – С.Айнӣ, тамоми ҳаёти худро дар роҳи мубориза бо силоҳи равшанфикрӣ ва худшиносии миллӣ баҳри исботи мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик бахшида, мардуми тоҷикро ҳамчун қавми муаззам на танҳо муаррифӣ, балки аз қувваҳои мухолифини замон, пантуркистону туркпарастон, панузбакон ва шарқшиносони рус ҳифз кард. С.Айнӣ бо бисёр мақолаҳои оташбор ва асарҳои илмиву адабӣ аҷдоди тоҷикон ва фарҳанги баланди бостонии онҳоро бо муҳимтарин арқому далел ва назарияи таърихии хеш ба ҳамагон нишон дод. Гузашта аз ин, мазмуну муҳтавои асарҳои С.Айнӣ воқеият дошта, ҳофизаи таърихии миллатро дар давраи пурвусъати замон тақвият бахшиданд. Дар натиҷаи талошу пайкорҳои пайвастаи ӯ дар сарнавишти мардуми тоҷик саҳифаи тоза боз гашта, ба онҳо муяссар шуд, ки дар асоси мероси бостонии фарҳангӣ дар ҷомеаи нав соҳиби давлат гарданд ва ба сӯи ояндаи неку пирӯз устувор қадам зананд.

Саҳми С.Айнӣ барои тоҷикон, хусусан дар замони ба сари қудрат омадани пантуркистҳо муҳим ва тақдирсоз буд, ки ҳақиқати таърихро ба дасисаҳои онҳо зид гузошта, «барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоъиву сиёсии рӯз» ба кор бурд. Баъд аз Инқилоби Октябр пантуркистҳо, ки ба «инкори қавме бо номи тоҷик дар сарзамини Осиёи Миёна, ки Туркистонаш мехонанд» оғоз карданд, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и (1926) С.Айнӣ бо супориши сарвари аввалини ҳукумати Тоҷикистон Абдулқодир Муҳиддинов таълиф шуда, ҳамчун ҳуҷҷате ба ном шиноснома, дар сарнавишти мардуми тоҷик нақши калидӣ бозид.

Рисолати бузурги С.Айниро дар замони душвор Ҳасани Султон таъкид карда, чунин нуқтаи назарро баён мекунад: «Нахустин иқдоми бузурги ӯ (устод С.Айнӣ – Ҳ.Х.) дар ин замина тадвини китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» буд, ки соли 1926 дар Маскав ба нашр расид ва мавҷудияти миллати бостонии тоҷик ва забону адабиёти бештар аз ҳазорсолаи он дар Осиёи Миёна хабар дод. Ҳарчанд бо тавтиаву буҳтони сохта ба душманони забону миллат муяссар гардид, ки соли 1930 ин китобро аз дасти мардум ва дукону китобфурӯшиҳо барчида, туъмаи оташ созанд, вай рисолати худро муваффақона иҷро кард... » [8, с.150-151].

Бояд гуфт, ки тартибу гирд овардани чунин як китоб дар замони мавҷуд будани фишори бадхоҳони сиёсӣ як қаҳрамоние буд. Талошҳои душманонаи пантуркистҳо бар зидди халқи тоҷик барои аз байн бурдани «Намунаи адабиёти тоҷик» бе натиҷа мемонад, агарчи соли 1930 ин китобро манъ карда, аз дукону китобхонаҳо чида оташ мезаданд, вале билохира, бо мададу дастгирии адибони Маскав «Намунаи адабиёти тоҷик» умри дубора мебинад.

Ба ақидаи А. Набавӣ «Намуна» танҳо китоби илмӣ ва адабӣ ва ё санаде барои ради инкоргариҳои туркгароҳо нест, балки даъвое дар муқобили сиёсати нодуруст ва ноодилона дар бораи инкор кардани аслу насаби мардуми тоҷик ва ҳуҷҷати қотеъ дар исботи ин ҳақиқати бебаҳс, вале фаромӯшудаест, ки маҳз тоҷикон бояд бо таърихи ҳазорсолаву фарҳанг ва забону адабиёти бузург дар байни мардумони Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар ҳуқуқи ташкили давлати миллиро дошта бошад. Ба ин маънӣ ба майдон омадани асари устод «Намуна» ба як амали огоҳонаи сиёсии миллатхоҳона ва ватандӯстонае табдил меёбад» [7, с.113]. Бинобар он метавон гуфт, ки китоби мазкур бар зидди иғвоҳои пантуркистҳо дар инкор кардан, «забонгумкарда ва ӯзбак» номидани мардуми тоҷик дар он замон аҳаммияти бузурги таърихию сиёсӣ дошт.

Дарвоқеъ, дар ибтидо «Намунаи адабиёти тоҷик» дар роҳи муборизаи таърихи миллат, соҳиби забони адабӣ ва фарҳанги баланди бостонӣ будани халқи тоҷик дар миёни ақидаҳои нодурусти шарқшиносони рус ихтилоф андохт, ки он то солҳои 1928-1930 шиддат ёфта, хавфи аз таърих ва мероси фарҳангӣ маҳрум шудани тоҷиконро ба миён овард. Дар конференсияҳое, ки дар шаҳрҳои Тошканд (1928), Самарқанд (1930) ва Сталинобод (1930) баргузор шуданд, бар зидди ақидаҳои шарқшиносони рус, ки соҳибзабон ва дорои мероси ҳазорсолаи фарҳангӣ будани халқи тоҷикро инкор мекарданд, С.Айнӣ бо суханҳои оташин баҳсу мунозира карда, ҳатто бо профессор Андреев «даст ба гиребон шуда» ҷанг ҳам кардаанд.

С.Айнӣ дар нигоштаҳои илмӣ ва мунозираҳои шарқшиносони рус исбот кард, ки «забони адабии форсии ҷадид дар Осиёи Миёна ташаккул ёфта ва ба воя расида, баъд аз он, ба Эрон паҳн шудааст» [3, с.426]. Муборизаи таърихии С.Айнӣ дар масъалаи мероси адабии миллатҳо, мероси адабии халқи тоҷик аз ду нуқтаи муҳим: нуқтаи таърихӣ ва ҳақиқати забонӣ дар асоси назарияи илмии ӯ ба исбот расид. Ҳуқуқи тоҷиконро ба мероси фарҳангӣ С.Айнӣ бо роҳи илмӣ собит сохт, ки эрониён осори миллии худро, аз он ҷумла забонро, ки паҳлавӣ буд, баъд аз истилои арабҳо аз даст дода, забони паҳлавӣ танҳо дар миёни эрониёне боқӣ монд, ки исломро қабул накарда буданд ва имрӯз ин гурӯҳ эрониён бо номи «габр» зиндагонӣ карда, забони паҳлавиро дар гуфтугӯи хонаводагӣ ба кор мебаранд. Аммо истодагарии мовароуннаҳриҳою бухороиҳо дар муқобили арабҳо забони онҳоро нигоҳ дошт. Хусусан, исёнҳои дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ба муқобили арабҳо рӯй дода, ки ба он Абӯмуслим, Муқаннаъ, Гурдаки (паҳлавонаки) Ғиҷдувонӣ, Рофеъ ибни Лайси Самарқандӣ сардорӣ мекарданд, забони адабии тоҷик дар истилоҳи илмӣ «форсии ҷадид» номида шуда, дар асоси забони суғдӣ дар Бухоро, Самарқанд, Фарғона, кӯҳистони Фалғару Мастҷоҳ, луғатҳои забони Хоразм, забони дарӣ дар Хуросони шарқӣ, дар Чағониён, Тирмиз, Ҳисор, Хатлон ва кӯҳистони тоҷикнишин ба вуҷуд омад. Забони «форсии ҷадид» дар давраи Сомониён забони расмии давлат шуда ва дар осори аҳли шуарои бузург инкишоф ёфта, тадриҷан дар Эрон густариш меёбад. Маҳз дар асоси забони «форсии ҷадид»-и тоҷикон эрониён соҳиби забон шудаанд, ки С.Айнӣ суханони олими шарқшиноси муосири Эрон Саид Нафисиро, ки дар китоби дуҷилдаи ба Рӯдакӣ таълифнамудаи худ навиштааст, мазмунан ҳамчун далел чунин оварданд: «Мо эрониён дар сояи исёни Абӯмуслим, Муқаннаъ ва дигарҳо, дар сояи ташкил ёфтани давлати Сомониён ва дар сояи шоирони онзамонии Мовароуннаҳр ба сифати як миллат соҳиби забон шуда, дар рӯи дунё зинда мондем. Агар он исёнҳо ва он ташаббуси мовароуннаҳриҳо намебуд, имрӯз Эрон ҳам мисли Миср як мамлакати арабшуда, мо эрониҳо ҷам монанди мисриён араб мегардидем» [3, с.426].

Метавон гуфт, ки назари илмии С.Айнӣ собит сохт, ки саҳми аҷдоди тоҷикони кунунӣ дар шаклгирии забони форсии дарӣ ва адабиёти форсии нав ва ба монанди мисриён араб нагардидани эрониён бениҳоят бузург мебошад. Баҳсҳо дар масъалаи адабиёти форсу тоҷик ё ин ки адабиёти тоҷику форс миёни шарқшиносони рус, аз он ҷумла Бертерлс ва Брагинский сурат гирифта, устод С.Айнӣ мероси адабии халқи тоҷикро чунин асоснок карданд: «шоирони гузаштаи Осиёи Миёна ва Хуросон бе шакку шубҳа, аз они моанд: Саъдӣ, Ҳофиз ва Бедил барин касонро низ мо аз они худ мешуморем, чунки забони онҳоро (Саъдиву Ҳофизро) оммаи тоҷикон мефаҳманд. Услуби Бедил ҳарчанд душвор аст, аммо луғатҳое, ки ӯ кор фармудааст, ҳамагӣ имрӯз дар байни тоҷикон зиндааст. Бинобар ин, Бедил ҳам аз они мо аст» [3, с.428].

Дар шинохти халқи тоҷик саҳми шарқшиноси барҷастаи рус, филолог-эроншинос, забоншинос Алексадр Арнолдович Фрейман (1884-1968) низ муҳим буд, ки С.Айнӣ аз ӯ ба некӣ ёд карда, дар маҷлиси Академияи фанҳо, профессор А.А. Фрейман дар мазуи таърихи адабиёт ва санъати тоҷикон дар ҳудуди якуним соат суханронӣ намудани ӯро чунин зикр намуданд: «Ӯ сухани худро аз Авасто сар карда, намунаҳои назмҳо ва насрҳо оварда, онҳоро бо асарҳои Фирдавсӣ муқоиса кардааст ва ҳамаи онҳоро бо намунаҳои шеърҳои халқии тоҷик андоза карда, нишон додааст ва исбот намудааст, ки ҳамаи онҳо аз они халқи тоҷик аст, инчунин дар бораи забон ва осори суғдӣ муфассал гап задааст ва инчунин дар бораи осор ва забони қадимии Хоразм гап зада, гуфтааст, ки ҳоло баъзеҳо мехоҳанд осори Хоразми қадимро аз они ӯзбекон кунанд, аммо дар ҳақиқат, ҳамаи онҳо моли тоҷикон аст» [3, с.447-448].

Ҳамин тавр, С.Айнӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ ва далелҳои раднашаванда, бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» мавҷудияти халқи тоҷик ва забону адабиёти онро собит карда, сарнавишти таърихии миллати худро тақдир кард. «Намунаи адабиёти тоҷик» ба се қисмат ҷудо карда шуда, маълумоти аҳли шуаро ва носирони мероси ҳазорсолаи форсу тоҷикро дар бар мегирад: қисми аввал аз 300 то 1200 ҳиҷрӣ, қисми дувум аз 1200 то 1343 ҳиҷрӣ (аз аҳди Умархон – волии Хӯқанд ва амир Ҳайдари бухороӣ шуруъ карда шудааст) ва қисми савум солҳои 1905-1917 мелодӣ ҳиссаи аввал ва то 1925 мелодӣ ҳиссаи дувуми намунаи адабиёти нави тоҷикро дар бар мегирад.

Инак, китоби тазкиравии «Намунаи адабиёти тоҷик» яке аз қаҳрамониҳои устод С.Айнист, ки бо таълифи он мавҷудияти миллати тоҷик ва соҳиби забону адабиёти қадим будани онҳо ҳуҷҷати қотеъ, яъне раднашаванда мебошад. Воқеан бешубҳа, ба ақидаи А. Маҳмадаминов, шоҳасари устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» барои миллати дорои таърихи қадима ва мутамаддини тоҷик китоби сарнавиштсоз буда, дар фонди тиллоии таърихи адабу фарҳанги тоҷик мақоми бузурге дорад. Ин асар аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ, сиёсӣ, адабию фарҳангӣ, миллӣ ва маърифатию тарбиявӣ дошта, барҳақ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст [4, с. 83].

Дар сарсухани китоб С.Айнӣ дар бораи забону адабиёти тоҷик чунин изҳори ақида менамояд: «Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳею амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва узбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас, маълум мешавад, ки дар ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост» [2, с. 9]. Назари илмии С.Айнӣ барои ҳалли масъалаҳои бузурги таърихии мардуми тоҷик, дар шинохти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, муҳри хомӯшӣ задан ба таърихситезон аслиҳаи оташфишон ва шикастнопазире буд, зеро дар заминаи таҳқиқоти бунёдӣ анҷом дода шуда, яке аз чунин далелҳо китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад.

С.Айнӣ дар сарсухани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» таъкид мекунад, ки дар замони ӯ мардуми тоҷик дар Бухоро, Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Фарғона, Фалғар ва умуман дар шарқии Бухоро зиндагонӣ дошта, забон, урфу одат ва адабиёти худро комилан нигоҳ доштаанд. Вале баъд аз Инқилоби Октябр дар Туркистон ва Бухоро бо сабаби он ки ҳукуматҳои шуроӣ ба номи узбак таъсис ёфта буд, тамоми рӯзномаҳо, фармонҳо, дастурамалҳо, китобҳои мактабию сиёсӣ бо забони узбакӣ нашр мешуданд. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик, ки соҳиби фарҳанги қадима ва дорои адабиёти нафиса буд, аз адабиёти нави инқилобӣ, мактабҳои шуроӣ ва аз хабарҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар, хуллас, аз «меваҳои Инқилоб маҳрум монд». Бинобар ин, мардуми тоҷик аз назари Ҳукумати шуроӣ ва ҳизби коммунистӣ нисбат ба масъалаҳои миллӣ ва забону адабиёти миллатҳо ба чӣ дараҷа тақдир мекунад, аз қимату эътибори адабиёт бехабар буд.

Дар давраи подшоҳони мустабиди Шарқ, хусусан дар замони амиру хонҳои Бухорову Туркистон аҳли қалам ба таври бояду шояд қадру эътибор надоштанд, ба ҷузъ аҳли шуарои маддоҳ, аммо оммаи удабову фузало дар сахтию муҳтоҷӣ умр ба сар мебурданд ва зимни ишорае дар ашъори худ аз ҳоли замон ба ҷазои сахт гирифтор мешуданд. Дар Осиёи Миёна бо таъсис ёфтани Ҳукумати Ҷумҳурияти Мухтори Тоҷикистон С.Айнӣ дар бораи ба нашр омода карда шудани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ёдовар шуда, чунин менависад: «Дар ин маҷмӯа на танҳо асари адибони муосир, ё ки шеърҳои инқилобии шоирони ҳозира, балки порчаҳои адабии шоирону муҳаррирони тоҷик, ки аз замони қадим то ҳол дар Туркистону Мовароуннаҳр расидаанд, дарҷ» [2, с. 414]. ёфтаанд. Маълум аст, ки дар Туркистон ва Осиёи Миёна, ба қавли Х.Асозода, қавми тоҷик рӯзгор медид, вале худро бо номи «миллати мусулмонон» муаррифӣ мекард. Дар шинохти С. Айнӣ ин табақаи кӯҳистон ба дардҳо гирифтор мешуданд, аммо даво пайдо намекарданд, зулмҳо медиданд, вале фарёдрасе надоштанд» [6,с.65.]. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки С.Айнӣ бо илму дониш ва ҳисси баланди миллӣ бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» халқи худро даво ва фарёдрас шуда, хавфи аз таърихи худ ва мероси бузурги фарҳангӣ маҳрум шудани тоҷиконро аз миён бардошт. Дар ин китоб, ки осори 220 нафар шоирону насрнависони форсизабони Мовароуннаҳр, аз аҳди Сомониён ва аз эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, мероси ҳазорсола ва то соли 1925 мероси муосири тоҷиконро дар бар мегирад, ки дорои таърихи бой ва фарҳанги бостонию ҷаҳонӣ будани ин миллати бузургро собит месозад. Ин китоб аввалин пирӯзии таърихии устод Айнӣ бар зидди қувваҳои иртиҷоии он замон – пантуркистҳо буд, ки «ба даҳнашон муҳри хомӯшӣ» зад.

Бояд гуфт, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» сарчашмаи муҳимми адабӣ дар адабиёти тоҷик мебошад, ки аз ҷониби донишмандони ҳамзабон баҳои баланд дода шудааст. Дар нашрияи эронии «Шафақи сурх» зери унвони «Намунаи адабиёти тоҷик» мақолаи Саид Нафисӣ ба чоп расидааст, ки дар он гуфтааст: «Барои ҳар касе, ки дар адаби порсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз ин китоб бо худ дошта бошад ва ба ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақл, як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост, бихонад» [1, с.24].

Воқеан ҳам, бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» ба устод С.Айнӣ «пардаи он иғвогаронро дарронид ва ба даҳони онҳо мӯҳри хомӯшӣ зад», балки дар ташаккулу таҳаввули худшиносӣ ва худогоҳии миллии тоҷик замина гузошт. Бешакку шубҳа ««Намуна»-ро метавон ба сифати аввалин номаи эътироз, аввалин даъвои мустанад, аввалин кӯшиши ҳақталабӣ барои таъйид ва тасдиқи ҳуқуқҳои мардуми тоҷик ба сарварони вақти шӯравӣ ва ҷаҳониён ба шумор овард» [7, с.212].

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Азизқулов Ҷ. Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд // Дин ва ҷомеа, №8 (29) августи 2016. – С.20-30.

2. Айнӣ С. Куллиёт, Ҷ.12. Намунаи адабиёти тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2025. – 414.

3. Айнӣ С. Куллиёт, Ҷ.19. Мактубҳо. – Душанбе: Дониш, 2025. – 859. Маҳмадаминов А. Ҳуҷҷати қотеъ ва пурарзиши илмию фарҳангӣ // Садои Шарқ, 2008. – № 4. – С.83.

4. Асозода Х. Чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангӣ: маҷмуаи мақолаҳо; муҳар: Ю. Аҳмадзода. – Душанбе: Адиб, 1995. – 208 с.

5. Асозода Х. Садриддин Айнӣ дар миён ҳаст ва хоҳад буд. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 150 с.

6. Набавӣ А. Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср: маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе: Адиб, 2009. – 324 с.

7. Набавӣ А. Нахустасари адабиётшиносии нави тоҷикӣ ва масоили худшиносии миллӣ // Мероси ниёгон, №1(19), 2017. – С.112-117.

8. Ҳасани Султон. Сеҳри сухан ва қудрати баёни Айнӣ // Фурӯғи худшиносии миллӣ. – Душанбе: Дониш, 2022. – С.148-163.

9. Шакурии Бухороӣ. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист. – Душанбе: Пайванд, 2006. – 456 с.

10. Шакурӣ М. Падари миллат // Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист. – Душанбе: Пайванд, 2006. – С.211-283.

Ҳошимова Хуршеда, д.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО