02 May 2024
Submitted by Admin
1003

Дар эҷодиёти солҳои баъдиҷангии Мирзо Турсунзода мавзую масъалаҳои маҳаллӣ, зиндагии мардуми шуравӣ, таърихи сохтмони сотсиалистӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикситон низ мавқеи муҳимме доштааст. Вай таҳти унвони «Дар сарзамини тоҷикон» як силсила шеърҳо эҷод мекунад. Бахусус меҳнату дастовардҳои баъдиҷангии мардум дар шеърҳои «Обхез», «Электрик ва оила», «Муҳоҷир», «Лимӯ», «Вақт ва коммунист» мавриди тавсифу тасвир қарор гирифтааст, ки дар манзумаи «Мавҷи табрикҳо» ҷамъбаст ёфтааст.

Дар ин давра ду достони пураҳамияти Мирзо Турсунзода – «Ҳасани аробакаш» (1954) ва «Чароғи абадӣ» (1958) ба майдон омад. Ин асарҳо назми тоҷикиро бо тасвири ҷиддии реалистӣ (воқеъгароёна) ва андешаву мулоҳизаҳои ҳикматомез (фалсафӣ) ғанӣ гардониданд.

Достони «Ҳасани аробакаш» ба тасвири зиндагии мардуми тоҷик пас аз инқилоби болшевикӣ ва ташаккули одами нави замони шуравӣ бахшида шудааст. Ин тарзи тасвир ва масъалаи он дар назми тоҷикӣ ҳодисаи нав буд. Турсунзода хостааст, ки ба зеҳну шуури мардуми мо роҳ ёфтани ғояҳои ҷомеаи сотсиалистӣ ва зиндагии дастҷамъонаро тавассути шахсияти инсон ва олами мураккаби равонии он нишон дода бошад. Дар ин маврид интихоби қаҳрамони асос ии асар - Ҳасани аробакаш низ бисёр ҷолиби диққат аст. Вай на деҳқони одии безамину об набуда, балки инсони миёнаҳолест ва баъди инқилоб соҳиби аспу ароба гаштааст, ки омили таъмини зиндагӣ ва озодии фаъолияташ мебошад. Бинобар ин меҳри чизу чора, яъне асбу ароба, барои ба ҷониби сохти нав гузаштани вай ва қабули ҷомеаи шуравӣ монеа эҷод намудааст. Шоир тавассути сарнавишти Ҳасан бо чӣ мушкилӣ ба ҷониби сохти шуравӣ омадан ва ҳамчунин қувваи азими тарбиявӣ доштани ин сохтро гӯё таъкид кардан мехоҳад.

Ҳасан аз ҳайси инсонӣ низ ба худ хос аст. Вай қувваву бозуи тавоно дорад ва аз ин рӯ мағруру худраъй ҳам мебошад. Ин хислатҳои вай баъд аз даргоҳи хуҷаин бо аспу ароба гурехтану зиндагонии озодона сар кардан, бештар мегардад. Вай ҳатто бо аробакашони дигар низ унс намегирад ва як зиндагии бенизоме дорад. Фаъолияташ низ дар саросари Тоҷикистони ҷанубӣ ҷараён гирифтааст. Ғурури ӯ аз он ҷо низ афзудааст, ки худ ҷавон ва аробаи наву аспи боқауввате дорад ва гӯё ба ҳеҷ кас вобаста нест. Шоир дар оғози достон хонандаро ба ин қаҳрамони ғайриодӣ шинос менамояд:

Пушт, машкоб!
Бохабар мардум!
Бақафоят нигоҳ кун, нонвой!
Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!
Бо чунин дӯғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор,
Одамонро ба ду тараф ронда,
Мегузашт аз миёнаи бозор…

Вале дар ҷараёни то рафт пурқувват гардидани сохти сотсиалистӣ, сохтмони каналу роҳҳо ва ободтар шудани кишвар доираи фаъолияти Ҳасан барин шахсони озодамалу соҳиби хоҷагӣ танг мегардад ва ҳарчанд қаҳрамон саркашӣ мекунад, ба зиндагии тоза сар фаровардан намехоҳад ва ба гӯшаву каноре меравад, ки ба аспу ароба ниёзи бештаре ҳаст, вале навигариҳо ӯро ҳама ҷо таъқиб мекунанд ва оқибат роҳу фаъолияти Ҳасану аспу араобаашро мошинаҳои зудраву пурқувват танг менамоянд. Ва натиҷа ҳамин мешавад, ки дар ин набард Ҳасан мағлуб гардида, аз баҳри аспу аробааш мебарояд. Вале аҳамияти ғоявии достон ва нияти бадеии Турсунзода низ дар ҳамин зоҳир мешавад, ки қаҳрамон дар ин гирудори ҳодисаҳо маҳв нашуда, бо омӯзишу кӯшиш сари чамбари мошин менишинад ва ба сифати инсони нав ташаккул меёбад. Ба ҳамин сабабҳост, ки Ҳасан аз чеҳраҳои муассиру мураккаб ва ибратбахшу тарбиявӣ дар адабиёти нави тоҷикӣ ба шумор омадааст. Бояд гуфт, ки достони «Ҳасакни аробакаш» моҳиятҳои дигаре низ дорад: мавзуи ишқи Ҳасану Садаф, иштироки худи шоир дар сужаи достон ва нишон додани лаҳзаҳои мубориза ва сохтмонҳои муҳим дар Тоҷикистон мундариҷаи асар ва сохтори ҳунарии онро боз ҳам ғанӣ гардонидаанд.

Достони дигари Турсунзода «Чароғи абадӣ» (1956) ба рӯзгор ва шахсияти асосгузори адабиёти нави тоҷикӣ Садриддин Айнӣ, зиндагии сахту пуршарафи ӯ ва мақоми шоистаи ҷамъиятии вай дар кишвари шӯроҳо бахшида шудааст. Асар хусусияти хоси жанрӣ дошта достони лирикӣ ба шумор оварда шудааст. Дурустараш дар он ҷанбаи ривоят ва андешеву эҳсос ба ҳам омехта мешавад. Турсунзода як шаби интизории таваллуди фарзанд ва интизории омадану вохӯрӣ бо устод Айниро ба ҳам дар як таркиби бадеӣ ғунҷонда, шакли нави жанрие ба вуҷуд овардааст. Достон аз чаҳор бахш ба ҳам омадааст: «Интизорӣ», «Мулоқоти якум», «Мулоқоти дувум» ва «Дар боғ». Агар воқеаҳои асарро ба таври умумӣ тавсиф кунем, пас дар қисми аввал сухан дар бораи интизории муаллиф аз ба дунё омадни фарзанди нав дар хонадонаш ва сипас дар бахши дигар аз вохӯрӣ бо фарзанд ва баъд дар дигар қисм аз интизорӣ ва пешвози устод Айнӣ, мулоқот бо вай сухан меравад.

Ҳамин тавр дар асар симои устод Айнӣ, зиндагии сахту сангини ӯ, ҷойгоҳи вай дар таърихи адабу фарҳанги тоҷикӣ тавсиф карда шуда, ба намоди рӯшноӣ пайваста мешавад ва устод ба сифати рӯшангари роҳи фарзанди нав ва куллан миллати тоҷик ба тасвир меояд. Турсунзода навиштааст:

Худи устод машъал шуд алав шуд,
Чароғи равшани дунёи нав шуд.
Ба рӯяш нур бинам, барқ бинам,
Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам…

Дар қисми охир ин ду сужет – мулоқотҳои дувум (тавлиди кӯдак) ва севум (вохӯрӣ бо устод Айнӣ) ба ҳам пайваста, сарнавишти устоди донишманду хирадманд ва рӯзгори ояндаи фарзанди нав ба дунё омада ба ҳам гиреҳ мехӯранд. Анҷоми достон низ аз ин ҷиҳат ҷолиби диққат аст:

Магар созам ягон боре фаромӯш,
Адиберо, ки буд ҳам ақл, ҳам ҳӯш.
Писарҷонам, магар созам фармӯш,
Даме, ки кардам овози туро гӯш.

Дар достони «Чароғи абадӣ» ҷузъёти табиат, шаб, саҳар, шукуфтани гул, рӯшноӣ ва ғайра хеле фаъол буда, ба дараҷаи рамзу намод мерасанд ва дар кулл достони лирикии ривоятӣ ба ҳикмати ҳастӣ пайванд хӯрда, маъниҳои бузургеро дар бораи гузаштаву имрӯз ва ояндаи қитъаҳои Осиёву Африқо ва Тоҷикистон фаро мегирад. Аз ин ҷиҳат ҳам ин асар дар назми тоҷикӣ мавқеи муҳиммеро ишғол менамояд.

Дигар аз асарҳои муҳимми устод Турсунзода, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта таълиф шудааст, достони «Садои Осиё» (1957) мебошад. Ин асар баёнгари он аст, ки мавзуи хориҷа ҳеҷ гоҳ аз мадди назари шоир дур набудааст. Вай аз ин пештар достони «Духтари мукқаддас» (1955)-ро таълиф намуд. Дар ин достон сухан аз талошҳои ҳиндухтарест, ки барои ҷустуҷӯи ҳақиқат ва сулҳи байни мардумони ҷаҳон талош дорад ва дар ниҳоят муяссар мешавад, ки мардуми ҷаҳон садои ӯро шунида бошанд:

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд...
Ҷустуҷӯ мекард ӯ инсофро…
Бомдоди рӯзи некоғозро.

Ниҳоят:

Духтари ҳинду адолатхоҳ шуд,
Олам аз таърихи ӯ огоҳ шуд!

Ва «Садои Осиё» низ баёнгари он ҳол аст, ки масъалаҳои Шарқу сарнавишташ дар ҷаҳони мураккаби он замон ҳамеша диққати шоирро мутаваҷҷеҳи худ нигоҳ медоштаанд.

Нуктаи муҳим дар ин маврид ҳамин аст, ки достони мазкур мавзую масъалаҳои куллии кишварҳои Шарқ - Осиёву Африиқоро фаро гирифта, бинобар ин хусусияти монологи қаҳрамони ғиноиро касб мекунад ва ин ҳама аз муҳаббати шоир ба мардуми ин сарзамин сарчашма мегирад:

Осиё!

Монанди модар меҳрубон астӣ маро,
Муҳраи меҳри дилу беҳтар зи ҷон астӣ маро...

Ҳамин тавр, дар кулл достон хусусияти таълимӣ дошта, ба қавли Анатолий Сафронов «барномаи шоиронаи якдилии халқҳои Осиё» мебошад. Мухтор Авезов изҳор дошта буд, ки: «Турсунзода дар достони худ аз номи халқҳои Осиё ва Африқо сухан меронад».

Шоир таъкид кардан мехоҳад, ки қитъаи Осиё имрӯз ба марҳалаи нави муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ расидааст:

Осиё гӯяд сухан,
овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё,
ғурриши баҳри дамонро бишнавед!
Осиё бедор шуд, бедор,
тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро
оқибат дарёб кард...
Дар шаби торик,
бими мавҷ, дигар Осиё
Аз сабукборони соҳилҳо надорад шикваҳо.

Ниҳоят шоир изҳор менамояд, ки ба ғалабаи адолат ва ба озодӣ расидани мардуми Осиё бовар дорад:

Метавонад ҳар касе, ки зур шуд, ғолиб шавад,
Молу мулки дигаронро ояду соҳиб шавад.
Нест аммо қуввае, ки азмро орад завол,
Руҳи озодипарастонро намояд поймол.

Дар бораи ин достон устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ хеле нуктасанҷона изҳори ақида намудааст: «Ин манзума пур аз садоҳои гуногун аст. Гоҳ «ғурриши баҳр» ва нидои «азму суботи муборизон», гоҳ «нолаҳои зор-зору оҳҳои сард» ва овози «боди хазон», гоҳ «суруди коргар» ва садои пора шудани «занҷиру каманд» ва ғайраро мешунавем. Гоҳо садои асрҳо ба гӯш мерасад, байтҳои Саъдиву Ҳофиз, суруди қадимии фаллоҳони соҳили Нил ва орзуҳои дерини модарони Миср моро ба ҳаяҷон меоварад ва гоҳе нидои духтари Чин ё Ҳинд ва ё Индонезияву Бирма ва ғайра шунида мешавад. Ба ин садоҳои гуногун овози дарёи Ҳисор низ ҷӯр мешавад:

Рӯди хурди деҳаи ман
рӯди пуршӯр аст, шӯр,
Бо садои рӯдҳои Осиё
ҷӯр аст, ҷӯр.

Садоҳо ва манзараҳои Осиё – ду унсур як шуда, ҳақиқати як замони бузургро намудор меорад» (11, 421-422).

Ба ин маънӣ достони «Садои Осиё» мазмуни амиқи ҳаётдӯстонаи умумиинсонӣ дошта, аҳамияти ғоявии онро низ ҳамин ният муайян менамояд.

Ба эътибори ин ҳама хусусиятҳои муҳимми «Садои Осиё» ва ҳамчунин достони «Ҳасани аробакаш» соли 1960 Мирзо Турсунзода барои ин ду асар барандаи ҷоизаи олии шуравӣ - Мукофоти ленинӣ гардид.

Чун сухан дар бораи таваҷҷуҳи Мирзо Турсунзода ба мавзуи хориҷӣ меравад, пас лозим аст, ки аз охирин асари вай – достони «А Ганг то Кремл»-ро (Номи дигараш «Роҷа дар Кремл», 1970) ёдовар шаваем. Шоир барои таълифи як чунин достоне аз таҷрибаи худ ва шахсияти воқеӣ истифода мекунад. Протар шахси таърихӣ буда, Турсунзода бо ӯ ошно будааст. Аз ин ҷо воқеаҳои достон хусусияти воқеӣ доранд. Аммо шоир дар заминаи ин воқеаҳои ҳаётӣ фикри худро дар бораи як ҷараёни муҳимми оғози садаи ХХ баён медорад. Бинобар ин достон тору пуди хоссае дорад: дар он воқеа, андеша, руҷуъ ва муҳокимаҳои шахсии худи муаллиф ба ҳам омехта гардида, барои бозгӯи масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фалсафиву инсонӣ мусоидат намудаанд. Сухан дар бораи таваҷҷуҳи мардуми Шарқ, бахусус ҳиндуҳо ба Инқилоби Октябр, ки дар замони худ бо ғояҳои мардумпарваронааш боиси пайравӣ ва ҷонибдории шахсият ва мардумони зиёде гардида буд, баҳс мекунад. Қаҳрамони он ҳидумарде бо номи Протап аст, ки дар садади ҷустуҷуи ҳақиқату адолат буд ва барои дарку фаҳми моҳияти инқилоб ва шиносоӣ ба шахси Ленин озими кишвари шӯроҳо мешавад:

Ман ҳасад мебарам ба ҳиндуе,
Ки ба уммеди рӯзи некуе.
Тарк бинмуд зодгоҳашро,
Манзилашро, ҷалолу ҷоҳашро.
Шарқсанҷиву ғарббинӣ кард,
Дар ғами Ҳинд шабнишинӣ кард.
Меҳмон дар ҳузури Ленин шуд,
Ҳамнишин, ошнои дерин шуд…

Турсунзода дар канори тасвири шахсияти Протап, ақидаҳои сиёсии он, заминаҳои ташаккули афкори вай, ҳамчунин ҷараёни сафари ӯро ба Шӯравӣ муфассал ба тасвир мегирад. Нуктаи муҳим дар ин сафар дидани макону манотиқи зиёд, бахусус Шарқ (ва аз ҷумла Афғонистон) аст, ки донишу фаҳмиши ӯро дар бораи зиндагии ин мардумон боз ҳам дақиқ мекунад ва боварашро ба сафари пешгирифтааш меафзояд. Инак, Протап дар ҳузури Ленин ва суҳбати онҳо дар мавриди ба чӣ роҳу равиш амал кардани мардуми Ҳинд аст. Ленин аз вазъи кишвари Протап ва афкори толстойгунаи он, ки мақсадаш бо мусолиҳа ва ҷангу инқилоб ба мақсад расидан буд, пай бурда, изҳор медорад, ки ранҷбарзодагони Русия

Чашмдори Ҳинди бедоранд,
Ба ситамдида ҳиндуён ёранд.
Ва орзуву нияти онҳоро пай бурда, кӯшишу ҷадалашонро барои озодӣ ҷонибдорӣ менамояд:
Мустақил Осиё муборак бод,

Зинда бод Осиёи навбунёд.
Шоир ба ин натиҷа мерасад, ки Протап – ин фарди ба тақдир ва қазову қадар бовардошта, ки зоҳиран афкори ба зулм бо зулм ҷавоб надоданро пайгирӣ менамояд ниҳоят:
Ҳиндуи порсо, дуогӯе,
Шуд мубаддал ба шахси хақгӯе.

Дар иртибот бо достони мазкур ва куллан таълифоти замони шуравии Мирзо Турсунзода, бахусус осори дар солҳои 30-50 таълифкардаи ӯ ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки онҳо дар партави идеяҳои коммунистӣ эҷод шудаанд ва ҷабҳагирии мафкуравӣ, мисли тамоми адабиёти замони шуравӣ, дар онҳо хеле рӯшан аст. Вале дар кулл осори устод бо рӯҳи гуманистӣ, истиқлолхоҳӣ ва эҳтироми инсону ибрати зиндагӣ имтиёз доштааст. Инро дар ашъори давраи охири умр дар мавзуъҳои Ватан, Зан, Модар таълиф кардаи ӯ ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Дарвоқеъ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзуи зан, модар мақоми хоссае дорад. Шоир аз оғози эҷодиёт ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ зоҳир карда, зиндагӣ ва мазлумияти занонро дар гузашта мазаммат ва ба озодии иҷтимоӣ расидани онҳоро тавсиф кардааст. Ҳамчунин иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоӣ дар ашъори замони ҷангӣ ва пасоҷангии шоир мақоми хосса доштааст. Мирзо Турсунзода ба сарнавишти занони Шарқи хориҷӣ низ бетараф набудааст. Образи Тара-Чандрӣ аз силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» ва достони «Духтараи муқаддас» (1957) ба ин гувоҳ мебошанд.

Аммо дар достони «Ҷони ширин» (1959) шоир ба тасвир зан аз назари тозае мепардозад. Ба таври куллӣ ин ҷо масъалаи ҷойгоҳи иҷтимои зан бо зиндагии хонаводагии вай пайванд мехӯрад. Муаллиф акнун бисёр масоили иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва инсондӯстиву умумиинсониро дар либоси муроҷиат (муколама) бо ҳамсараш баён медорад ва ин усул ба тамоми муҳтавои иҷтимоии достон рангу таровати тоза мебахшад. На танҳо ин, балки онҳоро самимӣ, маҳрамона ва бисёр табиӣ менамояд. Зимнан, дар ин ҷараён тасвири чеҳраи зан, таъкиди мақоми вай дар зиндагии ичтимоӣ ва инсонӣ ва эҳтиром ба ӯ ғарази аслии шоир аст:

Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест без ан, хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд…

Турсунзода минбаъд аз ҳамин меъёр ба тасвир чеҳраи зан мепардозад ва зану модарро аз ҳайси инсонӣ мавриди тасвир қарор медиҳад. Дигар зан танҳо узви фаъоли иҷтимоъ нест, балки инсонест, ки ҳасту нести зиндагӣ, рангу таровати ҳаёт, бунёди ахлоқӣ, балки асоси ҳастии инсон ба он иртибот мегирад.

Силсилаи шеърҳои «Дасти модар» (1963), «Дили модар», «Бигзор, зан бошад мудом» (1966), «Модарам» (1965), «Зан агар оташ намешуд» (1973), «Зан, зан аст» (1975) худ баёнгари он ҳастанд, ки шоир ба мавзуи мазкур чӣ дилбастагӣ доштааст ва онро то чӣ ҳадде муҳим ба шумор овардааст. Дарвоқеъ охирин маҷмуаи ашъори Мирзо Турсунзода «Посбони оташ» (1977) унвон дошта, осори ба Зан-Модар бахшидаи ӯро фаро гирифтааст. Шоир дар айни камолоти адабиву инсонӣ дар ашъори миллӣ мазмун омехта бо оҳанги умумибашарӣ симои муҳташами модаре, ки тамоми гарму сард ва мушкиливу хӯшиҳои зиндагии инсониро ба дӯш доштааст, эҷод менамояд.

Дар мавриди шеърҳои мазкур ва достонҳои «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин» ва ашъори дигаре аз Мирзо Турсунзода аз қабили «Хоҳари мубориз Африқо», «Шоиро!», «Ошёни баланд», «Қалам», «Ватан», «Замин», «Дӯстонро гум макун» ва дигарон ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки дар шеъри солҳои охири ӯ тамоюли тозае шакл гирифта буд ва он ҳам эҷоди шеъри фалсафӣ ва ифодагари ҳикмати асри нав - замони ташаккули миллати тоҷик дар маҳватаи руди инкишофи илмӣ-техникӣ, бедориву озодхоҳон мардуми Осиёву Афирқо, ташаннуҷи сохторҳои мухолифи ҷаҳонӣ - сотсиализм ва капитализи ва ниҳоят масъулият ва ҷойгоҳи ҳар як инсон дар ин давраи ҳассос будааст. Шеъри ғиноӣ ва достонҳои шоирро ҳамин ғояи баланд ва ҳунари воло арзиши тоза бахшидаанд.

Саҳми Турсунзода дар шаклгирӣ ва рушди дигар навъу намудҳои адабӣ низ чашмрас аст. Вай дар таҳаввули драматургия (драмаи мусиқӣ, либреттои опера ва балет ва ғ.) ва киноноповест саҳм гирифта, осори зиёде таълиф кардааст. Нахустин намоишномаи вай драмаи «Ҳукм» (1934) аст. Солҳои минбаъда песаҳои «Роҳатхон» (1935), «Хусрав ва Ширин» (1936, ҳамроҳ бо А.Деҳотӣ), драмаи мусиқии «Шӯриши Восеъ»-ро (1940, ҳамроҳ бо А. Деҳотӣ) таълиф менамояд. Ҳамчунин либреттои операи «Шӯриши Восеъ» (ҳамроҳ бо А. Деҳотӣ), либреттои операи «Тоҳир ва Зӯҳро» (1943), либреттои лиркию мазҳакавии «Арӯс» (1945), либреттои балети «Писари Ватан»-ро таълиф намуда, дар ташаккули драмнависӣ ва шаклу жанрҳои тозаву мураккаби он саҳм гирифтаст. Ҳамчунин киноқиссаҳои «Ҳасани аробакаш» (1966, ҳамроҳ бо И. Филимоновна), «Бо амри дил» (1976, ҳамроҳ бо Д. Булгаков ва Л. Файзиев), «Субҳи Ганг» ба қалами вай тааллуқ доранд.

Турсунзода дар гирд овардану омӯзиши адабиёти гузаштаи тоҷикӣ (маҷмуаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик», 1940), фарҳанги мардумӣ низ саҳм гирифтааст. Маҷмуаи гирдовардаи вай бо номи «Намунаи фолклори тоҷик» (ҳамроҳ бо А. Н. Болдирев) борҳо рӯи нашрро (1940, 1945, 1957) дидааст. Бисёр муҳим аст, ки чи адабиёти классикӣ ва чи эҷодиёти мардумӣ ба осори шоир таъсири судманде дорад ва ҷанбаи халқӣ аз хусусиятҳои пурқуввати онҳо ба шумор меояд.

Паҳлуи дигари эҷодиёти Турсунзода танқиду адабиётшиносӣ ва публитистика мебошад. Асарҳои публитсистиаш низ бо хусиятҳои худ имтиёз дорад. Турсунзода зиёда аз 200 мақолаю очерк ва қайдҳои сафар таълиф кардааст, ки дар онҳо лаҳзаҳои муҳими сафарҳояш ба гӯшаю канори олам - 25 кишвари Шарқу Ғарб, таассуроташ аз конгрессҳои байналхалқӣ ва дигар маҳфилу ҷаласаҳо баён ёфтаанд. Боиси афсӯс аст, ки фақат андаке аз онҳо дар дар ҷилди севуми Куллиёти ӯ (3) гирд омадаанду бас. Осори публитсистии Турсунзода низ, мисли ашъораш, мазмунҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаи мардумро барои озодӣ ва ояндаи нек фаро гирифтаанд.

Вай бахусус дар инкишофи танқиди адабии тоҷикӣ саҳми калон гирифтааст. Нақду баррасиҳои вай ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1946-1977) дар бораи адабиёти тоҷикии чил соли асри гузашта, эҷодиёти намояндагони ҷудогонаи он ва асарҳои алоҳида хеле арзишманд мебошанд.

Зиёда аз он, устод Турсунзрда дар тарбияи аҳли адаби тоҷики 60-соли охир адабиёти тоҷикӣ чун мураббии сахтгиру ғамхор саҳми бисёр бузурге гирифтааст. Нависандагони номвар ва пешраве чун Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Кӯҳзод, Сорбон, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Ғоиб Сафарзода, Ашӯр Сафар, Салишо Ҳалимшоҳ, Зулфия ва даҳҳои дигар дастпарварони мактаби адабии Мирзо Турсунзода ҳастанд ва муҳимтарин ибтикороту тозапардозиҳо ва тамоюлҳои нави ҳунарии адабиёти тоҷикӣ ба номи онҳо иртибот мегирад.

Осори устод Турсунзода ба бисёр забонҳо, аз ҷумла забонҳои мардуми собиқ шуравӣ, бахусус русӣ ва дигар забонҳои олам мисли англисӣ, ҳиндӣ, хитоӣ, немисӣ, франсавӣ, чехӣ, испанӣ, полякӣ, булғорӣ, монголӣ ба нашр расидаанд. Масалан, достони «Аз Ганг то Кремл» пас аз нашр шудан ба зудӣ ба 10 забони ҳиндӣ ва ба забонҳои англисӣ, франсавӣ ва испанӣ ба ба табъ расида буд (12, 331).

Турсунзода дар вазифаҳои муҳимми расмиву ҷамъиятӣ: раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аъзои Президиум ва котиби Садорати Иттифоқи нависандагони СССР, аъзои Кумитаи умумииттифоқии Мукофотҳои ленинӣ ва давлатии СССР, намояндаи халқ (депутат) дар Совети Олии СССР, аъзои КМ ҲК Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Заҳматҳои адабиву ҷаъиятии устод ба таври сазовор тақдир карда шудааст. Вай барандаи ҷоизаи давлатии СССР (1948), мукофоти Ленинӣ (1960), ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1963), мукофоти Комсомоли Тоҷикистон ва дорандаи унвонҳои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967), академики АИ РСС Тоҷикистон (1951), Шоири Халқии Тоҷикистон (1961) мебошад.

Турсунзода ба сифати ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, бахусус чун раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, аъзои Президиуми Кумитаи советии сулҳ корҳои бузургеро дар амнияти ҷаҳонӣ, истиқлолу озодии халқҳои Осиё ва Африқо, сулҳу якдигарфаҳмии мардуми олам анҷом додааст. Вай дорандаи мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Нерӯ (1957), медали Ҷамол Абдунносир (1972), ордени Республикаи халқии Булғория - «Крилл ва Мекфодий» (1973), «Медали тилои Кумитаи советии муҳофизати сулҳ» (1974) мебошад.

Ному осори устод Турсунзода зинда ва меҳраш дар дили мардуми тоҷик барои ҳамеша аст. Имрӯз ноҳияи алоҳида, Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ва яке аз қуллаҳои Помир номи Турсунзодаро доранд. Дар шаҳри Душанбе музейи адабӣ, дар шаҳри Хуҷанд хона-музей ва дар шаҳри Турсунзода ҳайкали вай гузошта шудааст. Бо қарори ЮНЕСКО дар соли 2001ба таври густурда дар сатҳи ҷаҳон ҷашн гирифта шудани 90-солагии ӯ намоёнгари эътирофи саҳми устод дар адабу фарҳанги муосир аст. Ниҳоят Мирзо Турсунзода бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии Тоҷикистони соҳибистиқлол Қаҳрамонони Тоҷикистон (7 майи 2001) сазовор дониста шудааст.

Адабиёти мавриди истифода:
1. Панкин, Борис. Мирзо которого я узнал // Лит. газета, 1 февраля 1984 г, стр., 6.
2. Турсунзода М., Дар бораи худам. – Дар кит.: Осори мунтахаб, ҷ. 1, Душанбе: Ирфон, 1981, саҳ. 7.
3. Турсунзода М., Куллиёт, ҷ. 3. – Душанбе: Ирфон, 1979, саҳ. 408.
4. Турсунзода М., Осори мунтахаб, ҷ. 1 Душанбе: Ирфон, 1981, саҳ. 5.
5. Турсунзаде М., Всё это было // Огонёк, 1967, № 14, стр. 19.
6. Сатторов М., Ошёни меҳр // Пионери Тоҷикистон, 1981, 27 сентябр.
7. Турсунзода М., Барои назми пешқадам // Шарқи сурх, 1954, № 12, саҳ 105.
8. Набавӣ А., Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ, - Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010.
9. Турсунзода, Мирзо. Муваффақиятҳои артистони тоҷик дар Эрон // Тоҷикистони сурх, 1941, 14 декабр.
10 . Усмонова З.Г., Шоири мубориз // Шарқи сурх, 1960, № 6, саҳ. 129.
11. Шакурӣ, Муҳаммадҷони Бухороӣ. Нигоҳе ба адабиёти садаи бист. - Душанбе, 2006, саҳ. 421-422.
12. Таджикский ССР, Энциклопедический издания, Душанбе, 1974, стр. 331.

Абдухолиқи Набавӣ,
ходими пешбари илмии шуъбаи
адабиёти муосири ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ

Возможно, это зарисовка (1 человек и памятник)

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО