05 May 2023
Submitted by Admin
1253

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, Ходими Шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Ҳабибов дар таҳқиқи адабиёти тоҷики асрҳои XIV ва ибтидои асри XX басо нақши муҳим доранд. Ӯ бахусус дар гирдоварӣ ва пажуҳиши осори парокандаи шоирони асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX хидмати арзандаеро ба ҷо оварда буд. Барои ҷамъоварии асарҳои парокандаи давраи мазкур А. Ҳабибов тақрибан тамоми захираҳои дастнависҳои шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Боку, Тбилиси, Ереван, Ашқобод ва дигар кишварҳои хориҷиро аз назар гузаронда, мавҷудияти девон ё ашъори парокандаи шоиронро дар маҷмуаҳои дигар ба таҳқиқ намудааст. Дар ин сафарҳояш А. Ҳабибов девони ашъори Хотири Носеҳи Кулобӣ, Муҷрими Роғӣ, Абдураҳмони Балҷувонӣ, Мирзолиқои Кулобӣ, девони ашъори Шайх Абдуллохон, Азизбеки Ҳиҷрӣ, Зайниддин Ҷомии Қаротегинӣ, Ранҷии Тоҷикободӣ, девони Ноҷӣ, Ғофил, Мавлавӣ, Ҳаҷри Хирад ва дигаронро пайдо намудааст.

А. Ҳабибов тавассути пажуҳишҳои муттасил беш аз 700 шоири номаълум ва каммашҳури тоҷикро барои муҳаққиқону алоқамандони адаби тоҷик муаррифӣ кардааст. Натиҷаи ковишҳо ва пажуҳишҳои арзишманду гаронмояи ин муҳаққиқи пуркор то ба имрӯз дар шакли китобу мақолаҳои гуногун ва маҷмуаҳои осори шуарои ба мардум нисбатан камошно боқӣ мондааст.

Хабибов Амирбек 5 майи соли 1916 дар деҳаи Рэни ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба дунё омадааст. Солҳои 1926 -1930 дар мактаби ибтидоӣ, сипас солҳои 1930-1932 дар мактаби миёна таҳсил намуда, аз соли 1932 фаъолияти кории ӯ оғоз меёбад. То соли 1945 дар вазифаҳои муаллим ва баъдан директори мактабҳои деҳоти ноҳияи Ишкошим (Шитхарв, Вранг ва Нуд), инчунин нозири шуъбаи маориф кор кардааст. Солхои 1945-1952 дар соҳаҳои иттифоқҳои касаба ва дигар идораҳои ҳукумат низ кору фаъолият доштааст.

Баъди хатми шуъбаи тарҷумонии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Амирбек Ҳабибов барои кор ба Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи А. Рӯдакии АИ Тоҷикистон фиристода мешавад ва маҳз дар ҳамин боргоҳи илму маърифат ба таҳқиқи таърихи адабиёти пурғановати тоҷик мепардозад.

Мавсуф аз соли 1957 ба омӯзиши аҳволу осори шоирони кӯҳистон оғоз намуда, фаъолияти адабии шоирони доираҳои адабии Бухорои Шарқиро ба риштаи таҳқиқ мекашад. Маҷмуаи “Ганҷи Бадахшон”, “Мероси адабии шоирони Ҳисор” ва маҷмуаи “Ганҷи парешон” натоиҷи ковишҳои муҳаққиқ аз осори шуарои Бухорои Шарқӣ мебошад.

Омӯзиши аҳволу осори шоирони ба истилоҳ “кӯҳистонӣ”, бешубҳа, мушкилоти зиёд дошт, зеро ба қавли худи муҳаққиқ, бо сабаби дур будани баъзе манотиқи кӯҳистон аз марказҳои адабӣ ному осори ин адибон дар тазкираҳои мавҷуда ворид нашуда буданд. Агар аз ашъори баъзе шоирон як ё ду намунаи шеърӣ дар шаклҳои гуногуни жанрӣ ворид шуда бошад ҳам, аммо бештари ин осор барои хонандагон муаррифӣ нагардида буд. Аз ин лиҳоз, пайдо кардан ва муайян намудани ин шоирон ковишҳо ва бахусус сафарҳоро ба манотиқи гуногун ва китобхонаҳои бузурги кишварҳои дуру наздик тақозо мекард. Қобили зикр аст, ки шоирони маҳаллӣ дар такя ба адабиёти классикии маъмул асарҳои худро меофариданд, аммо дар онҳо ҳаёти онрӯзаи мардуми ҳамон маҳал инъикос меёфт ва ин шоирон бо ашъори хубашон барои мардуми манотиқи дигар ноошно буданд, бинобар ин зарурияти омӯзиш ва пажуҳиши он ба миён омад. Як қисми ашъори шоирони номаълум аз тарафи ҳунармандон суруда мешаванд, вале муаллифонашон номаълуманд ва ё саҳван ба муаллифони дигар нисбат дода мешаванд. Як қисми шеърҳо, масалан, ғазалҳои Парии Ҳисорӣ, Ҷазбӣ, Ғиёсии Бадахшонӣ, Баҳрини Дарвозӣ, Ҳоҷини Кӯлобӣ ва ғайра ба мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом” дохил шудаанд.

Яке аз хусусиятҳои вижаи осори шуарои кӯҳистониро муҳаққиқ дар он мебинад, ки бо сабаби дур будани ин шоирон аз дарбори амирону ҳокимон, дар эҷодиёти онҳо мадҳу санои ҳукмронон хеле кам ба назар мерасад ва ин шоирон нисбатан озодтар ва бе фармоиши ҳокимону амалдорон ба шеъргӯӣ пардохтаанд, аз ин лиҳоз инъикоси мушкилиҳои мардум дар онҳо бештар ба назар мерасад.

Беш аз ин, муҳаққиқ ба хулосае омадааст, ки ҳарчанд ашъори шоирони кӯҳистон аз рӯи мазмун, шакл ва тарзи баён ва навъҳои шеърӣ анъанавӣ буда, аз ашъори дигар шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик фарқе надоранд, аммо баъзе хусусиятҳои хоси худро низ доро мебошанд. Ин вижагиҳо дар инъикос намудани воқеаҳои маҳаллӣ, корбурди калимаҳои шевагӣ, соддабаёнӣ ва ҳамафаҳм эҷод кардани шеър зоҳир мегардад ва аз ин рӯ, ашъори ин шоиронро ба осори шифоҳии мардумӣ наздиктар мегардонанд. Ҳамчунин ашъори шоирони кӯҳистон, тибқи хулосаи муҳаққиқ, бо осори доираҳои адабии шоирони Бухорою Самарқанд, Қуқанд, Эрону Афғонистон, Ҳиндустон ва дигар сарзаминҳои форсизабон робитаи зич доранд, зеро ба ашъори баъзе аз онҳо мухаммас, назира ва ҷавобҳо гуфтаанд.

Муҳақиқ дар натиҷаи ковишҳои зиёд ба ақидае омадааст, ки дар асри XIX на танҳо дар марказҳои фарҳангие мисли Бухорою Самарқанд, балки дар минтақаҳои дур ҳам доираҳои адабӣ фаъолият мекарданд. Масалан, маҳфилҳои адабии Ҳисор, Кӯлоб, Уротеппа, Хуҷанд, Дарвоз ва Бадахшон, ки то солҳои 50-уми асри XX ашъор ва вижагиҳои эҷодиёти шоирони ин маҳфилҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор нагирифта буданд. Ҳамчунин натоиҷи пажуҳишҳои муҳаққиқ А. Ҳабибов андешаеро дар бораи он ки гӯё асрҳои XIV, XVII, XVIII, XIX ва ибтидои асри XX дар таърихи адабиёти тоҷик давраи хомӯшӣ бошад, ботил месозад, чунки бозёфтҳои нодири адабӣ, ки баъдан аз ҷониби ӯ ва дигар муҳаққиқони соҳаи адабиёт дар шакли китобҳои алоҳида ба табъ расиданд, адами саҳеҳиятн ин назарро ошкор сохтанд. Аз ҷумла, муҳаққиқ дар муққадимаи китоби “Ганҷи парешон” аз шоирон Сайидои Насафӣ, Шавқати Бухороӣ, Имлои Бухороӣ, Икроми Бухороӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, Исо махдуми Бухороӣ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шоҳини Кӯлобӣ, Ёрии Дарвозӣ, Баҳрии Дарвозӣ, Мирзо Ҳасрат, Парии Ҳисорӣ, Фориғ ва Мирзобобои Ҳисорӣ ёдовар шуда мегӯяд, ки ин шуаро дар асрҳои зикршуда машғули эҷод буданд ва дар рушди адабиёти тоҷик саҳми зиёд доранд. Танҳо дар охирҳои асри XVIII, сипас дар асри XIX ва аввали асри XX аз сарзамини тоҷикон беш аз 400 шоир дар майдони адабиёт ба ҳунарварӣ пардохтанд, ки аз ҳар кадоми онҳо девони ашъор ва осори дигари адабӣ то ба имрӯз мерос мондааст. Ин падида бозгӯи он аст, ки суханварӣ дар фарҳанги халқи тоҷик дар ҳама давру замон мавқеи хосса доштааст, аз ин лиҳоз адабиёти тоҷик дар ҳама давру замон ва дар ҳама гуна макон, ҳатто дар дурдасттарин нуқоти маскунии форсизабонон рушду нумуъ ёфтааст.

Натиҷаи таҳқиқоти адабиёт ҳавзаи Бадахшон соли 1971 дар нахустин асари илмии Амирбек Ҳабибов “Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон” баён гардидааст, ки таҳти таҳрири адабиётшиности маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод ба нашр расидааст. Дар ин асари илмӣ дар бораи аҳвол ва ашъори шоирони асри XIX ва ибтидои асри XX дар Бадахшон, аз ҷумла, ҳаёт ва эҷодиёти шоирон Мухлиси Бадахшонӣ, Мавзуни Бадахшонӣ, Мубораки Вахонӣ, Ҷаъфар (Поршиневӣ), Мирзо Ибоди Шидзӣ, Сайид Фаррухшоҳи Заифӣ, Мулло Шамшери Вахонӣ, Мирзо Кӯчаки Сучонӣ, Шоҳабдуллоҳи Сучонӣ, Шоҳфутури Хоруғӣ, Ҳиҷрии Бадахшонӣ ва Махфии Бадахшонӣ маълумот медиҳад.

Барои шиносоии бештар бо эҷодиёти шоирони камошнои Бадахшон Амирбек Ҳабибов соли 1972 нахустин маҷмуаи мураттабнамудаашро дар асоси ашъори парокандаи шуарои Бадахшон бо унвони “Ганҷи Бадахшон” зери таҳрири адабиётшиноси маъруфи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ ба нашр мерасонад, ки дар он ба таври мухтасар аз ҳаёти шоирони Бадахшон дар асрҳои XV то ибтидои асри XX маълумот дода шуда, намунаҳои ашъори онҳо муаррифӣ гаштааст.

Дар мураттаб сохтани ин нахустмаҷмуа адабиётшиносони маъруфи тоҷик Муҳамадҷон Шукуров, Баҳром Сирус ва шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар бо маслиҳатҳои муфид саҳм гузоштаанд. ки муҳаққиқ барояшон изҳори сипос намудааст.

Барои дарёфти ному осори шоирони Бадахшон Амирбек Ҳабибов ба сарчашмаҳои гуногун, тазкираҳо, осори таърихӣ, ҷунгҳо, баёзҳо муроҷиат намудааст. Тибқи хулосаи ӯ, то асри XI вуҷуд доштани адабиёт дар қаламрави Бадахшон маълум нест. Дар асри XI шоир ва мутафаккири тоҷик Носири Хусрав ба Бадахшон ҳиҷрат намудааст. Маҳбубияти Носири Хусрав дар байни мардум ва васияти ӯ ба бародараш Абусаид бозгӯи онанд, ки дар замони ӯ уламову удабо дар ин сарзамин кам набудаанд ва шоир бо онҳо робитаи зич доштааст. Масалан, Носири Хусрав дар рисолаи тарҷумаиҳолиаш менависад: “...Чун маро мадфун кардӣ, китоби маро... ки дар илми фиқҳ асту “Дастури аъзам” ном дорад, ба Ҳаким Насруллоҳ - қозии Бадахшон бидеҳ ва китоби “Интизор” – и маро ба ҷиҳати малик Ҷаҳоншоҳи бинни Киюи Юмгонӣ бидеҳ...” [А.Ҳабибов. 2, 16-17 ]. Зиёда аз ин, то замони муосир нигоҳ доштани бисёр асарҳои Носири Хусрав аз тарафи мардуми Бадахшон гувоҳи он аст, ки анъанаи адабиёт дар ин қаламрав пеш аз асри XI вуҷуд доштааст, аммо ягон нусхаи хаттии осори адабии шоирони асрҳои XI-XIV то замони муосир маҳфуз намондааст. Бо вуҷуди ин, муҳаққиқ баъдан дар пажуҳишҳои пасинаш аз шоири асри X Бадахшон Алӣ ибни Асад ёдовар мешавад. Амирбек Ҳабибов онро дар “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн” ном асари Носири Хусрав пайдо намудааст ва чунин мешуморад, ки ин намуна “аз рӯи санъати шеърӣ ва ороиши лафзӣ ба дараҷаи маълуме аз инкишофу тараққии адабиёти хаттӣ гувоҳӣ медиҳад” [А. Ҳабибов [ 3, 5-6].

Дар маҷмуаи “Ганҷи Бадахшон” ба таври умум дар бораи доираҳои адабии Бадахшон аз асри XV то ибтидои асри XX маълумот дода шуда, бори нахуст дар бораи шоирони соҳили рости дарёи Панҷ, ба мисли Назмӣ (асри XVIII, Шуғнон), Ҷаъфар (асри XIX, Шуғнон), Мубораки Вахонӣ (асри XIX, Вахон), Мирзообдиди Мирзо (асри XIX, дехаи Шидзи Рушон), Мулло Давлатшоҳ (асри XX, деҳаи Шидзи ноҳияи Рушон), Шамшери Вахонӣ (асри XX, Вахон), Шоҳфутур (асри XIX-XX, Поршневи Шуғнон) ва намунаҳои ашъори онҳо метавон маълумот пайдо намуд.

Дар солҳои 70-уми асри гузашта Амирбеков Ҳабибов баъд аз таҳқиқи таърихи адабиёти Бадахшон ковишҳои худро дар пайдо кардани аҳвол ва осори шуарои номакшуфи доираҳои адабии Ҳисор идома додааст. ки чопи китоби “Мероси адабии шоирони Ҳисор” соли 1974 натиҷаи ин пажуҳиш мебошад. Китоби мазкур бо муқаддимаи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Расул Ҳодизода оғоз гардидааст. Дар он доир ба аҳвол ва ашъори шоирони нимаи дуввуми асри XVIII ва ибтидои асри XX водии Ҳисор маълумот медиҳад. Профессор Расул Ҳодизода ба самараи меҳнати чандинсолаи муҳаққиқ баҳои баланд дода, қайд намудааст: “Дар гирдоварии ашъори парешон ва умуман мероси боқимондаи шоирони ин давр номзади илми филология Амирбек Ҳабибов дар қатори ҳамкорони худ чандин сол боз машғул аст. А. Ҳабибов аз соли 1960 инҷониб махсусан дар ҷамъ намудани мероси манзуми шоирони Кӯҳистон ва доираи адабии Ҳисор, ки дур аз Бухоро - маркази муҳимми адабии он давр мезистанду аммо ба дараҷае ба он марказ алоқаи эҷодӣ доштанд, машғул аст. Яке аз натиҷаҳои пурмаҳсултарини ҷустуҷӯҳои ӯ ҳамин матни мероси боқимондаи шоирони доираи адабии Ҳисор аст, ки аз чандин нусхаҳои хаттии баёзҳо, тазкираҳо, маҷмуаҳои гуногун ва ҷунгҳо ба даст омадааст. А. Ҳабибов ашъори шоиронро на танҳо аз нусхаҳои қаламӣ гирд овардааст, балки онро ба воситаи муқобала ва интиқоди матн ба андозаи зиёде тасҳеҳ намуда ба тартиби муайяне низ дохил намудааст”. [А. Ҳабибов 4, 3- 4]

Китоби “Мероси адабии шоирони Ҳисор” дар бораи доираҳои адабии ин водӣ, намояндагони барҷастаи адабиёти он ва вазъияти сиёсии минтақа баррасӣ менамояд. Нахустин бор ашъори парокандаи шоирони водии Ҳисор ба таври пурра аз ҷониби Амирбек Ҳабибов гирдоварӣ шуда, ҷанбаҳои гуногуни он таҳқиқу баррасӣ шудаанд.

Дар маҷмуа аҳвол ва ашъори шоирон Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Муҳаммад Раҷаби Парӣ, Тошхӯҷаи Ирсӣ, Мирзо Бобо, Ҷазбӣ, Музмар, Розӣ, Банда, Ғамгин, Бисмил, Шариф, Хатиб, Дабир, Ушшоқ, Ҳолӣ оварда шудааст.

Тавре қаблан зикр гардид, таҳқиқи адабиёти нимаи дуюми асри XVIII ва ибтидои асри XIX аз он ҷиҳат муҳим буд, зеро андешаи маъмулро, ки дар ин давра ҳаёти адабӣ аз рушд монда буд ва ҳеҷ як симои барастае дар назм ва наср арзи ҳастӣ нанамудааст, инкор мекард. Аз ин лиҳоз, пайдо намудани шоирони соҳибзавқ ва боистеъдоди ин давра дар манотиқи гуногуни Осиёи Миёна аз ҷониби муҳаққиқон, аз ҷумла, Ҳабибов А., баёнгари он буд, ки дар Мовароуннаҳр дар ҳама давру замон адабиёт дар фарҳанги ҷомиа мавқеи хосса доштааст. Ин вазифаи пурмасъулро пажушиҳгар дар доираи вазифаҳои илмии худ дар шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Расул Ҳодизода ба анҷом расонидааст.

Таҳқиқоти Амирбек Ҳабибов дар бораи таърихи адабиёти тоҷики Бухорои Шарқӣ дар асари илмии ӯ “Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ” инъикос ёфтааст. Ин асар соли 1984 ба нашр расида, дар он доираҳои адабии Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин ва Дарвоз, намояндагони барҷастаи ин доираҳои адабӣ, мазмуну ғояи ашъори онҳо, сабку услуби шеърофаринӣ, алоқаи адабии онҳо бо дигар доираҳои адабӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтааст.

Намунаи ашъори шуарои доираи адабии мазкур аз ҷониби муҳаққиқ дар маҷмуаи “Ганҷи парешон” гирдоварӣ шудааст, ки он низ соли 1984 ба нашр расидааст. Ин маҷмуа роҷеъ ба 63 нафар шоирони Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб, ки дар охири асри XVIII, асри XIX ва ибтидои асри XX зиндагӣ кардаанд, маълумот додааст.

Амирбек Ҳабибов дар ҷодаи мушкили таҳқиқоти ашъору аҳволи шоирони каммашҳури адабиёти тоҷик аз баёз, ҷунг, маҷмуа ва тазкираҳои мавҷудаи шоирон, нусхаҳои мухталифи дастнавис ва китобҳои чопии ҳамон асрҳо истифода намудааст. Ба қавли ӯ, аз ҳамаи манбаъҳои зикршуда намуди бо унвони “Баёз” дар феҳристҳо омада, барои гирдоварии ашъори пароканда бештар мусоидат намудааст. Баёзнависӣ дар асрҳои XVI, XVIII ва XIX равнақу ривоҷ ёфта мазмуну мундариҷаи хеле васеъ ва доманадор пайдо кардааст А. Ҳабибов [5, 3- 4].

Баёзи тартибдодаи муҳаққиқ Ҳабибов “Баёзи ҷавоҳироти сухан”, тавре ки худи ӯ зикр намудааст, низ бо риояи услуби баёзҳои анъанавӣ омода гардида ва дар он абёти гуногун аз баёзҳои асрҳои XVI, XVIII ва XIX фароҳам омадааст. Дар баёзи мураттиб бештар суханони ҳикматомези бузургонро, ки мазмуни тарбиявӣ ва ахлоқӣ доранд, интихоб намудааст. Илова бар ин, санъати сухан ва ҳусни гуфтори шоирон низ аз мадди назар берун намондааст. “Баёзи ҷавоҳироти сухан” шоҳбайтҳо, суханони пандомез, чистонҳо, латифаҳо ва ҳикоётҳои гуногунро дар бар гирифтааст. Ин китоб соли 1987 ба чоп расидааст, ки он беҳтарин намунаҳоро аз ашъори шуарои тоҷики давраҳои гуногун пешкаши хонандагон мегардонад.

Ҷанбаи дигари фаъолияти илмии муҳаққиқ Амирбек Ҳабибовро робитаҳои адабӣ ташкил медиҳад, ки ба пиндори мо, ҳангоми таҳқиқи аҳвол ва ашъори шоирони Бадахшон муҳаққиқ бисёр шоиронеро пайдо намудааст, ки бо доираҳои адабии Ҳиндустон иртиботи мустаҳкам доштанд, аз ин лиҳоз, муайян намудани вижагиҳои ин падидаи нодир барояш хеле ҷолиб буд, беш аз он маводи фаровоне низ гирдоварӣ карда буд. Натиҷаи таҳқиқоти масъалаи мазкур дар асари арзишманди ӯ “Аз таърихи равобити адабии Бадахшон бо Ҳиндустон” инъикос ёфтааст. Ин асар соли 1991 ба нашр расидааст, ки дар бораи шуарои асрҳои XVI то XVIII маълумот медиҳад. Ҳамчунин муаллиф ба таври мухтасар дар бораи пайдоиши шеъри форсӣ дар қаламрави Ҳиндустон зикр намудааст. Натиҷаи ковишҳо нишон додаанд, ки ки пеш аз асри XVI ва бахусус асрҳои XVI ва XVII байни ин ду сарзамин, яъне Бадахшон ва Ҳиндустон робитаҳои зичи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ равнақу ривоҷ ёфта, барои иртиботи адибону шоирон низ шароит фароҳам омадааст. Муҳаққиқ далелҳои зиёде овардааст, ки равобити зичи адибони ин ду сарзаминро собит месозанд. Ва бояд таъкид намуд, ки омӯзиши робитаҳои адабии Ҳиндустону Бадахшон хеле муҳим буд, зеро пеш аз ҳама, ин як давраи хоси таърихи адабиёти тоҷик ба шумор рафта ва пайдоиши сабки нав, яъне сабки ҳиндӣ маҳз ба рушди адабиёт дар ин кишвар рабт дорад, ки баъдан ин сабк дар доираҳои адабии дигар мамолики форсизабон низ густариш ёфт. Сониян, хусусиятҳои хоси ин равобит пеш аз ин мавриди омӯзиши илми адабиётшиносӣ қарор нагирифта буд, аз ин лиҳоз, анҷом додани чунин таҳқиқот метавнист ба паҳлуҳои гуногуни инкишофи адабиёти тоҷик дар замону макони гуногун равшанӣ андозад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Амирбек Ҳабибов дар инкишофи илму фарҳанги тоҷик саҳми бориз дорад. Мероси илмии ӯ, ки беш аз 25 асар, аз ҷумла, 10 монографияву рисолаҳои сирф илмӣ ва зиёда аз 350 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавро ташкил медиҳанд, бозгӯи хидмати арзандаи адабиётшиноси маъруф ва олими пуркор дар соҳаи адабиётшиносии тоҷик мебошанд.

Адабиёт:

1. А. Абибов. Ганҷи Зарафшон. Нашриёти Душанбе” Адиб” 1991.-543 с.

2. А. Ҳабибов. Ганҷи Бадахшон. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 318 с.

3. А. Ҳабибов Аз таърихи равобити адаби Бадахшон ва Ҳиндустон. – Душанбе: Дониш, 1991. - 171 с.

4. А. Ҳабибов. Мероси адабии шоирони Ҳисор. Нашриёти Душанбе “Дониш “1974.- 237с- с 3, 4.

5. А. Абибов Баёзи ҷавоҳироти сухан Нашриёти Душанбе “Маориф” 1987. – 139с - с 3, 4.

6. А. Ҳабибов Ганҷи Парешон. Нашриёти Душанбе “ Ирфон “ 1984.-302 с.

Латифов Собир Зарифбекович, ходими илмии шуъбаи забонҳои бостон ва ориёӣ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО