14 Nov 2025
Submitted by Admin
15

Ҳар сол барои бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърих, қаҳрамонони миллат, суханварон – донишмандони фарҳехтаи адабиёти бузурги тоҷику форс конфронсҳо ва ҷашнвораҳои хотирмон таҷлил мешаванд, ки ин иқдом олитарин арҷгузорист ба дирӯзу имрӯз ва фардои миллати тоҷик. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз чунин ҷашнҳои бошукӯҳ маҳсуб ёфта, ҳамасола аз ҷониби тоҷикистониён ботантана таҷлил мегардад. Рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян гардидааст ва аз ин санаи тақдирсоз марҳалаи нави давлатдории тоҷикон оғоз ёфта.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсатмадорию давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвар ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон нақши мондагору арзанда дорад. Фаъолияти пурсамар ва ғамхориҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ҳамчун роҳбар ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар тамоми самтҳои ҳаёт баръало дида мешаванд. Аз ҷумла, таҳкими андеша ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои таърихию фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба нобиғаҳои беҳамтои адабиёт барои ҳар фарди шарафманди тоҷик дастоварди бузурганд.

Пешвои миллат дар тамоми суханрониҳои худ таъкид мекунад, ки адабиёт сарчашмаи худшиносӣ ва ваҳдати миллист. Ба қавли ӯ: “Адабиёти тоҷик таърих ва сарнавишти мост. Миллате, ки аз адабиёти худ дур монад, аз решаи ҳастии худ ҷудо мегардад”. Ин иқдомҳо адабиётро ба сатҳи баланд бардоштанд ва барои насли ҷавон шароити мусоиди шинохти адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ фароҳам оварданд.

Соли 2023 Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зарурати дар ҳар хонадони тоҷик вуҷуд доштани “Шоҳнома”-ро матраҳ намуданд. Маҳз ҳамин дурандешию талошҳо ва таваҷҷӯҳи некхоҳонаи Пешвои миллат ба илм ва адабиёт имкон фароҳам овард, ки “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба теъдоди 1700000 нусха нашр шуда, ба ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон тӯҳфа карда шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани китоби “Шоҳнома” навиштаанд: “Имрӯз мо “Шоҳнома”-ро дубора чоп ва дастраси мардуми шарафманди тоҷик қарор медиҳем, ба ин умед, ки руҳи “Шоҳнома” ва афкору андешаҳои миллатсози ҳаким Фирдавсӣ вориди ҳар хонадони тоҷик гардида, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон худро дар назди давлати соҳибистиқлоли миллӣ масъул шуморад ва барои рушду пешрафти он тамоми нерӯ ва тавони худро сарф намояд... Бигзор чароғи “Шоҳнома”-и безавол дар токдони ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон фурӯзон бошад ва руҳи ватанхоҳию истиқлолталабии Фирдавсӣ мардуми моро дар бунёдкориҳои даврони Истиқлол ва таҳкими давлатдории навини миллӣ мадад фармояд ”.

Бояд зикр намоям, ки масъулияти ба чоп омода намудани “Шоҳнома” ба дӯши кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ вогузор карда шуд. Ин кори заҳматталаб бо роҳбарии директори Институти забон ва адабиёт, доктори илмҳои филология Шарифзода Фарангис ва ҳайати кормандони институт дар тӯли беш аз як сол анҷом ёфт ва ба нашр расид. Асоси он матни омоданамудаи Баҳром Сирус, Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ интихоб шуда, бо се матни дигар – чопи Маскав (Бертелс), Жюль Моль (Julius von Mohl) ва Ҷалол Холиқии Мутлақ муқоиса ва муқобала шуд, ки дар натиҷа матни хубе ба дасти мардуми тоҷик расид. Тасҳеҳи охирини матнро муҳаққиқи матшиноси шуъбаи таърихи адабиёт Мубашшир Акбарзод ба анҷом расониданд.

«Шоҳнома» на танҳо достони қаҳрамонию шоҳону паҳлавонон, балки ойинаи миллатнамо ва арзишҳои маънавии миллати тоҷик аст. Фирдавсӣ бо навиштани ин ҳамосаи бузурги худ арзишҳои миллӣ, ҳувият, забон ва таърихи ориёии тоҷиконро аз фаромӯшӣ наҷот дода, ҳамчунин мардумро ба худшиносию ваҳдати миллӣ даъват намудааст. Вақте ки “Шоҳнома”-ро мутолиа мекунем, дарк мекунем, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби Фирдавсӣ ва фаъолияти эҳёгаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам пайванди мустаҳкаме доранд. Адиби бузурги форсу тоҷик бо офаридани асари ҷовидонаи худ пояҳои худшиносию ифтихори миллӣ ва забоншиносии тоҷиконро барои ҳазорсолаҳо устувор гардонид. Дар асри навин, ки миллатҳо бо таҷдиди ҳувият ва арзишҳои худ ба саҳнаи ҷаҳонӣ мебароянд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷидду ҷаҳди илмию фарҳангӣ ва сиёсати миллӣ, роҳи эҳёи ҳамин арзишҳоро идома додаанд. Дар сиёсати Пешвои миллат низ ҳамин эҳсоси муқаддас будани Ватан ҷойгоҳи марказӣ дорад. Эшон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки “муҳаббат ба Ватан, муҳаббат ба Модар аст”. Барномаҳои густардаи ободонии шаҳру деҳот, эҳёи ҷойҳои таърихӣ, сохтмони роҳҳо ва зебосозии Тоҷикистони азиз ин ҳамон эҳсоси поку обод нигоҳ доштани марзу буми Ватан аз шеъри Фирдавсист.

Дар “Шоҳнома” қаҳрамонҳо на барои манфиати шахсӣ, балки барои бақои ватан ва ҳимояи арзишҳои миллӣ мубориза мебаранд. Ин мафҳуми ватандӯстӣ дар сиёсати Пешвои миллат низ ба таври амалӣ ифода меёбад. Таваҷҷӯҳ ба истиқлоли миллӣ, ташаккули Артиши миллӣ, эҳёи шаҳрҳои таърихӣ ва таъсиси мактабҳои таҳқиқи адабиёт, ҳама идомаи ҳамон рӯҳи ватандӯстонаи “Шоҳнома”-анд. Аз ин рӯ, “Шоҳнома” имрӯз низ ҳамчун китоби роҳнамои маънавии сиёсати миллӣ ва фарҳангии Тоҷикистон арзишманд аст. Чунонки гуфтаанд:

Зи “Шаҳнома” гӯ, ки пуровоза аст,

Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст.

Пайванди фикрӣ ва меҳанпарастӣ миёни Фирдавсӣ ва Пешвои миллат як ҷараёни таърихист, ки реша дар худшиносии миллӣ ва ифтихори фарҳангӣ дорад. Агар Фирдавсӣ бо қудрати қалам миллатро бедор сохт, Пешвои миллат бо қудрати амал онро эҳё менамояд. Ӯ ин андешаро дар шакли сиёсати миллии таълиму тарбияи насли худшинос, омӯзиши таърихи миллӣ ва ифтихори ватандорӣ амалӣ месозад. Тавре ки дар барномаи “Стратегияи миллии рушди маориф” таъкид шудааст, худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ пояи пешрафтанд. Ин аст, ки имрӯз садоқат ба Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар арзиши муқаддас гардидааст. Аз ин ба натиҷае мерасем, ки ҳарду дар ду марҳалаи таърихӣ рисолати худро иҷро карданд — яке бо сухан ва дигаре бо сиёсат.

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз оғози фаъолияти худ, бо такя ба ҳамин ҷаҳонбинии миллӣ ва арзишҳои фарҳангии ниёгон, роҳи эҳёи маънавияти тоҷиконро пеш гирифтаанд. Иқдомоти эшон дар эҳёи забони давлатӣ, таҷлили ҷашни 1100-солагии Фирдавсӣ (соли 2010), барқарор кардани Маҷмааи фарҳангии Фирдавсӣ дар Душанбе ва дастгирии пажӯҳишҳои академӣ оид ба “Шоҳнома” шаҳодати равшани ин пайванди фикрӣ мебошад. Дар суханрониҳои Пешвои миллат борҳо таъкид мешавад, ки “Шоҳнома” на танҳо асари адабӣ, балки “санади давлатдорӣ ва рамзи ифтихори миллӣ”-и тоҷикон аст.

Пайвастагии миёни ғояҳои “Шоҳнома” ва фаъолияти Пешвои миллат дар эҳёи забон, фарҳанг, таърих ва давлатдории тоҷикон, мавзуи муҳим ва таҳқиқоти ҷолиби илмист.

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сиёсатмадори бузург, балки парастори воқеии адабиёт ва фарҳанги тоҷик аст. Мутобиқи амри ӯ дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор мешавад, ки ин боз як қадам ба пеш гузоштани мардуми тоҷик дар арсаи худшиносию меҳанпарастист.

Давлатова Холида, ходими калони илмии шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО