01 Nov 2025
Submitted by Admin
57

Дар охири солҳои панҷоҳум ва ибтидои солҳои шастуми садаи XX дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба масъалаи истилоҳот ва махсусан ҳамгунсозии истилоҳоти забонҳои Иттиҳоди Шуравӣ бо мақсади русикунии он тадбирҳое амалӣ гардид ва дар ин замина Қарори Шурои Вазирон (№16 аз 11-уми январи соли 1965) низ қабул гардид. Дар Тоҷикистон низ Кумитаи итстилоҳот (22-юми июни соли 1960) дар назди Раёсати АИҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт ва донишмандони соҳаҳои мухталифи илми тоҷик барои фаъолият дар соҳаи истилоҳсозӣ ба ин «Комитети терминология» ҷалб шуданд. Фаъолияти устод Шакурӣ ҳамчун истилоҳшинос маҳз аз ҳамин давра оғоз меёбад.

Соли 1968 академик М. Шакурӣ мушоҳидаҳои тӯлонии хешро дар ин маврид аввал дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1968), сипас дар шакли китоб бо номи «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» (Шукуров М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад, Душанбе, 1985) ва дертар бо такмилу иловаҳои нав (1985) чоп карда, дар он «масъалаи тозагии забон ва ҳусни гуфтор»-ро на танҳо масъалаи илмию фарҳангӣ ва «вазифаи ҳар як зиёии тоҷик», балки онро «масъалаи муҳимми давлатӣ ва сиёсӣ» арзёбӣ мекунад.

Вале ба масъалаҳои истилоҳшиносӣ ва истилоҳсозӣ М. Шакурӣ ба таври ҷиддӣ солҳои 60-ум машғул мешавад. Нуқтаи оғози онро ба гумони мо бояд аз соли 1964 ҳисоб кард. 6-уми октябри ҳамон сол ӯ дар Конференсияи умумии забоншиносони ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Чанд мулоҳиза оид ба терминологияи тоҷикӣ» (Шукуров М. Чанд мулоҳиза оид ба терминологияи тоҷикӣ // Маориф ва маданият, 10 октябри 1964) баромад мекунад.

Моҳи октябри соли 1964 (6-уми октябр) дар шаҳри Душанбе конференсияи умумиҷумҳурии забоншиносӣ доир гардид, ки баъд аз Анҷумани забоншиносии соли 1930 дувумин рӯйдоди муҳим дар фаъолияти фарҳангии ҷумҳурӣ дар солҳои Шуравӣ буд. Ҳарчанд ки баргузоркунандагони ин конференсия даъвати онро баъд аз «совешчания»-ҳои соли 1938 (ду совешчания), ки асосан барои иваз кардани алифбои лотинӣ ба русӣ ва ба сиёсати рӯз мутобиқ гардонидани масъалаҳои грамматика, имло ва истилоҳоти тоҷикӣ даъват гардида буданд, идомаи мантиқии сиёсати забонии ҳамон давра медонистанд, вале сатҳи баргузорӣ, ширкати васеи кормандони риштаи филологияи ҷумҳурӣ, масъалагузории он ба сатҳи анҷумани забоншиносӣ баробар будани ин конференсия далолат мекард. Дар кори ин конференсия «ҷонишини Раиси Совети Вазирони» Тоҷикистон М. Каримова ва «мудири шуъбаи илм ва маданияти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон рафиқ Р. Додобоев», иштирок доштанд, ки аз муҳиммияти масъалаҳои баррасишаванда дарак медод. Маърӯзаи асосии конференсия таҳти унвони «Вазъияти забоншиносӣ ва вазифаҳои забоншиносони тоҷик» аз тарафи академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Ниёзмуҳаммадов пешниҳод гардид. Он аз бахшҳои «Шевашиносӣ», «Оид ба грамматикаи забони адабии тоҷикӣ», «Луғатшиносӣ», «Масъалаи терминология ва имло» иборат буда, як навъ ҳисоботи фаъолияти илмиву тадқиқотии Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ дар солҳои охир буд. Ба ғайр аз маърӯзаи асосӣ чанд маърӯзаи иловагии дигар пешниҳод гардид, ки дар байни онҳо маърӯзаҳои устоди зиндаёд Ҳилол Каримов таҳти унвони «Дар бораи роли забони русӣ дар тараққиёти забони ҳозираи тоҷикӣ» ва устоди фақид Муҳаммадҷон Шакурӣ бо номи «Оид ба масъалаҳои терминологияи забони ҳозираи тоҷикӣ» ба сиёсати рӯз ҳамнаво ва хотирмон буданд. Дар ҷараёни ин конференсия нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, олимону донишмандон Ҳусейнзода Ш., Табаров С., Фозилов, Ҷалолов, Бухоризода ва дигарон суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ баён доштанд. Албатта, дар ин мақола ба тамоми масъалаҳои мавриди баҳси ин конференсия равшанӣ андохтан аз имкон берун аст. Бинобар ин кӯшиш мешавад, ки бештар оид ба сабабҳои даъвати ин конференсия ва муносибати баргузоркунандагони конференсияи мазкур ба масъалаҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ ва роҳҳои ташаккулу ҳамгунсозии онҳо равшанӣ андозем.

Аз охири солҳои 50-уми садаи гузашта дар рушду такомули забони тоҷикӣ, аз ҷумла шохаи истилоҳсозии он як нав ҷунбу ҷӯши эҳтиёткорона дар шакли руҷуъ ба манбаи миллӣ ва ислоҳи баъзе истилоҳоти нодуруст ва ҳамчунин кӯшиши камҷуръатонаи истифодаи луғоту истилоҳоти навсохти иҷтимоӣ ва сиёсии ҳамзабонон пайдо мешавад. Омилҳои барангезонда ва сабабҳои асосии ин ҷараён ба назари мо чунин буданд:

Зери таъсири ин авомил дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллот кам-кам суханон фаромӯшшуда ва истилоҳоти нав пайдо шуд, ки дар муқобили луғату истилоҳоти русӣ истифода гардиданд, аз қабили «анҷуман» ба ҷои «съезд», «донишгоҳ» ба ҷои «университет», «донишҷӯ» ба ҷои «студент» ва ғайра. Ин кор ҳанӯз ҷанбаи расмӣ надошта, балки ташаббуси ашхоси алоҳида буд.

Ана ҳамин ташаббуси шахсони алоҳида ва истифодаи васеи калимаву вожаҳои навомад дар байни омма ва аз ҳама муҳимтар зери таъсири омилҳои нармиши сиёсии солҳои панҷоҳуми садаи ХХ пайдо шудани равия ва ақидаҳои асосноки илмӣ оид ба роҳҳои рушди табиии забони тоҷикӣ, истифодаи бештар аз захираҳои дохилии забон дар истилоҳсозӣ, ба асолати таърихии густариши забон рӯй овардани шумораи бештари адибону донишмандони ҷавон боис шуд, ки дастгоҳи идеологии вақт ба даъвати чунин конференсия иқдом кунад. Инро мо дар худи матни маърузаҳои асосӣ ва иловагии конференсия низ дида метавонем. Қисмати бештари маърузаи асоси ба ҳисоботи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ бахшида шуда, фақат дар бахши «Масъалаи терминология ва имло» мо равиш ва ақидаи сиёсии сухангӯйро (Ниёзмуҳаммадов Б) эҳсос мекунем. Ӯ дар ин бахш мегӯяд: «Дар кор фармудани термину калимаҳо солҳои охир як камбудии ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Ҳоло терминҳои донишкада, донишгоҳ, донишҷӯй ва ғайраҳо дар матбуот, нашриёт ва радиою телевизиони республикаамон фаровон ба кор бурда мешаванд. Аз ин терминҳо донишкада ва донишгоҳ ба ҷои мактабҳои олӣ, донишҷӯй ба ҷои студент ба кор бурда мешавад.

Терминҳои мавҷудаи советӣ ва интернатсионалӣ ба ҳама мафҳум буда, худсарона ба терминҳои номафҳум ва бегона иваз кардани онҳо ғалат аст ва хеҷ кас ҳақ надорад, ки онҳоро бо ихтиёри худ иваз намояд ва ё тағъир диҳад». Тавре ки аз ин иқтибос бармеояд, Б. Ниёзмуҳаммадов истилоҳҳои «донишкада», «донишгоҳ» ва «донишҷӯй» -ро истилоҳҳои «номафҳум» ва «бегона» ҳисобида, истилоҳҳои советиву интернатсионалии «студент» «университет» «институт» ба қавли ӯ истилоҳҳои «ба ҳама мафҳум» мебошанд. Ӯ истифодаи истилоҳхои ноби тоҷикиро дар матбуоти кишвар «як камбудии ҷиддӣ» ҳисоб мекунад. Сухангӯи дигар номзади илми филологӣ Муҳаммадҷон Шукуров «Оид ба масъалаҳои терминологияи забони ҳозираи тоҷик суханронӣ карда, эҳтиёткорона амал намуда, доир ба ин мавзӯъ аз ҷумла чунин мегӯяд: «Баъзан дар забони тоҷикӣ мактаби олиро донишкада, программаро барнома, самолётро ҳавопаймо низ мегӯянд. Ба фикри мо, бо мақсади таъмини якхелагии истилоҳот истеъмоли ин калимаҳоро манъ кардан лозим нест. Мо чун истилоҳ калимаҳои «институт», «университет», «программа», «самолёт»-ро қабул кардаем. Агар номи институтеро гуфтанӣ бошем, масалан мегӯем: Институти педагогии давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко. Лекин дар дигар мавридҳо бо мақсадҳои услубӣ калимаи «донишкада»-ро низ кор фармудан мумкин аст. Ё ки «Программаи КПСС»-ро барномаи КПСС гуфтан ҳаргиз мумкин нест, вале дар радио ибораи «барномаи кӯдакон», «барномаи занон» ва ғайра ҷоиз аст». Масъалаи ҳамгунсозии истилоҳот низ яке аз масъалаҳои асосии бахши истилоҳшиносии ин конференсия буд. Ба қавли устод Шакурӣ «яке аз вазифаҳои муҳими мо таъмини якхелагии истилоҳот аст…. дар таъмини якхелагии он эҳтиёт шудан лозим аст». Ӯ дар ҳамгунсозии истилоҳот дугонагиро роҳ дода пешниҳод менамояд, ки дар ҳолатҳои расмӣ, масалан, дар навишти номи идораҳо ва номгӯи истилоҳҳои муҳим ҳамон шакли қабулшудаи иқтибосии русиро нигоҳ дорем ва фақат дар ҳолатҳои ғайрирасмӣ ва навишти озоди мафҳумҳо истилоҳҳои навомадро истифода кунем. Дар ин бахш ӯ ба забони русӣ ва истифодаи таҷрубаҳои он дар истилоҳшиносӣ бартарӣ медиҳад. Ӯ менависад: «Истилоҳоти тамоми халқҳои СССР ба он истилоҳоте, ки дар забони русӣ қабул шудаанд, бояд то ҳадди имкон наздик бошад, то ки аз комёбиҳои илми советӣ баҳраманд гардидани фарзандони халқҳои гуногуни Ватани мо осон шавад». Дар маърӯзаи устод Шакурӣ пешниҳодҳои ҷолиби илмӣ барои таҳияи истилоҳоти илмӣ, муайян кардани принсипҳо ва усулҳои асосии истилоҳоти забони тоҷикӣ, иштироки мутахассисони забоншинос дар таҳияи фарҳангҳои соҳавӣ дида мешавад, ки мутаассифона, то ба ҳол бархе аз онҳо амалӣ нашудаанд.

Дар ҳамин мақола устод чанд нуқтаи муҳими илмиро ироа доштааст, ки дар он замона гуфтан ва чоп кардани онҳо хеле ҷасуриву қаҳрамониро талаб мекард. Аз ҷумла, устод доир ба истифодаи ҳарчи бештар аз захираҳои дохилии забонамон сухан гуфта ин масъаларо ӯ асоси густариши истилоҳоти забон медонад. Дар намунаи истилоҳоти ситорашиносӣ устод Шакурӣ исбот мекунад, ки рӯ овардан ба омузиш ва пажуҳиши осори адабиёти классикӣ ва дар асоси онҳо омухтан ва интихоб кардани истилоҳоти забон яке аз василаҳои асосии мустаҳкам кардани пояҳои илмии истилоҳсозии забони тоҷикӣ мебошад. Ӯ менависад: «Яке аз шартҳои принсипи илмии терминология ин аст, ки аввал роҳҳои асосии истилоҳсозии халқӣ ва классикиро муайян кардан лозим аст. Мо аввал бояд донем, ки халқи тоҷик бо кадом роҳҳо истилоҳ месохт, чунончи истилоҳоти деҳқонӣ, бинокорӣ, заргарӣ, мисгарӣ ва ғайра ба чӣ тариқ сохта шудаанд. Албатта истилоҳсозии мисгарони пештараро ба истилоҳоти илму техникаи имрӯза айнан татбиқ кардан мумкин нест. Вале бо камоли боварӣ бояд гуфт, ки дар истилоҳоти ҳунармандони пештара бисёр ганҷинаҳо пинҳон аст, онҳоро ошкор кардан лозим аст».

Солҳои 90-ум ва махсусан баъди ба истиқлолият расидани Тоҷикистон, ки сарварии Кумитаи истилоҳоти таҷдидшудаи назди АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши эшон гузошта мешавад, таваҷҷуҳи ӯ ба ин масъала бештар гардида, истилоҳсозӣ дар эҷодиёташ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Акнун дар китоби дигари худ «Забони мо – ҳастии мост» (Шукуров М. Забони мо ҳастии мост, Душанбе, 1991) фасли алоҳидаеро ба «Истилоҳот ва маданияти сухан» (Шукуров М. Забони мо ҳастии мост, Душанбе, 1991) бахшида, андешаҳои худро перомуни имлои истилоҳоти «советӣ-интернатсионалистӣ», принсипҳои тарҷума кардани баъзе истилоҳоти «ҷамъиятию сиёсӣ», шаклҳои номатлуби истилоҳ¬созӣ бо суффиксҳои «-кунӣ», «-шавӣ», истифодаи таҷрибаи гузаштагон ва ғайра баён мекунад.

Дар китоби дигари худ М. Шакурӣ «Хуросон аст ин ҷо» (Шукуров М. Хуросон аст ин ҷо, Душанбе, 1997) боз ба масъалаи истилоҳсозӣ рӯй оварда, дар як фасли он ба номи «Истилоҳот ва забони миллӣ» (Шукуров М. Хуросон аст ин ҷо, Душанбе, 1997) муфассалтар даст¬овард¬ҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ин риштаро мавриди бар¬расӣ қарор медиҳад. Муаллиф дар ин гуфтор омӯзиши ҷараёни истилоҳсозии забони муосири тоҷикӣ ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи онро аз дидгоҳи нав таъкид менамояд.

Дар маҷмуъ боби мазкур сайри мухтасарест дар таърихи Кумитаи истилоҳот, махсусан фаъолияти пурсамари он дар солҳои 90-ум ва принсипҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ дар даврони шуравӣ. Ҳамзамон муаллиф дар он андешаҳои худро дар мавриди «пайомадҳои нораво» ва шеваҳои номат¬луби иқтибосгирӣ аз забони русӣ, «тарҷумазадагӣ», «сафар-барии имконоти забони миллӣ ва неруҳои эҷодкори он», бархурд бо луғот ва истилоҳоти навсохти ҳамзабонон ва амсоли онро баён намуда, ислоҳи онҳоро дар асоси усулҳои пазируфташудаи илмӣ зарур мешуморад.

Марҳилаи асосии фаъолияти устоди бузургвор М.Шакурӣ дар бахши истилоҳшиносӣ аз давраи сарварии Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶШС ва баъдан ҶТ оғоз мешавад.

Нармиши сиёсати «бозсозӣ»-и М. Горбачев дар масъа- лаҳои идеологӣ ба мардуми ҷумҳуриҳои миллии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ имконият дод, ки каму беш нисбат ба фарҳанг, адабиёт ва махсусан забони модарии хеш, ки рӯз то рӯз дар чаҳорчӯбаи хона ва оила маҳдуд мешуд, бидуни таассуботи сиёсии солҳои пешин чун «адабиёти шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ» ва ё принсипҳои дар истилоҳгузинӣ ҳоким, ки сарчашмаи асосии ташаккул ва такомули истилоҳоти нави иҷтимоӣ-сиёсӣ забони русиро мешинохт, ба воқеиятҳои таърихӣ рӯй оварда, ҳангоми баррасӣ ва арзёбии ифтихороти миллии худ илмро бар сиёсат тарҷеҳ диҳанд. Ин ҷунбиш дар Тоҷикистон тайи солҳои 1986-1990 бисёр қувват гирифт ва дар асари сайъу кӯшишҳои равшанфикрон ва дастгирии аксарияти мардум Қонуни забон (1989) қабул шуд ва забони тоҷикӣ (форсӣ) забони давлатии РСС Тоҷикистон эълон гардид.

Пас аз он ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, бо ташаббуси аҳли фан Раёсати Академияи илмҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурӣ хоҳиш намуд, ки мақоми маркази истилоҳсозӣ баланд бардошта шуда, ба як созмони мустақил табдил дода шавад. Бори охир дар даврони шуравӣ Фармоиши Совети Вазирони Тоҷикистон (№ 314 р, 12-уми декабри соли 1990) дар мавриди табдили маркази мавҷудаи истилоҳсозӣ ба «Кумитаи ҷумҳурии истилоҳот дар назди Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон» содир шуд. Фармоиши мазкур ба Кумита ҳуқуқ ва салоҳиятҳои бисёр васеъ дода, иҷрои қарорҳои онро дар масъалаи истилоҳсозӣ барои ҳамаи созмону ташкилотҳои расмӣ ҳатмӣ муқаррар намуд.

Муҳимтар аз ҳама он буд, ки мувофиқи ин Фармоиш «истилоҳот, луғот ва таркибот дар асноди расмӣ, матбуот ва дигар васоити иттилооти ҷамъӣ ва ҳамчунин дар адабиёти таълимӣ ва методӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) бидуни мувофиқаи Кумитаи мазкур набояд ба кор бурда» мешуданд.

Назар ба аҳамият ва нақши ин Кумита яке аз дониш- мандони шинохта академик М. Шукуров раиси он интихоб гардид ва олимони варзидаи соҳаҳои гуногуни илм, забон- шиносон ва ҷомеашиносон, шоиру нависандагони машҳури ҷумҳурӣ чун М. Осимӣ, М. Диноршоев, М. Қаноат, Л. Шералӣ, Ш. Рустамов, Р. Ғаффоров, Ғ. Ашуров, М. Ҳоҷимуҳаммад, А. Мухторов, С. Қодирӣ, Ҷ. Азизқулов, Х. Ҳамидов ва дигарон барои роҳбарӣ ва ҳамкорӣ ба кори Кумита даъват ва ҷалб гардиданд.

Фаъолияти Кумита ба хусус дар солҳои аввали соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон бисёр пурсамар буд. Зеро истилоҳҷӯёну истилоҳсозон акнун бидуни монеа ва мамониат ба кори салими илмӣ пардохтанд. Аз ҷониби дигар, масъулияти истилоҳсозон ва созмондиҳандагони он дар ин давра хеле афзуд. Зеро забони тоҷикӣ забони давлати мустақили аз тарафи ҷомеаи чаҳонӣ расман шинохташуда гардида буд ва мутаносибан ба ин як силсила истилоҳот ва мафҳумҳои нави иҷтимоӣ-сиёсӣ пайдо шуд, ки дар системаи истилоҳсозии собиқа мавҷуд набуданд. Дар айни ҳол кор- гузорӣ дар мақомоти расмӣ ва ғайрирасмӣ ба забони давлатӣ сурат мегирифт ва мукотибот ва санадҳои ҳуқуқӣ ва байнидавлатӣ ба ин забон таҳия ва тартиб мешуд. Кумита бо дарки ин масъулият ба кор оғоз карда, сарфи назар аз мушкилоти солҳои аввали истиқлолият тайи солҳои 1991-1996 ба комёбиҳои қобили мулоҳиза ноил шуд. Дар ин муддат кормандони Кумита ба таҳияи истилоҳоти нави коргузорӣ барои корхонаву муассисаҳо ва вазорату идораҳо машғул шуд. Ба муносибати дар ҷумҳурӣ ҷорӣ гардидани идораи президентӣ ва дигар шудани низому сохтори давлатӣ ва таъсиси парламенти дупалатии Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ, қабули Қонуни асосии ҷумҳурӣ ва дигар дигаргуниҳои созмонӣ ва сохторӣ, аз тарафи Кумита номи нави вазорату идора ва кумитаҳо, истилоҳоти Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз муҳокима ва тасдиқ ба мақомоти марбута фиристода шуданд. Тайи солҳои мавҷудияти худ Кумита дар кори таҳияву тадвин ва ё тақризу таҳрири 29 луғатномаҳои хурду калон ва ё соҳавии дузабонаи русӣ – тоҷикӣ, англисӣ – тоҷикӣ иштирок намуда, пас аз баррасӣ онҳоро ба чоп тавсия кардааст.

Сарчашмаҳои забони аслро устод яке аз муҳимтарин манбаи интихоби истилоҳот шумурда, қайд мекунад, ки «... нахустин вазифа дар кори ба вуҷуд овардани истилоҳот ин аст: василаҳои худии забони форсии тоҷикиро то ҳадди имкон истифода карда фаъол бояд дошт, то ки истилоҳсозӣ яке аз василаҳои асосии инкишофи забон бошад. Мо бояд истилоҳоти миллӣ ба вуҷуд биёварем, ки на танҳо барои инкишофи илм ва ташаккули забони илмии форсии тоҷикӣ, балки барои тараққии забони миллӣ ва фарҳанги миллат ҳам хидмат кунад». (Шукуров М. Хуросон аст ин ҷо, Душанбе, 1997, с. 247)

Масъалаи вомгирии истилоҳот низ яке аз дигар масъалаҳои муҳимми истилоҳсозӣ буда, илова бар ин чунон ки устод М. Шакурӣ менависад «…дар ҳар забоне ахзу иқтибос ва ориягирӣ ногузир аст ва дар баъзе шохаҳои истилоҳот фаровон роҳ меёбад. Ин ҳақиқати бебаҳс аст ва дар бисёр мавридҳо ҷои гурез аз он нахоҳем ёфт». (Шакурӣ Муҳаммадҷон. Хуросон аст ин ҷо, Душанбе, 1997. с. 267.)

Устод дар асари худ «Хуросон аст ин ҷо» масъули¬яти истилоҳсозонро дар баробари инкишоф ва «камолоти забони миллӣ» таъкид карда, чунин менависад: «Масъалаи истилоҳот фақат ин нест, ки барои ифодаи як мафҳуми илмӣ ё иҷтимоиву сиёсӣ калимае биёбем ва муодиле омода созем, балки масъалаи бузургест, ки ҳалли баъзе масъалаҳои муҳимми тараққии забони миллӣ ба он вобаста аст, яъне ҳастии маънавии миллатро дахл мекунад. Ба истилоҳот аз ҳамин дидгоҳ нигоҳ кардан зарур аст ва бо чунин мақсадҳое барои иҷрои вазифа камар бастан лозим аст.» ( Шукуров М. Хуросон аст ин ҷо, Душанбе, 1997, с. 267.)

Хулоса, нақши устод Шакурӣ дар рушду такомули истилоҳоти забони тоҷикӣ дар нимаи дуюми садаи XX ва ибтидои асри XXI бениҳоят бузург буда, ӯ яке аз поягузорони илми истилоҳшиносии тоҷик мебошад.

Назарзода Сайфиддин, доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО