29 Dec 2024
Submitted by Admin
116

Паёми нави Пешвои миллат, ки рӯзи 28-уми дкабри соли 2024 ироа шуд, саршори нуктаҳои муҳим, андешаҳои тоза, тарҳҳои стратегӣ, оянданигарии ҳакимона ва пандҳои ибратомӯз ва ҳидояткунанда буд. Пешвои миллат камбуду комёбиҳои солонаро дар бахшҳои сиёсат, иҷтисод, иҷтимоъ ва фарҳангу маорифи кишвар бо диққат таҳлилу арзёбӣ намуда, барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ дастуру супоришҳои муфид ироа намуданд. Аз таҳлилу фактҳое, ки дар паёми имсола оид ба бахшҳои гуногуни кишвардорӣ баён гардид, бармеояд, ки фаъолияти як соли гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистон қаноатбахшу умедворкунанда аст. Хабари афзоиши нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакат аз 39 миллиард сомонӣ дар соли 2019 ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024 баёнгари беҳтар шудани шароити зиндагии мардумро дорад. Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дастовардро оғози кор дониста, ба “Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар шароити болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ Барномаи амнияти озуқавории мамлакатро барои панҷ соли оянда қабул ва амалӣ намоянд”. Ин як пешниҳоди бисёр муҳим ва зарурӣ аст, зеро беҳтар шудани шароити иҷтимоии аҳолӣ роҳро барои тақвияти системаи фарҳанг ва маориф мекушояд, зеро беҳбудии вазъи маъишӣ ва иҷтимоии муаллимон заминаро барои тарбия ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос фароҳам хоҳад кард. Иҷтимои инсонҳо низ монанди организми як инсон аст, ки дар сурати пайдо шудани иллат дар як узви бадан фаъолияти дигар узвҳо низ фалаҷ мегардад. Саъдии Шерозӣ беҳуда нафармудааст, ки:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Дар ин Паём Пешвои муаззам бар зарурати тарбияи кадрҳои баландихтисос таъкиди вижа намуда, диққати аҳли маорифро ба ин масъала ҷалб намуданд. Қобили зикр аст, ки сарнавишту сарбаландии миллатҳоро дар ҷаҳони муосир аз рӯи тасаллут ва дастрасиашон ба технологияҳои электронӣ ва истифода аз ҳуши маснуъӣ муайян мекунанд. Ҳар миллате, ки дар ин арса рушд накунад дар оянда ва дар тасмимгириҳои низоми байналмилалӣ ҳеч ҷойгоҳе нахоҳад дошт. Бино бар зарурати ҳамин мавзуъ ва вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат ба дурустӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад. Ба назар мерасад, ки Ҳукумат барои амалӣ намудани ин тарҳ чораҳои зарурӣ ва иловагӣ низ аз пеш андешидааст. Бино бар ин дар Паём матраҳ гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои номбурда дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Ин донишгоҳ дар оянда ба пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисон дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ табдил хоҳад шуд.

Пешвои муаззами миллат дар идома эълон кард, ки Тоҷикистон ба марҳалаи нави тараққиёт ворид гардида, нақшаҳои бузурги созандагӣ дар ҳоли иҷро ҳастанд. Барои дастёбӣ ба ҳадафҳои калони стратегӣ ва саноатикунонии мамлакат ҳамзамон бояд мақсадҳои дигаре низ аз қабили ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташаккули иқтисоди сабз, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва пардохтҳои ғайринақдию элктронӣ, тақвияти эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкдории кишвар, ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва истифода аз фанновариҳои зеҳни мансуъӣ амалӣ гардад. Тамоми ин ҳадафҳо аз тарафи вазорату ниҳодҳои дахлдор дар қолаби нақшаҳои панҷсола барномарезӣ хоҳад шуд. Ин тавсияҳо нишондиҳандаи огоҳӣ ва тадбиру хиради созандаи Пешвои миллат аст, ки барои амалӣ гаштани ҳадафҳои бузург шароит ва заминаҳои иҷроиши онҳоро низ дурандешона дар назар мегирад. Ин суннати дерина дар сифати подшоҳони пешдодӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба хубӣ зикр шудааст, ки бо кумаки ақлу дониш розҳои пӯшидаи ҷаҳонро ошкор намудаанд. Дар “Шоҳнома” Фирдавсӣ аз номи шоҳ Таҳмурас чунин мегӯяд:

Ҳар он чиз к-андар ҷаҳон судманд,

Кунам ошкоро, гушоям зи банд.

Шаке нест, ки дар тӯли асрҳо розҳои пӯшидаи ҳастӣ танҳо бо кумаки ақлу хиради инсон кушода шудаанд:

Нигаҳдори тан бошу они хирад,

Ки ҷонро ба дониш хирад парварад.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат барои намуна аз кишвари кӯчаке ном бурд, ки бо такя бар илму дониш ва равнақи илму маориф дар ҷаҳон ҷойгоҳи баланде касб намуда, аз манфиатҳои миллии хеш моҳирона ҳимоят мекунад.

Мусаллам аст, ки анҷоми чунин корҳо ва нақшаҳои бузург ба ҷаҳонбинии васеи илмӣ, ахлоқи ҳамида ва маҳорати касбӣ ниёзманд аст, вагарна бе вуҷуди онҳо амалӣ кардани нақшаҳои калон ғайримумкин аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат масъалаи мактабу маорифро дар садри барномаҳои давлатӣ қарор дод ва бар зарурати ташаккулу такомули ин соҳа таъкид карду афзуд: “То вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд”. Дар ҳақиқат афроде, ки аз авзои замона огоҳии камтаре дошта бошанд, зудтар таҳти таъсири идеологияҳои бегона қарор мегиранд. Эроншоҳи Абулхайр дар ин замина байти зебое дорад, ки мегӯяд:

Накӯ гуфт дастури бо фарру зеб,

Ки нодон сабуктар пазирад фиреб!

Дар фарҷом изҳори умед мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон соҳибистиқлол бо эҳсоси масъулият тамоми бахшҳои Паёми имсоларо бо диққат мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри иҷрои он камари ҳиммат бубанданд, зеро амалӣ шудани нуктаҳои он заминаро барои рӯзгори босаодати ҳар яки мо фароҳам хоҳад кард.

Зиҳӣ, Пешвои муаззами миллат ва поянда бод Тоҷикистони азиз!

Туро зебад шукӯҳи пешвоӣ!

Барои халқ мактаб мекушоӣ,

Ки аз мактаб барояд рӯшноӣ,

Муҳаббат, ишқ, дарси ошноӣ,

Ҳамин аст роҳу расми порсоӣ,

Туро зебад шукӯҳи пешвоӣ!

Зи мактаб халқи олам сарфароз аст,

Зи мактаб дидаву пешона боз аст,

Ба мактаб одамиятро ниёз аст,

Ки дар мактаб ҳазорон рамзу роз аст,

Барад аз дил ғубори бевафоӣ.

Касе мактаб кушояд раҳнамо аст,

Касе мактаб кушояд порсо аст,

Касе мактаб кушояд бовафо аст,

Касе мактаб кушояд бо Худо аст,

Ба мактабхона шоҳ ояд гадоӣ.

Аз он рӯзе, ки дунё мустанад шуд,

Аён дар чашми олам неку бад шуд,

Хиромон моҳ дар бурҷи Асад шуд,

Ҷаҳон обод аз нури хирад шуд,

Хирадмандист рамзи ориёӣ.

Аё фарзанди ман, боз о, ба мактаб,

Чу симурғе ба парвоз о, ба мактаб,

Зи Вахшу Ванҷу Дарвоз о, ба мактаб,

Зи Марву Балху Шероз о, ба мактаб,

Зи мактаб ақл гирад рӯшноӣ.

“Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем”,

Ки мо нури хирадро посбонем,

Зи Айнӣ соҳиби ному нишонем,

Фурӯзон шуд зи мактаб порсоӣ.

Беҳрӯзи Забеҳулло, - мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО