Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
16 Oct 2026
Submitted by Admin
28

Пас аз суқути давлати Сосониён ва истилои араб тақрибан беш аз як қарн тул кашид, то ин ки форсизабонон аз зарбаи араб ба худ омада, дар фикри анъанаҳои миллӣ ва собиқаи таърихии худ афтиданд. Дар қарнҳои аввали ислом буд, ки дар ин сарзаминҳо наҳзате пайдо шуд маъруф ба «шуубия», ки на танҳо баробарии арабу аҷам, балки бартарии аҷамро бар араб таъкид мекард. Сад соли дигар нагузашт, ки пояҳои хилофат заиф гардид ва аз ҳар гўшаву канори сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр саркашоне бархостанд, ки дар сар фикри истиқлол ва озодӣ аз юғи хилофатро мепарвариданд.

Нахустин сулолаи маҳаллие, ки каму беш дар Хуросон мустақил гардид, Тоҳириён (821-873) буд. Ҳукмронони ин хонадон ҳанўз дар фикри истиқлоли фарҳангӣ набуданд. Баръакс кўшиш карданд, ки дини исломро дар қаламрави худ таҳким бахшанд ва дониста ва ё надониста барои густариши забону адабиёти арабӣ кўмак карданд.

Сулолаи дигари маҳаллӣ, ки ҷонишини Тоҳириён гардид Саффориён (873-903) буд. Дар вақти ҳукмронии намояндаи барҷастаи ин сулола Яқуби Лайс, ки аз миёни мардуми одӣ бархоста буд ва на забони арабӣ медонист ва на ба фарҳанги он алоқа дошт, то ҳудуде дар дарбори вай саҳна барои забону адабиёти арабӣ тангтар шуд ва шоирон барои ў ба дарӣ шеър гуфтанд. Муаллифи «Таърихи Систон» нақл мекунад, ки пас аз он ки Яқуби Лайс Ҳиротро фатҳ карда, ба авҷи муваффақият расида буд, «шуаро ўро шеър гуфтандӣ ба тозӣ… Ў олим набуд, дарнаёфт. Муҳаммад Васиф ҳозир буд ва дабири расоили ў буд ва адаб некў донист ва бад-он рўзгор номаи порсӣ набуд. Пас Яқуби Лайс гуфт: «Чизе ки ман андар наёбам чаро бояд гуфт?»

Муҳаммад Васиф пас шеъри порсӣ гуфтан гирифт… Ва андар Аҷам касе бар наомад, ки ўро бузургии он буд пеш аз Яқуб, ки андар ў шеър гуфтандӣ».

Вале бо вуҷуди ин дар замони ин сулола низ, шояд ба сабаби кўтоҳии умри салтанат ва дигар авомили айниву зеҳнӣ шароити мусоид барои ривоҷу равнақи забони ягонаи расмӣ фароҳам нагардид. Аз ин рў аз асрҳои аввали ислом ва даврони кўтоҳмуддати ҳукмронии сулолаҳои маҳаллии Тоҳириёну Саффориён ба ҷуз аз чанд байти маъруф дар бораи шикасти арабҳо дар Хуталон (825) ва чанд порча шеъри шоирони он аҳд, чун Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад ибни Васиф, Фирўзи Машриқӣ ва чанде дигар, ки дар осори муаллифони гузашта ва ҳозира такрор шудаанд, санаде ва навиштаи хаттии дигаре дар даст нест, ки дар асоси онҳо забоншиносон дар хусуси забон ва вазъи луғавии он дар он давра қазоват кунанд.

Сабаби чунин хомўшии «дусадсола» (баъзе олимон ин суқутро 300 сол тахмин мекунанд) он буд, ки забони паҳлавӣ дар остонаи ҳамлаи араб, кам-кам ба поёни умри худ наздик мешуд ва ба ин забон дигар таълифоти муҳиме сурат намегирифт. Китобҳои қадимие ҳам ки ба ин забон навишта шуда буданд, аз ҷониби арабҳо ва ё бо дасти тозамусулмонони мутаасиби худӣ чун китобҳои «бутпарастӣ» ва «гумроҳкунанда» аз байн бурда шуданд. Забоне ҳам, ки сипас бо номи «дарӣ» ё «форсии дарӣ» маъруф гашт, зоҳиран дар он аҳд каму беш забони шеър буда, ҳанўз забони расмии наср нагардида буд. Ва ё ин ки осори насри ин давра ва пеш аз он аз байн рафтааст, зеро мутобиқи қавли муаллифони баъдӣ таълифоте ба ин забон ҳанўз дар оғози ислом мавҷуд будааст ва Абурайҳони Берунӣ аз китобҳое ёд мекунад, ки дар қарнҳои аввали ислом навишта ва ё аз паҳлавӣ ба форсии дарӣ баргардонида шуда буданд.

Забони арабӣ бошад дар ин муддат ба як забони тавонои илму адаб кишварҳои мағлуб мубаддал гардида буд ва аҳли илму дониш аз ҳар нажод ва ҳар сарзамине, ки буданд осори худро ба ин забон навиштаанд. Бино бар ҳамин суннати маъмул, адибон ва донишмандони Эрону Мовароуннаҳр низ осори хешро ба забони арабӣ таълиф карданд, чунонки китобҳои Ибни Қутайбаи Диноварӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Муҳаммад бини Ҷарири Табарӣ дар адаб ва таърих, навиштаҳои Закариёи Розӣ дар тиб, таълифоти Абумаъшари Балхӣ дар риёзӣ ва нуҷум ва муаллифони дигар ҳама ба арабӣ навишта шудаанд.

Растохези воқеи назму насри форсии дарӣ дар замони Сомониён (874-999) оғоз гардид ва пас аз «ду қарни сукут» бори дигар ин боғи нимвайрона самараҳои тоза падид овард ва чунон давлату дарборе ба вуҷуд омад, ки ба қавли Маликушшуаро Баҳор «аз ҳайси созмони ахлоқӣ ва моддӣ ба маротиб табиитар ва устувортар аз аҳди пешин буд ва адабиёте ба вуҷуд омад, ки садяки онро дар аҳди Сосониён надошт» (Маликушшуаро Баҳор , Сабкшиносї, Тењрон, 1349. љ 1, с.143).

Сомониён бар хилофи Тоҳириёну Саффориён дарк карда буданд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои қадимӣ ва ривоҷу равнақи забону адаби миллӣ истиқлол устувор ва давомдор шуда наметавонад. Бинобар ин, амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон бо камоли ҳушмандӣ муносибати худро бо хилофат тавре оростанд, ки дарбори Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад. Илова бар ин, Сомониён аз забони форсии дарӣ ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар баробари тозиён барои расидан ба истиқлоли комил истифода мекарданд. Аз ин рў, забони форсии дариро, ки забони мардумони Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, адибону олимонро ба назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро ба форсии дарӣ нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардонанд.

Дар муқаддимаи «Тафсири Табарӣ» чунин омадааст: «Ин китобро биёварданд аз Бағдод, чиҳил мусҳаф буд ин китоб навишта ба забони тозӣ ва ба аснодҳои дароз буд ва биёварданд сўи Амири Саид Музаффар Абусолеҳи Мансур ибни Нўҳ ибни Наср ибни Аҳмад ибни Исмоил… Пас душ(х)вор омад бар вай хондани ин китоб ва иборат кардани он ба забони тозӣ ва чунон хост, ки мар-онро тарҷума кунад ба забони порсӣ. Пас уламои Мовароуннаҳрро гирд кард ва аз эшон фатво кард, ки «раво бошад, ки мо ин китобро ба забони порсӣ кунем?» Гуфтанд: «Раво бошад хондан ва навиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар он касеро, ки ў тозӣ надонад…» (Ҷаводи Ҳиравӣ, Эрон дар замони Сомониён, Машҳад, 1371, с.13.).

Шоҳмардон ибни Абулхайр дар муқаддимаи «Нузҳатномаи Алоӣ»-и худ чунин менависад: «Шунудаам, ки худованди мозӣ Ало-уд-давла… Хоҷа Абўалиро гуфт: «Агар улум-ул-авоил ба ибороти порсӣ будӣ ман битавонистаме донистан. Бад-ин сабаб, ба ҳукми фармон «Донишномаи алоӣ» бисохт ва чун бипардохт ва арза, кард аз он ҳеҷ дар натавонист ёфтан» (Ҳамон ҷо, с.14).

Дар асоси ҳамин санадҳои нақлшуда сабабгори асосии зуҳур ва равнақи назму насри форсии дариро бисёр муҳаққиқон дар он мебинанд, ки ҳам оммаи васеи мардум ва ҳам амирони нухустини маҳаллӣ, ки аз миёни ҳамин табақа бархоста буданд, забони арабиро намедонистанд.

Дар сиҳати ин андеша шакке нест ва илова бар иқтибоси боло, дар тасдиқи он асноди таърихӣ фаровон мавҷуд аст. Ҷумлаи маъруфи Яқуби Лайс «чизе ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфт?»-и шоҳиди ҳол аст.

Муаллифи «Таърихи Бухоро» Наршахӣ низ дар сарсухани китобаш менависад, ки «таълифи ин китоб («Таърихи Бухоро»-С.Н.) ба арабӣ буд, ба иборати балиғ… Бештари мардум ба хондани китоби арабӣ рағбат нанамоянд. Дўстон аз ман дархост карданд, ки ин китобро ба порсӣ тарҷума кун». Карими Кишоварз, Ҳазор соли насри порсӣ, Теҳрон, 1345, ҷ 1,с.34)

Вале ба назари мо як омили бисёр муҳими дигар фаромўш шудааст ва он вазъияти рўҳии мардуми он аҳд мебошад. Чунон ки пештар ишора кардем, дар тамоми давраи истилои араб забони арабӣ барои мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ҳамоно забони бегона боқӣ монд. Ва ҳамин ки хонадонҳои маҳаллӣ ба сари кудрат омаданд, ин рўйдод, ки худ натиҷаи бедорӣ ва ба истилоҳи ҳозира нишонаи боло рафтани худшиносии миллӣ буд, мардум дар пайи ривоҷу равнақи забон ва ифтихороти таърихии худ афтоданд. Беҳуда нест, ки «Шоҳнома»-и Абумансурӣ нахустин асари насрие, ки ба забони форсии дарӣ боқӣ мондааст, ба таърих ва ривоятҳои пеш аз исломии ин мардум бахшида шудааст. Фирдавсии бузург бошад, илова бар «зинда кардани Аҷам» кўшиш кардааст, ки дар ин шоҳасари худ то ҳадди имкон аз истифодаи луғоти арабӣ парҳез кунад. Хулоса, ба фикри мо, яке аз муҳимтарин сабабҳои ба вуҷуд омадани китобҳо ба забони форсии дарӣ барпо шудани давлатҳои миллӣ бо сарварии амирону шоҳони ватанпараст ва зуҳури суханварони тавоное буд, ки ҳарду ба обу хок ва забону фарҳанги худ дилбастагии амиқ доштанд ва ба хотири сарбаландӣ ва азамати ватани хеш содиқона хидмат карданд.

Тасодуфӣ нест, ки қадимтарин намунаи насри форсии дарӣ низ, ки то ба имрўз расидааст, аз даврони ҳамин Сомониён аст. Ин китоб муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ (956) мебошад ва бо дастури Абумансури Абдураззоқ, ки аз тарафи Сомониён сипаҳсолори Хуросон муқаррар гардида буд, аз тарафи Абумансури Алумарӣ навишта шудааст. Ин «Шоҳнома»-и насрӣ, ки зоҳиран илҳомбахши Фирдавсӣ будааст, аз байн рафта ва танҳо муқаддимаи он боқӣ мондааст.

Шаш сол пас аз «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, соли 963 асари муаррих ва муфассири барҷастаи арабзабони тоҷик Абуҷаъфар ибни Ҷарири Табарӣ (839-923) «Таърихи Табарӣ» аз ҷониби вазири донишманди Сомониён Абулфазли Балъамӣ аз арабӣ ба форсии дарӣ баргардонида шуд. Ва дар ҳамон замон тарҷумаи «тафсир»-и ҳамин муаллиф, ки пештар зикри он рафт, тавассути донишмандони Мовароуннаҳр, бо дастури Мансур бини Нўҳи Сомонӣ (943-954) анҷом гирифт.

Дере нагузашт, ки дар ин замина таълифоти дигаре чун «Китоби Гаршосп»-и Абулмуайади Балхӣ ва рисолаи «Ас-савод-ул-аъзам»-и ҳаким Абулқосими Самарқандӣ – муосирони Сомониён, дар ақоиди мазҳаби ҳанафиён ба риштаи таҳрир кашида шуд.

Дар заминаи иҷтимоиёт чунин корҳо бояд бештар анҷом гирифта бошад, зеро тавре ки маълум аст дар нахустин садаҳои ислом мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр машғули муборизаҳои ақидавӣ ва мазҳабӣ буданд ва дур нест, ки дар ин майдон зимни баҳсҳои мафкуравӣ ба тарҳи масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ пардохта бошанд. Намунаи чунин баҳсҳо ҳамин китоби «Ас-савод-ул-аъзам»-и мазкур аст.

Осори илмӣ ва нимилмӣ аз ҷиҳати замон ва миқдор дар навбати дуюм қарор доранд. Бинобар маълумотҳои нав рисолаи «Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-тибб»-и Абубакри Рабеъи Бухороӣ (981) қадимтарин матни илмии тиббӣ шинохта шудааст (Ҷалоли Матинӣ, Ҳудуди ибтикори Абурайҳони Берунӣ дар сохтмони луғоти илмии форсӣ, маҷ: Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ, давраи 9, № 3, Машҳад, с. 423).

Донишманди эронӣ Ризо Содиқӣ аз 24 китобу рисолаҳое ёд мекунад, ки дар заминаи илмҳои гуногун дар давраи аввали инкишофи наср ба забони форсӣ тарҷума ва ё таълиф шуданд (Муфассал ниг: Ризо Содиқӣ, Таҷрибаҳои забони форсӣ дар илм, с. 75-76), монанди «Ҳудуд-ул-олам»-и муаллифи номаълум (982-983) дар ҷуғрофӣ ё осори машҳури Берунӣ ва Ибни Сино дар ҳисобу нуҷум ва тиббу ҳикмат ва китобҳои Носири Хусраву Имом Ғаззолӣ дар адабу фалсафа ва ғайра.

Қобили қайд аст, ки забони ин осор чи динӣ ва чи таърихиву адабӣ ҳама пухта, беолоиш ва бисёр калима ва истилоҳоташон то ба имрўз дар забони тоҷикӣ зинда ва барои хонандагон фаҳмост.

(Идома дорад)

https://kmt.tj/professor-sajfiddin-nazarzoda-zabon-va.../

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО