20 May 2026
Submitted by Admin
15

Устод Лоиқ Шералӣ (1941-2000) тавонотарин шоири нимаи дувуми қарни бисти Тоҷикистон буд, ки осори гаронқадре аз худ ба мерос гузошт. Бо омадани ӯ ба майдони шеъру адаб (оғози солҳои шастум) рӯҳи тозае ба пайкари яхбаставу шиорзадаи шеъри тоҷикии даврони шӯравӣ дамида шуд; роҳу равиш, мавзӯъ, тарзи баён ва забони шеър тозагӣ гирифт. Лоиқ бо шӯру шавқи ба худ хос вориди ин майдон гашт ва шеъри асилро дубора ба курсии худаш нишонд. Дар шеъри ӯ қариб ҳамаи анвоъи шеъриро метавон дид: қасида, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, чаҳорпора ва ғайра. Аммо аз ин миён шоир гароиши бештар ба ғазалу рубоию дубайтӣ доштааст, ки ин аз рӯҳи ошиқонаи вай сарчашма мегирад. Дар ин мухтасар кӯшиш бар он мешавад, ки ба мавзӯи ишқ дар дубайтиҳои шоир назаре карда, бардошти худро аз ин дубайтиҳо баён намоям. Ин ба он маънӣ нест, ки дубайтиҳои шоири мавриди назар танҳо дар ин мавзӯъ суруда шуда бошанд. Баръакс доираи мавзӯъҳои дубайтиҳои Лоиқ Шералӣ хеле фароху густарда аст; онҳо дар мавзӯъҳои гуногуни рӯзмарра, ба монанди ҳувияти миллӣ, забону фарҳанг, масоили иҷтимоӣ, ёде аз мероси фарҳангии гузашта ва дигар заминаҳо гуфта шудаанд. Аммо аз он ҷо, ки ин шоир ба унвони шоири ошиқ ва сарояндаи ашъори хубу марғуби ошиқона шинохтаву эътироф шудааст, ба мавзӯи ишқ дар дубайтиҳои ӯ пардохта шуд.

Дар дубайтиҳои ошиқонаи Лоиқ Шералӣ асосан ба ишқи заминӣ таваҷҷуҳ шудааст ва ин даста ашъор як навъ баёни рӯҳияву андешаи шоир дар нисбати зиндагии шахсии ӯ ҳастанд ва бо расидан ба дасти хонанда умумӣ ва ҳамагонӣ шудаанд. Дар ин ашъор садоқату самимияти гӯянда дар роҳи ишқ бозгӯ мешавад, масалан ҷое, ки мегӯяд:

Дилам аз ишқи ту ранҷур гашта,

Сарам савдоии машҳур гашта.

Ҳар он рӯзе, ки чашматро набинам,

Бидон, ки чашми рӯзам кӯр гашта.

Ин дубайтӣ як рубоии зебои Устод Рӯдакиро ба ёд меорад, ки гуфта буд:

Бе рӯи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,

Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!

Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,

Рӯзе ки туро набинам, он рӯз мабод!

Дар ҳар ду шеър самимияти гӯяндагон ошкор аст, ки аз дил сухан мегӯянд.

Дар дубайтии дигар ин самимият бештар аст, ки шоир бо истифода аз санъати муқобала (оташ–хокистар) тасвири зебоеро пешорӯи хонанда ба ҷилва меорад:

Ало дилошнову дилбари ман,

Дусерӯза парастори дили ман,

Чунон дар ишқи ту сӯзам, ки бошад

Аз оташ гармтар хокистари ман.

Шоир дар пораи дигар бо истифода аз санъати ташхис умрро ба шахс ва маъшуқро ба дил, ки макони ғаму шодиҳост, монанд мекунад, ки хушоҳангу зебост:

Туӣ ганҷинаи умри ман, эй ёр,

Туӣ нақдинаи умри ман, эй ёр.

Ба монанди диле ғамгину шодон

Туӣ дар синаи умри ман, эй ёр.

Дар дубайтии дигар чашмони маъшуқро ба ваҷҳи сиёҳӣ ба бахти худ монанд медонад. Агарчи ин мазмун дар шеъри гузаштаи мо ҷо-ҷо ба кор рафтааст, аммо устод Лоиқ бо истифода аз ин мазмун ва монанд кардани падидаи зеҳнӣ (пушаймонӣ) ба айнӣ (дашти бегиёҳ) тасвири зебое офаридааст:

Ду чашми ту чу бахти ман сиёҳ аст,

Ба дӯши ишқи мо бори гуноҳ аст.

Пушаймонӣ надорад ҳеч суде,

Пушаймонӣ чу дашти бегиёҳ аст.

Шоир дар пораи зер таъбири «ҷони ширин»-ро ҳам ба маънии аслӣ (рӯҳ, равон) ва ҳам маҷозӣ (маъшуқ) ба кор бурда, ки хеле дилнишин афтодааст:

Диламро бурдию тасхир кардӣ,

Вале дар кори дил таъхир кардӣ.

Агарчанде ки будӣ ҷони ширин,

Маро аз ҷони ширин сер кардӣ.

Дар ҷои дигар ба ин монанд ва таҷниси «имо»-ву «имон» мегӯяд:

Ба имое ту имонам гирифтӣ,

Гуле додӣ, гулистонам гирифтӣ.

Бисӯзад решаи ҷони ҷавонат,

Ки «ҷонам» гуфтию ҷонам гирифтӣ.

Дар пораи зер ҳамин гуна ҳамовоии зебои калимотро дар мисоли калимаҳои «зулфат–улфат–кулфат» ва «исм–исмат» мебинем:

Сари зулфат сари улфат надорад,

Хами зулфат ба ҷуз кулфат надорад.

Ман аз он ёри ҳарҷоӣ гурезам,

Ки исме дораду исмат надорад.

Дар дубайтии дигар таҷниси зеборо мебинем, ки шоир дар калимаи «беҷода» ба кор бурдааст; «беҷода»-и аввал санг аст, ки лаби маъшуқ ба ҷиҳати сурхӣ ба он монанд карда шудааст ва «беҷода»-и дувум сохтаи худи шоир аст, ба маънии бероҳаву гумкардароҳ:

Маро дилдода кардӣ, оҳу афсӯс,

Ҳам ошиқбода кардӣ, оҳу афсӯс.

Ба гулханди лаби беҷодарангат

Маро беҷода кардӣ, оҳу афсӯс!

Бояд гуфт, ки тасвирҳои зебо дар саросари дубайтиҳои ошиқонаи устод Лоиқ мавҷ мезанад. Намунаи онро дар пораи зер мебинем, ки бо забону баёни дилнишин ва санъатҳои шеърӣ суруда шуда, дар он гӯянда ба сабзаи баҳорӣ ва маъшуқ ба борон ташбеҳ шудааст:

Ба қасди ин ҳама осонгузорон

Туӣ бар ман барои сабза борон.

Сари сабзам фидои ҳусни сабзат,

Ало сар то қадам асли баҳорон.

Ҳамин самимияту зебоии каломро дар пораи дигар метавон мушоҳида кард, ки шоир бо истифода аз калимаҳои «гуноҳ»-у «бегуноҳ» суханашро гӯшнавоз кардааст:

Ба даргоҳи ту оҳ оварда будам,

Дили гумкардароҳ оварда будам.

Ба пеши ту гуноҳи ман ҳамин буд,

Ки ишқи бегуноҳ оварда будам.

Шоир дар пораи дигар бо маҳорати чашмгир ва истифода аз радифи тӯлонӣ самимияти худро ба маъшуқ шуниданию зебо баён кардааст:

Дили бемори ман ёди ту дорад,

Дару девори ман ёди ту дорад.

Агар бо чашми дил хонӣ, бибинӣ,

Ҳама ашъори ман ёди ту дорад.

Ҳамин истифода аз радифи тӯлонӣ ба шеъри шоир ҳусни дигар зам кардааст, ки мисоли дигарашро мехонем:

Чӣ гӯям, дафтарам холист имшаб,

Ҳама бому дарам холист имшаб.

Дилам холӣ, сарам холист имшаб,

Ки ҷои дилбарам холист имшаб.

Дар ҷои дигар сабаби ишқу алоқаи худ ба кори шоирӣ (байтсозӣ)-ро дар он мебинад, ки байти абрӯи маъшуқ ба масобаи девони умр аст:

Ниҳоли қоматат бустони умр аст,

Хаёли қоматат исёни умр аст.

Ман аз он байтсозӣ дӯст дорам,

Ки байти абруят девони умр аст.

Ҷои дигар ба ҳамин мазмун мегӯяд:

Туӣ пушту паноҳу ёвари ман,

Парастори сари бесарвари ман.

Ҳама шеъри ман аз рӯи ту ояд,

Ки рӯи туст рӯи дафтари ман.

Дар пораи дигар бо ҳасрат аз он ки ёраш аз даст рафтааст, дарди дил мекунад, ки ӯ барояш ба ҷиҳати зебоию тароват баҳоре андар фасли баҳор будааст:

Дило, хун шав, ки ёр аз дасти ман рафт,

Зимоми рӯзгор аз дасти ман рафт.

Нагӯям тирамаҳ буду хазон рехт,

Баҳоре дар баҳор аз дасти ман рафт.

Баъзан дубайтиҳои шоир дар равонию зебоӣ дубайтиҳои Бобо Тоҳирро ба ёд меоранд, ки сохтагӣ дар онҳо ба назар намерасад:

Илоҳӣ байни мо ҳоил набошад,

Ба қасди мо касе моил набошад.

Дар он соат, ки ду бедил нишинем,

Миёни мо ба ғайри дил набошад.

Мисоли дигареро аз ин даст мехонем, ки ҳамин оҳанг дорад:

Зи ишқат гар сафо ояд, чи хубе,

Муроди ҷони мо ояд, чи хубе.

Зи гесӯят ба ҷуз атри фарангӣ

Агар бӯи вафо ояд, чи хубе.

Шоир дар муқобили бадбинон устувор аст, вале тоби як оҳи маъшуқро надорад, ки мегӯяд:

Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт,

Нигоҳи бепаноҳи ту маро кушт.

Намурдам аз ҳазорон қасду буҳтон,

Як оҳи ту, як оҳи ту маро кушт.

Вай сипосгузор аз ёр аст, ки номашро вирди забонҳо ва худашро шоири ҷовидон кардааст:

Маро вирди забон кардӣ, ту кардӣ,

Қатори шоирон кардӣ, ту кардӣ.

Пас аз як лаҳзаи кӯтоҳи дидор

Ба ҳукми ҷовидон кардӣ, ту кардӣ.

Ҳамаи ин нигоҳу назарҳои шоир аз ишқ сарчашма мегирад. Аз ин рӯ вай ишқро мабдаи ҳама зебоиҳо ба шумор меоварад, ки мегӯяд:

Умеди зиндагӣ уммеди ишқ аст,

Ҷаҳон як нусха аз тақлиди ишқ аст.

Ту хуршеде ки мебинӣ ба гардун,

Фақат як шуълаи хуршеди ишқ аст.

Шоир маҳбуби худро ба гул монанд мекунад ва аксаран бо хитоби «гули ман» ба ӯ муроҷиат менамояд. Дар дубайтии зер, ки намунаи зебое аз ин даст аст, вайро ба ишқу шукуфоӣ ва шод будан даъват мекунад. Гуфтанист, ки такрори «ту ҳам гул кун», чунонки дар дубайтии дигар дар такрори «як оҳи ту» дидем, шеърро хушоҳанг кардааст:

Биё, тарки тағофул кун, гули ман,

Даме тақлиди булбул кун, гули ман.

Баҳор омад, дарахтон гул кушоданд,

Ту ҳам гул кун, ту ҳам гул кун, гули ман.

Такрори «гули ман» ҳамчун радиф дар бисёре аз дубайтиҳои шоир ба кор рафтааст, ки пораи зебои зер намунае дигар аз ин даст аст:

Ду чашмат розҳо дорад, гули ман,

Нигоҳат нозҳо дорад,гули ман.

Ду абрӯят чу ду боли парасту

Аҷаб парвозҳо дорад, гули ман.

Шоир эҳсоси баланди ошиқонаи худро дар нисбати маъшуқ дар заминаи тасвири зебо хеле дилнишин ба қалам медиҳад, ҷое ки мегӯяд:

Бибӯсам чашми ҷодувонаатро,

Бибӯсам талъати шоҳонаатро.

Чунон мастат кунам аз бӯсаи хеш,

Наёбӣ ҳеч роҳи хонаатро.

Дар дубайтии дигар бо истифода аз санъати тазодду муқобала (сӯхта–хом, накӯном–бадном) эҳсоси дили худро ба қалам медиҳад:

Агарчи сӯхтам, хоми ту будам,

Кабӯтарбаччаи роми ту будам.

Накӯномии ман коме наёвард,

Хушо вақте, ки бадноми ту будам.

Ҳамчунин дар дубайтии дигар ба ин равиш тасвири зебое меофарад:

Ду чашмаш чун шафақ сӯям нигаҳ кард,

Ба беҷурмӣ маро ғарқи гунаҳ кард.

Наменолам ман аз чархи сияҳкор,

Сафедандомаке рӯзам сияҳ кард.

Дар ҷои дигар ба зудгузар будани умр ва ишқ ишора мекунад ва шоирона мисол мезанад:

Баҳор омад, шитобон бигзарад боз,

Гули ман аз хиёбон бигзарад боз.

Ҳама ишқе, ки андар сина дорам,

Чу борон дар биёбон бигзарад боз.

Шоир ҳамеша ба зудгузар будани умр ишора мекунад ва худро дар ин дунё меҳмон ба шумор меоварад ва бар он мекӯшад, ки ин умри дурӯзаро ба хушию хубӣ сипарӣ намояд ва мухотабони худро низ ба ин кор ташвиқ мекунад:

Дар ин кӯю гузар меҳмонам, эй гул,

Туро аз зиндагӣ ҷӯёнам, эй гул.

Зи донишҳои дунёии инсон

Фақат номи туро медонам, эй гул.

Аз ин рӯ гумном шудан дар роҳи маҳбубро болотар аз номи ҷовид ёфтан дар ин дунё медонад:

Хуш он рӯзе, ки ҳамҷоми ту бошам,

Хумори чашми бодоми ту бошам.

Нахоҳам номи ҷовидон зи дунё,

Агар гумном бо номи ту бошам.

Дубайтиҳои устод Лоиқ Шералӣ моломоли тасвирҳои зебои шоиронаанд. Ба иловаи ин, онҳо хеле самимӣ гуфта шудаанд, аз ин рӯ хотирмонанд. Ба чанд намуна таваҷҷуҳ мекунем:

Шабошаб рӯ ба дидори ту орам,

Дили шайдо ба исори ту орам.

Баёзи гарданат дори баланд аст,

Сари худро сари дори ту орам.

***

Дилам дар байни абрӯи ту монда,

Хаёлам бастаи мӯи ту монда.

Чунон азхуд фаромӯшам, ки гӯӣ

Сарам андар сари кӯи ту монда.

***

Гули ман, шавқи лабҳои ту дорам,

Умед аз чашми шаҳлои ту дорам.

Саропои ту дунёи таманност,

Таманнои саропои ту дорам.

***

Хиёбон зери барф афтода, эй гул,

Замину осмон озода, эй гул.

Касе ҷуфти муносиб бо ту бошад,

Ҳанӯз аз модараш нозода, эй гул.

***

Дуоям кун, ки дар кӯи ту мурдам,

Ду чашми чор бар сӯи ту мурдам.

Зи ту бӯи вафое ҳам наёмад,

Дареғи ман, ки бо бӯи ту мурдам.

***

Баҳори гулфишон омад, гули ман,

Ба ҷӯ оби равон омад,гули ман.

Дили ман ҳам чу мурғони фирорӣ

Зи нав бар ошён омад, гули ман.

Дар дубайтиҳои устод Лоиқ Шералӣ аз таркибу ибороти мардумӣ фаровон истифода шудааст. Дар пораи зер шоир рӯи маҳбубро ба унвони тӯшаи роҳ ба кулча монанд мекунад, ки хеле зебо афтодааст:

Раҳи умрам раҳи кӯи ту бошад,

Ду чашми чори ман сӯи ту бошад.

Манам марди мусофир, тӯшаи раҳ

Ҳамон ду кулчаи рӯи ту бошад.

Дар пораи зер саропо оҳанги таронаҳои мардумӣ эҳсос мешавад:

Раҳи дуру раҳи дуру раҳи дур,

Маро аз ту ҷудо карданд маҷбур.

Дили моро надиданду нахонданд,

Илоҳо чашми биношон шавад кӯр!

Дубайтии дигар низ аз ин даст аст, ки такрори зебо дорад:

Чу моҳӣ меравам дарё ба дарё,

Чу оҳу меравам саҳро ба саҳро.

Замину осмонро мезанам тай,

Ки боре ёбамат танҳо ба танҳо.

Шоир дар пораи дигар таъбири «хок бигирӣ, зар гардад»-ро хеле зебо ба кор бурдааст:

Гули ман, бе ту дил ғамнок гардад,

Ба чашмам танг ин афлок гардад.

Ту бошӣ, хок гирам, зар шавад, лек

Набошӣ, зар бигирам, хок гардад.

Хулосаи калом ин аст, ки дар дубайтиҳои устод Лоиқ Шералӣ, чунонки дар ғазалу рубоию чаҳорпораҳояш ҳаст, ҳунари зебои шоирӣ, забону баёни шево ва тасвирҳои дилнишинро метавон дид. Нигоҳе иҷмолӣ ба дубайтиҳои шоир хонандаро бо дунёи зебои шоирии ӯ ошно мекунад ва ҳар касе метавонад аз ин чаманистони шукуфони маонӣ гулдастае тару тоза барои худ мураттаб созад. Шеъри ӯ идомаи шеъри ҳазорсолаи мост, ки садсолаҳо номашро зинда хоҳад дошт.

Мубашшир Акбарзод, ходими калони илмии шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО