09 Jun 2026
Submitted by Admin
7

Робиаи Балхӣ яке аз суханварони маҳбуби охири аҳди Сомонӣ буда, шеър ва шахсияти ормонии ӯ дар Тоҷикистон ба ҳар муносибате сари забонҳост. Дар тамоми тазкираҳо ва маҷмуаҳое, ки аз адабиёти гузаштаамон таҳия шудаанд, дар аксари онҳо шарҳи ҳоли мухтасаре аз Робиаи Балхӣ ва намунаи ашъори ӯро овардаанд. Маълумоти ин тазкира ва маҷмуаҳо аксар такрори ҳамдигар буда, ҳамоно хусусияти афсонавӣ ва ривоятӣ доранд, аммо ин маълумот дар шинохти Робиа муҳим мебошанд. Робиашиносӣ дар Тоҷикистон бо ҳамон тазкираи Тоҷӣ Усмон оғоз мешавад.

Адиби маъруф ва донандаи адабиёти классикии тоҷик – Тоҷӣ Усмон соли 1957 китоберо бо номи “Бисту се адиба” ба табъ расонд, ки он дубора соли 2006 бознашр гардид. Муаллифи китоб дар ин маҷмуа номгӯи шоира ва адибаҳоеро, ки дар зарфи ҳазор сол умр дидаанд, ёдовар шудааст (аз асри X то XX). Китоб бо номи яке аз суханварони пуриқтидори қадимтарини халқи форс – тоҷик “Шоира Робиаи Балхӣ” оғоз меёбад. Нависанда баъд аз маълумоти кӯтоҳи шарҳиҳолии Робиа, қиссаи марги ӯро, ки шоири ориф Фаридуддини Аттор ба назм даровардааст, ба хонанда пешниҳод кардааст. Мураттиб дар хусуси кам боқӣ мондани шеърҳои шоира ишора намуда, аммо миқдори абёти ӯро мушаххас зикр накардааст. Инчунин дар китоби мазкур чанд намуна аз шеъри Робиа оварда шудааст, ки мураттиб аз рӯйи мавзуъ ба ҳар як шеъри шоира унвон гузоштааст: масалан “Роҷеъ ба ишқ”, “Дар васфи шӯхиҳои боди баҳор” ва “Дар васфи гул ва баҳор”.

Мувофиқи маълумоти ин китоб, “Ишқи Робиа ба дараҷае мерасад, ки рози дилашро пинҳон дошта натавониста, ба устод Рӯдакӣ изҳор менамояд. Шоири бузург Рӯдакӣ, бо мақсади ба духтар ёрӣ расондан, вақти ба Бухоро баргаштанаш, дар суҳбате ин хабарро ба подшоҳ мерасонад”. [12, с. 12-13]. Тоҷӣ Усмон барои тасдиқи гуфтаҳояш достони Фаридуддини Атторро ба таври фишурда меорад, ки чунин оғоз мешавад:

Ба роҳе Рӯдакӣ мерафт як рӯз,

Нишаста буд он духтар дилафрӯз...

Чу шуд бар Рӯдакӣ роз ошкоро,

Аз он ҷо гашт бар шаҳри Бухоро... [12, с. 13].

Китоби мазкур соли 2007 барои хонандагону ҳаводорони осори Тоҷӣ Усмон бори дувум чоп шуд. Мураттиб ва муаллифи сарсухани ин китоб Маҷид Салим менависад, ки: “Вай (Тоҷӣ Усмон – Г.У.) яке аз нахустин муҳаққиқоне буд, ки оид ба рӯзгору эҷоди адибаҳои тоҷик соли 1957 асареро бо номи “Бисту се адиба” ба нашр расонд ва оид ба ҳаёти шоираҳои тоҷик аз асри X то асри XIX маълумоти пурарзише фароҳам овард. Тоҷӣ Усмон тадқиқотҳои илмияшро дар ин бахш идома дода, “Бисту се адиба”-ро соли 1960 ба забони русӣ аз чоп баровардааст” [14, с. 6].

Ба муносибати 1100-солагии Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси АФ Тоҷикистон (ҳоло АМИТ), кормандони илмии вақти Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори адабӣ (қаблан Шуъбаи адабиёти классикии Институти забон ва адабиёт), дар таълифи академик Абдулғанӣ Мирзоев ҷилди аввали “Ҷашнномаи Рӯдакӣ”, бо номи “Абӯ Абдулло Рӯдакӣ” (1958), зери таҳрири устод Мирзо Турсунзода ба чоп расида буд. Китоб аз шаш боб иборат аст. Дар миёни шоирони ҳамасри Устод Рӯдакӣ номи “ягона шоираи дараҷаи аввали асри X” [7, с. 54] – Робиа духтари Каъби Қаздорӣ – Балхӣ ҷой дода шудааст. Муҳаққиқ шарҳи ҳол ва ҷараёни зиндагии Робиаро хеле кутоҳ баён карда, ӯро дар сурудани ашъори ошиқона устод донистааст.

Ҷилди дувуми “Ҷашнномаи Рӯдакӣ” ҳамон сол (1958), зери назар ва бо пешгуфтори академик Абдулғанӣ Мирзоев бо номи “Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ” чоп шуд. Ин маҷмуа мероси адабии 66 нафар гузаштагон ва ҳамасрони шоири бузурги ҷаҳониро дар бар гирифта, аз ду қисм: “Осори боқимондаи гузаштагони Рӯдакӣ” ва “Осори боқимондаи ҳамасрони Рӯдакӣ” иборат мебошад. Робиаи Қаздорӣ дар бахши дувуми ин асар ҷой дода шудааст. Дар ҷилди дувум низ мисли чопи қаблӣ шарҳи ҳоли мухтасар, аз ҷумла, дар баъзе сарчашмаҳо ба хато роҳ додану Робиаи Қаздориро Робиаи Адавия донистан, аслан араб будани падари Робиа – Каъб, дар Балх таваллуд ёфтани шоира ва сабаби марги ногаҳонии ӯ сухан рафтааст [2, с. 109]. Аммо дар муқоиса бо ҷилди аввал ин ҷо 33 байт шеъри тоҷикӣ, ки аз сарчашмаҳои адабӣ гирд овардаанд, илова шудааст.

Соли 1973 нависанда ва драматурги тоҷик Абдусалом Атобоев намоишноми “Суруди нотамом”-ро рӯйи саҳна гузошта буд, ки ба мавзуи сарнавишти талх ва фоҷиавии Робиаи Балхӣ ихтисос ёфтааст [17]. Ин асар дар асоси ривоятҳо ва достонҳои мавҷуд дар рисолаҳои илмию адабии асрҳои миёна ва осори шифоҳии мардум таҳия шудааст. Адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус дар мавриди ин асар маълумоти нисбатан муфассал дода, менависад: “Суруди нотамом” аввалин асари драмавии Абдусалом Атобоев аст. Ин асар соли 1971 ба қалам омадааст ва дар маркази он рӯзгор ва тақдири фоҷиабори Робиаи Балхӣ қарор гирифтааст. Абдусалом Атобоев фақат як пораи пурфоҷиаи зиндагии Робиаро таҷассуми бадеӣ бахшидааст... Фоҷиа аз 7 намоиш иборат аст ва ҳар саҳнаи он барои ифшои матлабе хидмат мекунад. Дар ҳар саҳна яке аз фазилатҳои Робиа ва ё ягон сифати атрофиёни ӯ ошкор мешавад” [9, с. 124].

Соли 1975 кормандони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (он вақт АФ РСС Тоҷикистон) ҷилди якуми панҷҷилдаи “Гулшани адаб”-ро таҳия карданд. Таҳиягарони он Камол Айнӣ, Баҳром Сирус, Аълохон Афсаҳзод ва Ҷобул Додалишоев мебошанд. Ҷилди якуми китоб зиндагиномаи фишурдаву гулчине аз осори 41 нафар шоири бузурги асрҳои IX-XIII (аз Рӯдакӣ то Низомии Ганҷавӣ)-ро дар бар гирифтааст. Дар он намунаҳои назми форс-тоҷик аз Рӯдакӣ то Низомии Ганҷавӣ зикр шудааст. Дар ин китоб доир ба ҳаёти шоир маълумоти кутоҳи тарҷимаиҳолӣ ва пеш аз намунаи достонҳо мазмуни мухтасари онҳо нақл карда шудааст. Шоираи номии муосири Рӯдакӣ – Робиаи Балхӣ низ дар радифи шоирони бузурги асри Х ҷой дода шуда, аз ашъори ӯ 22 байт, ки бо мисраъҳои: “Фишонд аз савсану гул симу зар бод...”, “Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд...”, “Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт...” ва “Маро ба ишқ муҳтамал кунӣ ба ҳиял...” [4, с. 27-28] шурӯъ мешаванд, намуна оварда шудааст.

Достони “Руҳи урён ё ҳафт суруди носурудаи Робиа” соли 1986 аз чоп баромад, ки ба қалами Гулрухсор тааллуқ дорад. Достони мазкур доир ба зиндагӣ ва сарнавишти пурфоҷиаи Робиа буда, муаллиф саъй намудааст, ки дар он олами равонии шоираро барои хонанда бозгушоӣ намояд. Ин достон аз оғоз, ҳафт суруд ва анҷом иборат аст, ки ҳар кадоми он марҳалае аз зиндагии Робиаро таҷассум менамояд [10, с. 195-217].

Дар китоби Холиқ Мирзозода – “Таърихи адабиёти тоҷик” (1987) доир ба Робиаи Балхӣ, дар қиёс бо манбаъҳои дигар маълумоти нисбатан мукаммал оварда шудааст. Дар хусуси шеър ва маҳорати шоирии Робиа, аз ҷумла чунин навишта шудааст: “Мероси адабии Робиа хеле кам мондааст, вале он шояд хеле зиёд бошад, зеро шеърҳои ӯ шеъри шоири шогирд ва ё навёдгир набуда, балки шеъри шоирест, ки таҷрибаи бойи эҷодӣ дорад. Шеърҳои ӯ ба талаботи шеърият аз қабили кор фармудани воситаҳои тасвир ва санъатҳои шеърӣ пурра ҷавоб медиҳад” [8, с. 228, 230].

Ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус таҳқиқотеро (дар ҳаҷми 158 саҳифа) бо номи “Сиришке дар лола...” (1997), ки он ба аҳвол ва ашъори Робиаи Балхӣ бахшида шудааст, анҷом додааст. Рисолаи мазкур дар асоси сарчашмаҳои муътабар таҳия шуда, аз се боб иборат аст. Он бобҳои “Шарҳи ҳоли Робиа, асноди воқеӣ ва бофта дар бораи зиндагии Робиа”, “Робиаи Балхӣ ва Робиаҳои дигар”, “Мулоҳизаҳо дар бораи ашъори Робиаи Балхӣ” ва “Симои Робиа дар адабиёти бадеӣ”-ро дар бар мегирад. Ҳадаф аз таълифи ин асар, чунонки муаллиф менависад, ин аст: “Мурод аз сайри таърихиву фарҳангии мухтасар ошноӣ бо замону макони зиндагии Робиаи Балхӣ буд, то заминае барои бозшинохти шахсият ва мавзуоту шаклҳои шеърӣ, хусусиятҳои мумтози сабки фардии ин шоираи шӯридадил дошта бошем” [9, с. 18-19].

Соли 1999 ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён тазкираи “Шоирони аҳди Сомониён” ба чоп расид. Мураттибон Худоӣ Шариф ва Абдушукури Абдусаттор шарҳи ҳоли мухтасар ва ашъори 39 тан шоири аҳди Сомониёнро дар он гирдоварӣ намудаанд. Мураттибони китоб шарҳи ҳоли кӯтоҳе аз Робиа оварда, миқдори ашъори ӯро аз 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт иборат донистаанд. Дар ин китоб достони шайх Аттор аз маснавии “Илоҳинома” ва манзумаи ба номи “Гулистони Ирам” навиштаи Ризоқулихони Ҳидоят, ки аз зиндагии Робиа қисса мекунад, зикр шудааст. Аммо достони Атторро аз ҳақиқат дур дониста, мегӯянд: “Шайх Аттор дар маснавии “Илоҳинома” достоне аз зиндагии ӯ нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд” [16, с. 62]. Дар мавриди арабиасл будани падари ӯ чизе гуфта нашудааст.

Қиссаи дилангези адиби зиндаёд Тоҷӣ Усмон “Духтари ниқобдор” соли 2006 ба муносибати 100-солагии зодрӯзи нависанда ба табъ расидааст. Ин асар бори аввал соли 1965 чоп карда буд. Ин қисса “хонандаро бо ҳаёт ва эҷодиёти шоираи соҳибистеъдоди тоҷик – Робиаи Балхӣ ошно мекунад. Ҳамзамон ба воситаи сабку нигориши хотирмон, ҳаёти адабии асри Х – замони Устод Рӯдакиро инъикос намудааст” [9, с. 2]. Дар қиссаи мазкур аз тазкираҳо, ашъори худи Робиа ва бештар аз “Илоҳинома”-и Аттор истинод оварда шудааст.

Соли 2007 силсилакитоби “Ахтарони адаб”, иборат аз 50 ҷилд, ашъори бозмондаи шоирони асри Устод Рӯдакӣ бо тасҳеҳу иловаҳо чоп шуд. Китоб дар таҳияи матн ва луғату тавзеҳоти адабиётшиносон Худоӣ Шариф ва Абдушукури Абдусаттор омода шуда, аз се бахш иборат мебошад, ки дар бахши сеюми он ки “Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ” номгузорӣ шудааст, Робиа бинти Каъб ҷой дода шудааст [3, с. 114-122]. Дар ин китоб низ баъд аз шарҳи ҳоли Робиаи Балхӣ намунае чанд аз ашъори ӯ оварда шудааст.

Охири соли 2009 Соли Робиаи Балхӣ эълон шуда буд. Ба ин муносибат 1 апрели соли 2010 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Робиаи Балхӣ, бо иштироки олимону донишмандони се кишвари форсизабон – Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гардид.

Муҳаққиқи аҳвол ва осори Робиаи Балхӣ, адабиётшинос Анзурати Маликзод соли 2010 ду китоб яке бо номи “Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ” (Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори бузургдошти Робиаи Балхӣ) ва дигаре “Дарёи каронанопадид” (ашъори боқимондаи Робиаи Балхӣ)-ро бо ҳамкории Ш.Муҳаммадиев ба чоп расонд. Китоби аввалӣ ба ифтихори бузургдошти Робиаи Балхӣ мебошад. Дар он мақолаҳои илмии донишмандону пажӯҳишгарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки доир ба паҳлӯҳои гуногуни рӯзгор ва осори аввалин бонуи порсисарои ориёнажод – Робиаи Балхӣ баҳс мекунад, дар ҳаҷми 226 саҳифа фароҳам омадааст. Ҳамчунин дар маҷмуа ба хотири зинда нигаҳ доштани номи Робиа пешниҳоди зер ба чашм мерасад: “Ин нахустин бонуи порсигӯй сазовор бар он аст, ки ба ифтихори гиромидошт аз ӯ ва зинда кардани номи ҷовидони ӯ маҳфилу анҷуманҳои бошукӯҳе ороста шавад. Ва ҳатто номгузорӣ шудани кӯчае, мактабе ва ё муассисаи фарҳангие ба номи Робиа дар шаҳри Душанбе ёди ӯро дар зеҳну хотири мо ворисонаш зинда нигаҳ медорад” [10, с. 3]. Китобҳои зикршуда бо сарпарастии ношир, Нависандаи халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева ба табъ расидаанд.

Дар маҷаллаву нашрияҳои илмӣ низ мақолаву гузоришҳое аз донишмандону муҳаққиқон ба нашр расидаанд, ки дар бораи паҳлуҳои муҳимми рӯзгор ва ҷанбаҳои ҳунарии Робиа баҳс менамоянд [5, с. 51-59].

Китоби дарсии “Таърихи адабиёти тоҷик (аз аҳди қадим то асри XIII)” (2017) омоданамудаи Худоӣ Шариф ва Мисбоҳиддини Нарзиқул барои донишҷӯён ва дӯстдорони риштаи адабиёт таҳия шудааст. Дар он мавзуъҳои марбут ба пайдоиш, такомул ва таҳаввули адабиёт ба забони порсии дарӣ дар фаслҳои ҷудогона, ки фарогири масъалаҳои вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ривоҷи адабиёт дар давраҳои гуногуни таърихӣ, намояндагони бузурги адабиёт дар давраҳои таърихӣ ва ғ. баррасӣ шудаанд.

Муаллифони китоб дар ҳаҷми ду саҳифа дар бораи Робиа маълумоти мухтасар ва достони “Гулзори Ирам”-и Ризиқулихон, ки аз ишқи Робиа ба Бектош ва марги фоҷиаомези ӯ сухан меравад, мазмуни мухтасари онро ба хонандагон пешкаш намуда, чанд мисраъро аз ашъори шоира ҳамчун намуна овардаанд. Аз достони Аттори Нишопурӣ, ки мазмуни мухтасаре дар китоб аз он оварда шудааст, чолоку нотарс ва қавӣ будани Робиа аён мегардад. Ҳангоме ки Бектош дар ҷанг захмӣ мешавад, “Робиа пироҳани мардона ба бар карда, ба майдони корзор меравад ва Бектошро наҷот медиҳад” [15, с. 177].

Муаррих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ китоби “Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик” (асрҳои VII-XV)-ро ба чоп расонидааст, ки дар он маълумоти бисёр мухтасари донишномавӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони асримиёнагии форс-тоҷик гирд оварда шудааст. Дар ин китоб аз Робиаи Балхӣ шоираи форс-тоҷик ёд шуда, дар бораи ӯ маълумоти бисёр мухтасар омадааст. Ҳамчунин миқдори ашъори шоира 80 [1, с. 64] байт навишта шудааст, ки дар қиёс бо сарчашмаҳои дигар ин маълумот фарқкунанда мебошад, зеро сарчашмаҳои то ин замон дастрас шумори абёти боқимондаи Робиаро 55 байт овардаанд.

Китоби дигари адабиётшинос А. Маликзод соли 2025 бо номи “Робиаи Балхӣ ва ашъори ӯ”, ки дар асоси ҷустуҷӯву таҳқиқоти сарчашмаҳои муътамад ва адабӣ-таърихӣ иншо шудааст, аз чоп баромад. Дар ин китоб муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар бораи зиндагии Робиа, мероси адабӣ, забон ва сабк, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти форсии тоҷикӣ, ашъори боқимондаи ӯ [6, 102] ва чанд маълумоти дигар дар бораи ин шоираи маъруфи асри Х бисёр дақиқ ва мухтасар сухан гӯяд.

Боиси ифтихор аст, ки моҳи ноябри соли 2025 бо пешниҳод ва дастгирии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар радифи 65 солгарду ҷашнвора ба Феҳристи солҷашнҳо барои соли 2026-2027, инчунин таҷлили бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ ворид гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки “аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад”[18].

Дар баробари таҳқиқоту маҷмуаҳое, ки дар бораи Робиаи Балхӣ муддати чанд сол ба табъ расидаанд, аз тариқи садову симои тоҷик низ дар бораи ин шоираи тоҷик суҳбатҳои олимону донишмандон пешкаши шунавандагону тамошобинон гардидаанд.

Адабиёт:

1. Амиршоҳӣ Н. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV) / Н. Амиршоҳӣ. Душанбе: Эр-граф, 2022. – 312 с.

2. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958, 389 саҳ. – С. – 109-112.

3. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Ахтарони адаб. Ҷилди 2. Душанбе: Адиб, 2007, 475 саҳ. – С. 114-122.

4. Гулшани адаб. Ҷилди I. Душанбе: Ирфон, 1975. – 431 с.

5. Маликзод, А. Боз дар бораи ҳунари шоирии Робиаи Балхӣ / А. Маликзод // Суханшиносӣ. – 2017, №2. – С. 51-59.

6. Маликзод, А. Робиаи Балхӣ ва ашъори ӯ / А. Маликзод. – Душанбе: ҶДММ “Меҳроҷ Граф”, 2025. – 108 с.

7. Мирзоев, А. Абӯ Абдулло Рӯдакӣ / А. Мирзоев. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958, 264 саҳ.

8. Мирзозода Х. Таърихи адабиёти тоҷик: (Аз давраи қадим то асри XIII) / Х.Мирзозода. Душанбе: Маориф, 1987. Китоби I (I). – 487 с.

9. Мирзоюнус, М. Сиришке дар лола... / М. Мирзоюнус. Хуҷанд: Ношир, 1998. – 158 с.

10. Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ (Маҷмуаи мақолаҳо). Мураттиб ва баргардонкунандаи матни форсӣ ба сириллик Анзурати Маликзод. – Душанбе: ТҶБ Истиқбол, 2010. – 228 с.

11. Робиаи Балхӣ. Дарёи каронанопадид. Таҳиягарон Анзурати Маликзод ва Шамсиддин Муҳаммадиев. – Душанбе: ТҶБ Истиқбол, 2022. – 20 саҳ.

12. Тоҷӣ Усмон. Бисту се адиба / Усмон Тоҷӣ. Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1957. – 125 с.

13. Тоҷӣ Усмон. Духтари ниқобдор. Қисса / Усмон Тоҷӣ. Душанбе: Адиб, 2006. – 148 с.

14. Тоҷӣ Усмон. Бисту се адиба / Усмон Тоҷӣ. Душанбе: Эҷод, 2007. – 128 с.

15. Шарифзода Х., Нарзиқул М. Таърихи адабиёти тоҷик (аз аҳди қадим то оғози асри XIII) / Х.Шарифзода, М. Нарзиқул. Душанбе: ТоРус, 2017. – 415 с.

16. Шоирони аҳди Сомониён. Мураттибон ва омодагарони чоп: Худоӣ Шариф ва Абдушукури Абдусаттор. Душанбе: Адиб, 1999. - 144 с.

17. Муҳаммадуллоҳ Табарӣ. Рӯзгоре барои ибрат. Сомонаи “Ҷумҳурият”. №141. 29 июли соли 2024.

18. Рӯзномаи “Ваҳдат”, №24(512), декабри соли 2025.

Усмонова Гулбаҳор, ходими илмии шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО