14 Nov 2025
Submitted by Admin
14

Тарзи муайяни муносибатҳои истеҳсолот, маданият ва хусусиятҳои биологӣ, характер, ирода, фаъолияту амалиёти хоси шахсиятро ба миён меорад. Моҳияти шахсият «сифати иҷтимоии вай» аст. Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳое ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи нафароне мебошанд, ки барои миллати тоҷик шахсияти таърихӣ ҳастанд.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар қатори соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба фарҳанг низ таваҷҷуҳи Сарвари давлат равона гардид. Зеро Ҳукумати Тоҷикистон фарҳангро дар фаъолияташ авлавият медонист ва ба қадри имкон барои беҳбуди вазъ дар ин замина тадбирҳои амалӣ ва қонунгузорӣ андешидааст. Бо ибтикори Сарвари давлат барномаҳои давлатии рушди фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ роҳандозӣ шуданд. Омили асосии ҳастии ҳар халқ дар дарозои таърих, қабл аз ҳама фарҳанги пурғановати он мебошад. Зеро дар ниҳоди фарҳанги ҳар халқу миллат одат ва равони миллии онҳо ба таври вижа инъикос меёбад.

Ҷашнҳои миллӣ як ҷузъи муҳими фарҳанг буда, дар интиқол, муаррифӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии ин ё он халқу миллат нақши муассир доранд. Аз қадим дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик ҷашнҳое вуҷуд доштаанд, ки бозгӯи урфу одат, анъанот, расму ойин ва тарзи зисту зиндагонии онҳо маҳсуб меёфтанд.

Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқоти адибону муҳаққиқон бармеояд, аз 18 ҷашни ориёиёни қадим дар мо чор тои он – Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон омада расидаааст. Аммо дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ аз ҳастии ин чор ҷашн, бахусус Садаву Тиргон хеле кам ёдовар мешуданд. Дар баъзе минтақаҳои кишвар анъана ва маросимҳои марбут ба ҷашнҳои миллӣ доир карда мешуданду халос. Ҳамчунин дар суханронӣ ва нигоштаҳои Роҳбари давлат гоҳ-гоҳ дар қатори дигар оинҳои қадимаи ориёӣ аз ин ҷашнҳои аҷдодӣ ёд мешуд. Бори нахуст соли 1998 зимни суханронии хеш Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз аз Садаю Меҳргон низ ҳамчун идҳои миллии тоҷикон ёд карданд.

Ҳамагӣ шоҳиди он гардидем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади таҳкими хотираи таърихии миллат ва тақвияти худшиносии миллӣ як қатор чорабиниҳои таърихию фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар ин замина эҳёи ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз наҷибтарин иқдомҳои Сарвари кишвар дар ин бахш мебошад. Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳад, ки ҳар яке аз ҷашнҳои мазкур мақом ва моҳияти махсуси илмию фарҳангӣ доранд.

Яке аз нуқтаҳои асосии саҳми Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии ҷашнҳои миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси ҷаҳонишавӣ, дар аксари кишварҳои дунё бархурди тамаддунҳо ҷараён гирифтааст, ба тамоми мардуми тоҷик ва ҷаҳониён шуносонидани мақому манзалат ва муҳтавои ин чор ҷашни аҷдодӣ мебошад. Дар ҳоле, ки баъзе ашхосу гурӯҳҳо ба хотираи таърихии миллатҳои алоҳида зарба мезананд дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ бо шеваи хос пайдо шудаю тарғиби арзишҳои якрангро мекунанд, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолатро аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор дода, чунин ибрози назар намудаанд: «Рӯҳияи бархӯрди тамаддунҳо нисбатан тақвият ёфта, дар раванди пурталотуми глобализатсия арзишҳо ва меъёрҳои умдаи ҷаҳонӣ ташаккул меёбанд ва дунёи муосир бори гарони сарватҳои таърихиву мероси куҳани миллиро кашида наметавонад. Арзишҳои куҳан қимати иҷтимоии худро бохта, батадриҷ аз миён мераванд ва ҷои онҳоро арзишҳову меъёрҳои нави ҷаҳонӣ мегирад» [Раҳмон Э.]. Агар дар чунин раванд нисбати ҳифзу нигаҳдошти сарватҳои маънавӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир шавад яқин аст, ки хатари маҳвшавии миллат ва давлати миллӣ наздик мебошад ва он арзишҳои фарҳангие, миллати тоҷик дорад, аз ҷониби халқу миллатҳои дигар тасарруф хоҳад шуд.

Бо ҳамин мақсад Пешвои муаззами миллат дар қатори дигар арзишҳои моддиву маънавии фарҳангӣ аҳамияти бузурги ҷашнҳои миллиро ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном кардани онҳо амри зарурист.

Дар ин раванд бори аввал Номинатсияи «Наврӯз» 30 сентябри соли 2009 дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуд, ки он замон Тоҷикистон узви Конвенсияи мазкур набуд. Аммо намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳову таҳияи ҳуҷҷатҳои он ширкат доштанд. Аз соли 2010 Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва СММ онро ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф намуд, ки ин иқдом бевосита аҳамияти сиёсӣ иҷтимоӣ ва таърихии махсусро касб намуда, муаррификунандаи миллат дар арсаи ҷаҳони муосир мебошад.

Пешвои миллат аз солҳои аввали роҳбарӣ зимни табрикоти хеш ба муносибати ҷашни Наврӯз аз Сада ва арзиши баланди фарҳангию илмии он низ ишораҳо менамуданд. Чунки Сада ҳамчун мероси аҳди нахустсулолаи ориёиҳо – Пешдодиён, зикр мешавад. Дар зери таъсири таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат аз соли 2011 аз лиҳози ҳуқуқӣ ҷашни Сада дар феҳристи рӯзҳои иди мамлакат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардид. Соли 2018 бори нахуст ба таври алоҳида ба муносибати Ҷашни Сада Паёми табрикии хешро манзури тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки санаи 6 декабри соли 2023 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон “Ҷашни Сада” аз тарафи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба амал оварда гуфта буданд, ки: “Бояд дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии “ЮНЕСКО” ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд. Чунки худшиносии миллӣ пойдевори бақои ҳар давлату миллат аст” [Раҳмон Э.].

Меҳргон ҳам ба монанди Наврӯзу Сада аз замонҳои бостонии пеш аз дини зардуштӣ, яке аз ҷашнҳои бузургу бошаҳомати мардумӣ буда [Раҳмонӣ Р., с. 2], оинҳои марбути ин ҷашн асрҳо боз мавриди истифодаи мардум қарор гирифтаанд. Тавре Сарвари давлат қайд кардаанд: “Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд” [Раҳмон Э. 63]. Меҳргон оғози соли Ҳахоманишӣ буда, дар тирамоҳ аз вориди Хуршед дар бурҷи мизон оғоз мешудааст. Ҳатто пажӯҳандагон ишорат менамоянд, ки дар даврони Ҳахоманишӣ ба ҷашни Меҳргон таваҷҷуҳ бештар будааст.

Албатта, дар асри гузашта дар муқоиса бо Садаву Тиргон ҷашни Меҳргон бо номҳои гуногун таҷлил карда мешуд ва оинҳои зиёди он аз ҷониби мардуми тоҷик иҷро мегардид. Ба ҳамин далел, арзиш ва шинохти ҷашни Меҳргон миёни тоҷикон бештар дида мешуд. Вале баъди соҳибистиқлолӣ нисбати он таваҷҷуҳи давлату ҳукумат афзуд. Ҳамасола ба муносибати гирдоварии ҳосил онро ҷашн мегирифтанд.

4 декабри соли 2024 дар шаҳри Асунсиони Ҷумҳурии Парагвай иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор гардид, ки зимни ҷаласа номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон “Ҷашни Меҳргон” ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО сабти ном шуд.

Ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. “Ин ҷашн дар рӯзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт. Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд, ки мутобиқ ба 1-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд” [Раҳимӣ Д., с. 12].

Қобили зикр аст, ки қадами дигари хеле муҳим дар роҳи бунёди давлати миллӣ, ки кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ соҳибэҳтиром гардонидааст, ин ба вуҷуд овардани низоми нави ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат таҳия ва қабули ҚҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ” мебошад. Ин иқдоми Пешвои миллатро ҳатто кишварҳои ҳамсоя қобили қабул дониста, сармашқи беҳбудии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати хеш шумориданд.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки хидмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷанбаҳои мухталифи соҳаи фарҳанг, бахусус ҷашнҳои миллӣ сазовори таҳсин буда, ҳар як иқдоми пешгирифтаи эшон баҳри ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии арзишҳои миллии мардуми тоҷик равона гардидаанд.

Адабиёт:

1. Раҳмон, Э. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 372 с.

2. Раҳимӣ, Д. Наврӯз – ҷашни замину офариниш. – Душанбе, 2021.

3. Раҳимӣ, Д. Тиргон ¬– ҷашни об. – Душанбе, 2019.

4. Раҳимӣ, Д. Меҳргон – ҷашни баракату фаровонӣ. – Душанбе, 2020.

5. Раҳимӣ, Д. Сада – ҷашни гармию нур. – Душанбе 2020.

6. Раҳмонӣ Р. Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон. – Душанбе: МДДМТ, 2022. – 244 с.

7. Раҳмонӣ, Р. Меҳргон ва оини меҳрпарастӣ https://izar.tj/tj/article/mekhrgon-va-oini-mekhrparasti

Носирова Лайло, ходими хурди илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО