16 Apr 2024
Submitted by Admin
974

Устоди аллома Садриддини Айнӣ (1878-1954) на танҳо дар амри бақову пойдорӣ ва нузҳату шукуфоии забони модарии мо дар садаи сарнавиштсози XX, метавон гуфт, нақши ба истилоҳ «калидӣ» дорад, балки фароянди таърихии ба марҳалаи нави рушду такмил ворид шудани забони тоҷикӣ ва ба зуҳур пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ин забон низ бо кору пайкор ва осори мондагори ӯ сахт алоқаманд аст.

Устоди муаззам Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки аз нахустин бунёдгузорони мактаби айнишиносӣ дар Тоҷикистон ва аз бузургтарин устодони ин мактаб эътироф шудааст, роҳу равиши устод Айниро дар забон роҳу равиши бузургони дирӯзу имрӯзи миллат, роҳи пайванд ҷустан ба аслу асолати хеш ва дар маҷмуъ роҳи раҳоию растагории забони миллӣ аз банди забонҳои бегона ва шоҳроҳи рушду такмили забони модарӣ арзёбӣ намуда, ҳамин ҳақиқатро дар мақолаи «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист»-и китоби бунёдии «Равшангари бузург» возеҳан таъкид карда буд: «Банда бар онам, ки дар забон бояд аз роҳу равиши устод Айнӣ берун нашавем, ки роҳу равиши бузургони мост. Ин роҳ роҳи пайвандҷӯӣ ба асли худ, ба ҳастии таърихии хеш аст. Ин пайванд набояд лаҳзае қатъ гардад. Ҳар ҷо фосилае миёни Айнӣ ва мо пайдо шудааст, моро аз ҳастии миллии худ дур медорад, монеъи ягонагии миллӣ ва худогоҳии таърихии мо хоҳад омад. Ин фосиларо аз миён бояд бардошт. Он гоҳ устод Айнӣ моро бо ҳама гузаштаи мо, бо ҳама бузургони забону адабу фарҳанги бостонии мо пайванд хоҳад дод. Айнӣ пуле миёни мо ва ҳама гузаштаҳост. Роҳи ояндаи мо бо ҳамин пул пайвастааст» [10, 319].

Ин суханони устоди зиндаёд Шакурӣ айни воқеият аст. Устоди аллома Садриддини Айнӣ бегумон пули иртибот ва ҳалқаи васл аст, ки дирӯзу имрӯз ва имрӯзу фардои миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ҳам пайванд медиҳад.

Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки устод Шакурӣ дар рӯзгори мо фарҳанги сухани тоҷикиро офаридаи зеҳни халлоқи устод Айнӣ ва забони устод Айниро «олитарин намунаи форсии тоҷикии асри мо» [10, 320] ба қалам додааст, ки ҷойи ҳеҷ шакку тардид надорад. Дар маҷмуъ, ширинию шевоӣ, пойдорию устуворӣ ва рушду такмили забони модарии мо дар садаи бист ба номи устод Айнӣ, саъю кӯшиш ва заҳмату талошҳои ҳамвораи ӯ бастагию пайвастагӣ дорад.

Аслан таърихи пурифтихор ва ғановати нопайдоканори забони модарии мо бурҳони бебаҳс аст, ки самараву маҳсули меҳнату заҳмати шаборӯзии фарзандони фарзонаи миллат, чун устод Айнӣ дар тӯли садсолаҳост.

Дар тӯли таърих ҳар гоҳ ки ба забони модарии мо хатари аз даст додани шевоию асолат пеш омадааст, фарзандони шарафманди он ба дифоъи забон бархоста, бо азхудгузаштагию ҷоннисориҳои бемислу монанд ин сафинаи пур аз ганҷи уммеду армони халқро дигарбора саломат ба соҳили мурод расонидаанд.

Садаи бисти тӯфонхез ба сари миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ азобу кулфати зиёд овард ва ҳастии миллату забони миллатро дар ин рӯзгори сарнавиштсоз зери шубҳа қарор дод. Аз як тараф, бархе ба истилоҳ «зиёиёни маҳаллӣ», ки дар мактабҳои Туркия таҳсил гирифта буданд, қасдан ҳастии миллати тоҷикро дар ватани таърихии онҳо инкор мекарданд, аз тарафи дигар, баъзе шогирдону пайравони онҳо, ки дар давлати навбунёди болшевикӣ ба мақоми раҳбарӣ расида буданд, мубориза бар зидди сохти амириро бо роҳи дасисаву иғво ба мубориза бар муқобили қавми тоҷик ва забони тоҷикӣ табдил доданд ва ба таври ошкор шиор партофтанд: «Нест бод аморати Бухоро! Нест бод забони аморати Бухоро!».

Дар чунин рӯзгори душвору буҳронӣ устод Айнӣ рисолати дифоъ аз забону миллатро ба дӯши худ гирифт ва ҷон рӯйи каф ба майдони мубориза ворид шуд ва тадриҷан ба пирӯзии комил ноил гардид.

Нахустин иқдоми бузурги ӯ дар ин замина тадвини китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» буд, ки соли 1926 дар Маскав ба нашр расид ва аз мавҷудияти миллати бостонии тоҷик ва забону адабиёти бештар аз ҳазорсолаи он дар Осиёи Миёна хабар дод. Ҳарчанд бо тавтиаву буҳтони сохта ба душманони забону миллат муяссар гардид, ки соли 1930 ин китобро аз дасти мардум ва дукону китобфурӯшиҳо барчида, туъмаи оташ созанд, вай рисолати худро муваффақона иҷро кард ва ба қавли худи устод «пардаи он иғвогаронро даронд ва ба даҳонашон муҳри хомӯшӣ зад» [1, 97].

Метавон гуфт, устод Айнӣ ҳамин иқдом, яъне ба мардуми дохилу хориҷ тарғибу муаррифӣ кардани фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ва бузургони забону адабиёти ӯро минбаъд то охири умр идома дод. Асарҳои илмию таҳқиқотии «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» (1934), «Шайхурраис Абӯалӣ Сино» (1939), «Устод Рӯдакӣ» (1940), «Камоли Хуҷандӣ» (1940), «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» (1940-1942), «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (1946), «Мирзо Абдулқодири Бедил» (1954) дар шинохти рӯзгору осори ин бузургон имрӯз ҳам аз аҳаммияти фаровон бархурдоранд.

Роҳу равиши устод Айнӣ дар забон асосан нигаҳдошти асолат, покизагӣ ва ширинию шевоии забони модарӣ, ҳамчунин ғаноафзоии забон бо истифода аз имконоти дохилии он аст, ки аз нахустин сурудаҳояш дар замони амирӣ, то таълифи охирин асари бузурги нотамоми ӯ «Ёддоштҳо» (1947-1954) дар даврони Шӯравӣ ба назар мерасад.

Дар ҳамаи таълифоти устод, аз ҷумла дар чанд байти зер аз шеъре бо номи «Нидо ба ҷавонон», ки дар шумораи 5 маҷаллаи «Ойина» соли 1914 дар Самарқанд ба нашр расидааст, шеваи ифодаи ширину шевои забони классикӣ риоя шудааст:

Дар саҳфаи рӯзгор аз кас

Номи баду нек монаду бас.

Эй дил, чу гузаштанист айём

Бар хурду бузург кому ноком,

Он беҳ ба замини зиндагонӣ

Тухми амали накӯ фишонӣ.

Чун моҳ ба авҷи комронӣ

Бар рӯи ҷаҳон зиё фишонӣ.

Чун боғ ба вақти навбаҳорон

Бикшой дили ҳазини ёрон.

Чун сарв агар самар надорӣ,

Аз сояи худ бубахш боре…

Бахшой ба қадри иститоат,

Аз умр ба хидмати ҷамоат [3, 240].

Аз ғазалҳои тоинқилобии устод Айнӣ низ асолату покизагии забон ва шеваи ширину дилангези ғазали «рӯдакивор»-у «саъдиёна»-ву «ҳилолигуна» ба гӯш мерасад:

Дӯстон, арзи умедам бар нигори ман баред,

Раҳмате бар хотири уммедвори ман баред.

Ё ба ман аз хоки пояш сурмаворе оваред,

Ё маро дар раҳгузори шаҳсавори ман баред.

З-ин диёру шаҳр тангам, шаҳри ёри ман куҷост?

Лутф ореду маро дар шаҳри ёри ман баред.

Ман қатили ғамзаи навхатнигоре гаштаам,

Пай бад-ин маънӣ зи райҳони мазори ман баред.

Сабзаи хаттам бибинеду мапурсед аз ғамам,

Бар хазони ман қиёс аз навбаҳори ман баред.

Гар ҳамехоҳед ҷон осон диҳам ҳангоми назъ,

Ҷойи такбиру тиловат номи ёри ман баред.

Дар парешонрӯзгорӣ гар равад Айнӣ зи даҳр,

Ҷамъ биншинеду ёд аз рӯзгори ман баред [3, 49].

Ё дар шеъри «Овози тоҷик», ки ба истиқболи нашри рӯзномаи тоҷикии «Овози тоҷик» дар Самарқанд суруда шуда, дар шумораи дувуми ин рӯзнома 4 сентябри соли 1924 ба табъ расидааст, устод аз ҳунару истеъдоди фитрии мардуми тоҷик, дилу дидаи бедор, таърихи пурифтихор, забони гуҳарбор ва ояндаи нусратёри он садои ифтихор баланд кардааст:

Ба парда то ба чандин рози тоҷик?

Биё, биншин, шунав овози тоҷик!

Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ

Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.

Суханро чун арӯсон зеб дода

Забони маърифатпардози тоҷик.

Ҳунарҳо, пешаҳо эҷод карда

Ба дунё қувваи ҷонбози тоҷик.

Яқин донӣ, ки анҷомаш ба хайр аст,

Ба ёд орӣ, агар оғози тоҷик.

Ҷаҳонро сарбасар санҷида, дида

Ба аҳди рафта чашми бози тоҷик… [6, 352].

Устод Айнӣ равияи сода кардани забонро, ки аслан аз таълифоти бунёдгузори равияи маорифпарварии тоҷик Аҳмади Дониш (1826-1897) ибтидо мегирад, дар осори худ ба ваҷҳи неку идома бахшид ва нахустину беҳтарину пуровозатарин ҳикояву повесту романҳои тоҷикӣ, аз қабили «Одина» (1924), «Аҳмади девбанд» (1928), «Дохунда» (1930), «Ғуломон» (1934), «Мактаби куҳна» (1936), «Марги судхӯр» (1936, 1952), «Ятим» (1940), «Ёддоштҳо» (1947-1954) бо қалами сеҳрофари ӯ ба риштаи таҳрир даромаданд. Барои мисол, тасвири Гулнор аз дидгоҳи Ёдгор, ки дар романи «Дохунда» (1930) омадааст, аз беҳтарин намунаҳои нигориши тоҷикӣ дар садаи бист арзёбӣ шудааст. Дар ин тасвир ҳамчунин асаре аз корбасти санъати насри мусаҷҷаъ, ки дар «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ корбурди фаровон дорад, мушоҳида гардида, аз устодии комили муаллиф дар забону баёни тоҷикӣ шаҳодат медиҳад: «Чашми сиёҳи оташбор, мижгони дарози ҷоншикор ва абруи каҷи дунболадори ӯ дили ҳар бинандаро аз ҷо мебурд. Қадди навруста, рӯйи хуҷиста, зулфи шикаста, абруйи пайваста – ҳама ба якдигар муносиб, ҳама ба якдигар шинам, ҳама ба якдигар зебанда афтида буданд. Донаҳои ашки алмосгун, ки аз чашмони дурахшонаш ба рӯйи рахшонаш мечакиданд, намуди шабнами саҳариро ба рӯйи гулбарги сурхи таре ҷилва медоданд» [2, 21].

Дар мақолаву тақризҳои устод Айнӣ «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» («Роҳбари дониш», 1928. №4-5), «Забони тоҷикӣ» («Роҳбари дониш», 1928. №11-12), «Китобҳои тоҷикӣ» («Овози тоҷик», июн-августи 1926). «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ» («Овози тоҷик», 16 авг. 1926) ва ғ. низ дар баробари масоили содагию покизагии забон масъалаҳои марбут ба таърихи забони тоҷикӣ, вежагиву махсусият ва доираи имконоти ин забон дар баёни матолиби илмию ғайриилмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Як ҷанбаи дигари бисёр муҳимми фаъолияти устод Айниро фарҳангнигорӣ ва луғатнависии тоҷикӣ ташкил медиҳад. Ба баёни дигар, устод Айнӣ ҳамчунин аз устодони бузурги мактаби амалии фарҳангнигорӣ ва луғатнависии тоҷик ба ҳисоб меравад.

Китоби «Полный русско-таджикский словарь» («Луғати мукаммали русӣ-тоҷикӣ»), ки зери назари устод Айнӣ дар ду ҷилд таҳия ва солҳои 1933-1934 ба нашр расид, шояд нахустин кӯшиш дар тадвини фарҳанги нисбатан мукаммали дузабонаи русӣ ба тоҷикӣ буд, ки баъдтар, мутаассифона, ин китоб низ чун шоҳасари «Намунаи адабиёти тоҷик» бо кадом як ҷурми сиёсӣ аз дукону китобфурӯшиҳо барчида шуд ва ба коми оташи беамон рафт. Шояд «ҷурми сиёсӣ»-и китоби мазкур бастагӣ ба ин дошт, ки дар вай дар баробари истилоҳоти русии сиёсии давр ғолибан истилоҳоти форсиаслу арабиасос истифода шуда буд.

Яке аз шогирдони фозил ва пайравони комили устод Айнӣ Раҳим Ҳошим дар робита ба ин китоб тазаккур медиҳад, ки ибтидои соли 1929 Комисариати маориф ва Нашриёти давлатии Тоҷикистон бо назардошти ниёзи мардум ба луғати русӣ-тоҷикӣ ва тартиб додани он дар Самарқанд гурӯҳеро зери раҳбарии устод Айнӣ муваззаф кард ва ифтихори иштирок дар ин ҳайат ба худи вай низ муяссар омада буд. Ба қавли ӯ ин луғат «ҳарчанд ки чоп шудан ҳамоно ҷавонмарг гардид ва дар ҳаққаш маломатҳои зиёде карда шуд… аз ҷиҳати ёфта мондани калимаҳои муодил, калимаҳои муродифи тоҷикӣ, аввалин бор ба кор даровардани баъзе истилоҳҳо, истеъмоли баъзе шаклҳои дар он вақт ҳанӯз камистеъмолу номаъмули грамматикӣ дар он луғат хеле кор карда шуда буд, ки ин асосан дар натиҷаи иштироки бевоситаи Айнӣ ва меҳнати хеле дилсӯзонаи вай... муяссар гардида буд» [8, 66-67].

Раҳим Ҳошим, ки гуфтем зери роҳбарии устод Айнӣ дар таҳияву тадвини ин луғат иштирок кардааст, дар баробари луғатдонӣ ва луғатшиносии Айнӣ ба муносибат ва масъулиятшиносии баланди ӯ дар фарҳангнигорӣ баҳои сазовор додааст. Вай таъкид бар он дорад, ки «дар аснои кор дар болои ин луғат ба вуқуфи Айнӣ ба сарвати хеле бузурги забони адабӣ ва халқии тоҷик, ба дониши вай, ба нозукиҳои забони мо, ба диққати вай дар ҷустуҷӯ ва истеъмоли калимаҳои ҷудогона, на фақат ба луғатдонӣ, балки ба луғатшиносии вай, ба хурдагириҳои вай дар ҷумлабандиҳо, ба эҳтиёткории вай дар истеъмоли калимаҳои нави номаълум, ба ғамхорӣ ва дилсӯзии вай ба забони адабии мо, ба масъулият ҳис кардани вай дар аснои навиштани ин ё он калима, ба сахтгирӣ ва интизомдӯстии вай боварии тазалзулнопазире ҳосил кардам» [8, 66].

Раҳим Ҳошим ҳамчунин ёдовар мешавад, устод Айнӣ ҳангоми тартиб додани калимаҳои ҷудогонаи луғат ҳарчанд «ҳофизаи хеле зӯре дошт, луғати бисёреро бо тамоми ҷузъиёташ аз ёд медонист, вале бе санҷиш, бе дидани луғат, бе он ки тарафҳои гуногуни он калимаро як бори дигар тафтиш ва мулоҳиза кунад, ба навишта шудани он рухсат намедод» [8, 65-66].

Чунин шеваи кори устод Айнӣ, яъне камоли масъулият дар интихоби вожаву калима ва дар заминаи луғатҳои дигар мавриди санҷишу тафтиши пайваста қарор додани калимаву вожаҳое, ки ба луғат ворид карда мешаванд, мақбултарин шеваи фарҳангнигорист ва имрӯз низ зарур аст сармашқи фаъолияти фарҳангнигорону луғатнависони муосир гардад.

Устод Айнӣ моҳи июли соли 1938 «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-ро навишта ба анҷом расонд, ки нусхаи асли он дар он рӯзгори сахти таъқибу террор зоҳиран аз байн рафтааст.

Моҳи апрели соли 1939 донишманди маъруф Евгений Эдуардович Бертелс (1890-1957) дар як номаи самимонаи худ ба устод Айнӣ ин луғатро «шоҳкор» ба қалам дода, таъкид карда буд, ки «ин китоб ганҷинаест, аз ҷавоҳири гаронбаҳои моломол, як асарест, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он истифода кунанд» [4, 10]. Зимнан профессор Е.Бертелс, ки луғати мазкур соли 1939 аз тарафи шуъбаи Ленинградии нашриёт барои таҳрир ба вай супурда шуда буд, дар номаи худ ба устод Айнӣ ишора ба он дорад, ки «дар луғати Шумо бо он ҳама сарват, ки дорои он аст, калимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ ҳеч ёфта намешавад. Агарчи ман шояд сабабашро мефаҳмам, вале метарсам, ки агар ин китоб дар ҳамин шакли ҳозирааш аз чоп мебарояд, баъзе танқидчиёни мӯшикоф як ҳойҳуйе хоҳанд баровард, ки он сараш нопайдо хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, ки Шумо мухолифи дохил кардани чунин калимаҳо дар забони адабии тоҷик ҳастед ва дигар ҳамин хел музахрафот. Агарчи Шумо албатта метавонед ба чунин танқид чунон як ҷавоби қатъӣ бидиҳед, вале ба назарам аз ин қисм гуфтугӯҳо ҳеч касро хушаш намеояд» [4, 10].

Ин суханони профессор Е.Бертелс беҳикмат набуд. Худи вай, ки аз зиёиёни ашрофзодаи Русия буд ва то ин дам, яъне то соли 1939 ду бор (солҳои 1922 ва 1925) бо баҳонаҳои бофтаву сохта ба маҳбас кашида шуда буд, аз ҷони устод Айнӣ бим дошт. Ҳамчунин профессор Е.Бертелс аз сарнавишти талхи китоби дар боло ёдшудаи «Полный русско-таджикский словарь» («Луғати мукаммали русӣ-тоҷикӣ») бохабар буд. Бино бар ин, ба устод Айнӣ тавсия медиҳад, ки мо метавонем бо ризояти Шумо ба як мутахассис супориш диҳем, муҳимтарин истилоҳот ва луғатҳои сиёсии русиро бо шарҳи онҳо интихоб кунад. Баъдан «як мутарҷими забардаст аз қабили Улуғзода» [4, 10] ҳамаи ин луғатҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷима кунад. Баъдан ҳамаи ин калимаҳо ба Шумо фиристода хоҳад шуд ва бо савобдиди Шумо ба китоб илова карда мешавад.

Вале устод Айнӣ ин дархостро дар хусуси ба луғат ворид кардани «калимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ» напазируфт ва ин луғат дар рӯзгори зиндагии ӯ дигар ба нашр нарасид. Танҳо соли 1976 бо саъю эҳтимоми Камол Айнӣ ва Ҳафиз Рауфов дар заминаи нусхаи дувум ва дигар баъзе мусаввадаҳои устод ин луғат барқарор ва ба сифати ҷилди 12 Куллиёти устод Айнӣ ба нашр расонида шуд.

Донишманди шинохта Раҳим Ҳошим, ки луғати нимтафсилии устод Айнӣ зери таҳрири ӯ ба нашр расид, бо таваҷҷуҳ ба матолиби ин луғатнома ба чунин хулоса омадааст, ки «Айнӣ фақат луғатдон набуда, балки пеш аз ҳама луғатшиносе мебошад, ки ба нозукиҳои калима, ба тобишҳои гуногуни он, ба мавқеи истеъмоли он дар забони адабӣ ва халқӣ диққат ва аҳамияти калон медиҳад» [8, 70].

Фаъолияти устод Айнӣ дар таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1940) низ муассир арзёбӣ шудааст.

Бояд таъкид кард, ки марҳалаҳои аввалу мобайни зиндагию эҷоди устод Айнӣ нахуст ба рӯзгори душвори тираву тори амирӣ ва баъдан ба давраи зуҳур ва рӯйи кор омадани пантуркизми тоҷикситези қудратталаб ва болшевизми ҷангҷӯйи нестангор мусодиф омад. Аз ин хотир, пайи панҷаи бераҳми замон, ки дар забон ва ифодаву баёни бархе аз навиштаҳои устод, бахусус дар мақолаҳои публистистии ӯ ҷо-ҷо ба дид меояд, пайомади ҳамон падида ва зуҳуроти номатлуби асолатзудост, ки хушбахтона ғолибан ба истифодаи калимаву истилоҳоти ҷудогона маҳдуд мегардад ва ба сохти дастурии забон чандон нақши таъсиргузор надорад.

Садриддини Айнӣ бегумон бузургтарин устоди забони тоҷикӣ дар садаи бист аст, ки забони осори ӯ заминаи забони адабии ҳозираи тоҷикӣ қарор гирифтааст.

Сеҳри сухан ва қудрати баёни устод Айнӣ ба ҳаддест, ки бино бар зарурат бо андак талхис ва дигаргунӣ аз қавли пешиниён сурудаҳое сохтааст, ки сурудаҳои аслро зери сояи худ қарор додаанд. Масалан, Мавлоно Ҷомӣ дар як ғазали худ, ки бо ҳусни матлаи

Дил хуну ҷон фигору ҷигар решу сина чок,

Ҳам худ бигӯй: Чун накашам оҳи дарднок?

оғоз мешавад, чунин як байтулғазали ошиқонаи зебову дилнишин дорад:

Атри кафан зи хоки дарат кардам орзу,

Охир, бубин, ки мебарам ин орзу ба хок [9, 71].

Устод Айнӣ дар фарҷоми китоби маъруфи адабию таърихии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (1944), ки ба хотири бедор кардани рӯҳияи ватанхоҳии сарбозони тоҷик дар ҷабҳаҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон таълиф кардааст, он ҷо, ки аз кушта шудани Темурмалик ва дарёфти васиятнома бо як каф хок аз миёнбанди ӯ ҳикоят мекунад, тасвири мухтасари ҷолибу хотирмони ватанхоҳӣ ва истиқлолталабиро дар либоси назму наср пеши назари хонанда ба ҷилва овардааст: «Дар миёнбанди Темурмалик (хуҷандиён – Ҳ.С) халтачае ёфтанд, ки дар вай як каф хок ва як парча коғази хатнок буд: «Э он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгори ватани азизи ман аст!». Дар охири хат ин байт ҳам буд:

Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок» [5, 80].

Чунонки ба мушоҳида мерасад, устод Айнӣ бо андак таҳрир, бахусус бо табдили ибораи «хоки дарат» ба ибораи «хоки Ватан» аз байти ошиқонаи Мавлоно Ҷомӣ байти олии мутантани ватанхоҳӣ офаридааст, ки дар байни мардум нисбат ба байти асл эътибору маҳбубияти бештар пайдо кардааст ва ҳанӯз вирди забонҳост.

Ҳосили сухан, устод Айнӣ дар таъмини бақои ҳастии миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ дар рӯзгори буҳронӣ ва тӯфонхези садаи бист саҳми беназир дорад ва ҳамин ҳақиқат дар сурудаи зерини воқеъбинонаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба таври равшану возеҳ баён шудааст:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,

Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад…

То ба Айнӣ шоирон танҳо ба танҳо хондаанд,

Ӯ суруди инқилоби халқро бо халқ хонд.

То ба ӯ аз шоирон девону дафтар мондааст,

Ӯ ба мо девону дафтар, ҳам Ватан, ҳам халқ монд [7, 37-38].

Адабиёт:

1. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 1./ Садриддин Айнӣ. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958. -346с.

2. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 2./ Садриддин Айнӣ. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1960. -274с.

3. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 8./ Садриддин Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1981. -522с.

4. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 12./ Садриддин Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1976. -564+208с.

5. Айнӣ Садриддин. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик. Исёни Муқаннаъ. / Садриддин Айнӣ. – Душанбе: Маориф, 1978. -168с.

6. Айнӣ Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. (Ҷилди 16)./ Садриддин Айнӣ. – Душанбе, 2010. -420с.

7. Баргузидаи ашъори устод Бозор Собир. – Теҳрон: Алҳудо, 1363. - 403с.

8. Ҳошим Раҳим. Сухан аз устодон ва дӯстон. / Раҳим Ҳошим. – Душанбе: Ирфон, 1983. - 272 с.

9. Ҷомӣ Абдураҳмон. Осор. ҷилди дуюм. Фотиҳат-уш-шубоб (девони аввал). / Абдураҳмони Ҷомӣ. – Душанбе: Ирфон, 1987. -576с.

10. Шакурии Бухороӣ. Муҳаммадҷон. Равшангари бузург. / Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. – Душанбе: Адиб, 2006. - 340с.

Ҳасани СУЛТОН,

узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО