09 Jan 2024
Submitted by Admin
133

Дӯстони афғонистонӣ аз банда хостанд, ки барои китоби ашъори устод Восифи Бохтарӣ, ки дарТоҷикистон бо ду ҳуруф – сириллик ва форсӣ ҳуруфчиниву саҳифабандӣ карда, ба нашр омода сохтаанд, дар ҳаҷми се сафҳа сарсухане нависам. Банда бо камоли майл розӣ шудам, барои он ки ин кор на фақат боиси ифтихор аст, балки барои ман мавриди хубе ҳам ҳаст, ки бо ашъори ин шоири шуҳратманд бештару амиқтар ошно бишавам. Банда саодати онро доштам, ки дар яке аз сафарҳои устод Восифи Бохтарӣ ба Тоҷикистон меҳмондорашон бошам, ҳарчанд ин сафари кӯтоҳмуддате буд, вале ба ҳар ҳол, барои шинохти шахсии инсон беманфиат набуд, зеро инсонҳое ҳастанд, ки аз симои онон фари эзадӣ ҳувайдост ва кас бо як дидани онон ба дилаш меҳри гармашонро ҷой медиҳад. Устод Восифи Бохтарӣ ҳамин гуна инсоне буданд. Ва бо ман ҳам ҳамин гуна ҳолат рух дод, ҳарчанд он гоҳ ман бо шуҳрати шоириашон нисбат ба шеърашон бештар огоҳ будам, зеро шеърашон бароям камтар дастрас буд, вале дар шинохти инсону шеър ё шоир ин милок ҳам ҷой дорад, ки барои шинохти аввалӣ, инсон, моҳу соли бисёр зарур аст, вале барои шинохти шоир як шеъраш ҳам кофист. Ман, ки аз устод Бохтарӣ аз як шеър бештар хонда будам, манзалати шоириашонро медонистам, бинобар он, эшонро инъикоси ашъорашон ва ашъорашонро таҷаллии шахсияти волояшон дарёфта будам.

Ҳоло пеши ман дар китобе, ки ба нашр мерасад, 81 сафҳа шеър, 35 сафҳа тарҷумаҳо аз шуарои гуногуни ҷаҳон ва 25 сафҳа суҳбати шоир Партав Нодирӣ бо Восифи Бохтарӣ мавҷуд аст, ки имкон медиҳад дар бораи волоии шахсият ва осори ин шоири забардаст бо итминони комил сухан ронам. Нахустину муҳиммтарин чизе, ки дар шахсияту эҷодиёти Восифи Бохтарӣ ба назари ман мерасад, ягонагии бадеии шахсияту осори шоир аст ва ин ба он маъност, ки шахсияти ӯ ба тимсоли бадеие мубаддал шудааст, ки дар зиндагии ӯ муҳиммтарин воқеоти замон ва кишавараш, на фақат инъикос ёфтаанд, балки муҳтавои зиндагиаш будаанд. Аз ин ҷост, ки ғаму шодияш ниҳоят асаргузор буда, хонандаро дарзамон ба худ ҳамдил месозад ва ӯ бо шодии, мутассифона, ками ӯ, зеро замони зиндагиаш ҳамин гуна буда, шод ва бо ғаму дарди ӯ, ки бисёр аст, ғамзадаву дардошно мешавад. Сифати дигар дар он аст, ки шоир аз мероси ғании шеъру адаби форсӣ вуқуфи густардаву амиқ дошта, вежагиҳои писандидаи онро бо анвои шеъри замон ва тозаҷӯиҳои он, ки бо ҳар ном – нимоиву шеъри наву сапед ва монанди инҳо зикр мешавад, бо маҳорати тамом пайванд медиҳад.

Аз аввалин шеъре, ки аз ӯ ба табъ расидааст, ба хубӣ намудор аст, ки дар навъи суннатии ғазал ҳам кӯшидааст, ки суханаш самимият ва тозагие дошта бошад ва ин сифат дар дарозои эҷодиёташ ҳамеша бо ӯ буда, сол ба сол гармтару густардатар шудааст.

Чу дар шиканҷи қафас ёди ошёна кунам,

Зи хуни дидаву доғи дил обу дона кунам.

Расад ба арши Худо шеъри осмонии ман,

Шабе, ки сози суханҳои ошиқона кунам.

Восифи Бохтарӣ шоирест, ки дар давраҳои аввали эҷодиёташ дар қолабҳои суннатӣ – ғазал, қасида, маснавӣ, рубоиву дубайтӣ ва монанди инҳо шеър гуфта бошад ҳам, кӯшидааст, ки дар онҳо муҳтавои тозаро баён кунад, аз ин рӯ ашъораш, дар умум, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи шоирон ва мухлисону ноқидони шеър будааст. Ва ҳангоме, ки ӯ ба гуфтани шеъри нав – нимоиву шеъри сапед оғоз кард, барои худ заминаи мустаҳкаме омода карда буд, ки ӯро ба парвозҳои баланду дуродур такон медод. Шоире, ки дар оғози кораш бо ҷуръати тамом чунин гуфтааст:

Шеъри устодон фаровон хондаам,

Гарчи дил суде аз ин савдо надошт.

Он якеро сусту абтар буд лафз,

В-он дигар андешаи воло надошт. –

табиист, барои худ меъёри хеле баланде муқаррар карда буд, ки шеъраш дастхуши ин гуна нақсҳо набошад. Ва аз даст надодани ин меъёр ӯро ба ҷустуҷӯ ва омӯзиши ҳамешагӣ водор мекард, ки ба дараҷаи устодӣ бирасад, ки воқеан сурат ҳам бигирифт ва ин фазилат ӯро на фақат дар гуфтани ашъор дар анвои суннатӣ, балки дар шеъри нимоӣ ҳам ангуштнамои шеъри муосири форсӣ сохт. Ва ҳамаи талоши ӯ, ҳам дар шеъри суннатӣ ва ҳам тоза, пайи он будааст, ки роҳи расидан ба озодӣ ва одамиятро бо сурати бадеъ ва андешаҳои амиқу боровар нигориш бикунад. Ҳоло ба ин шеъри нимоӣ таваҷҷуҳ бишавад, ки ҳарфи болоро тасбит бикунад:

Аз ин биёбон оё

–Аз ин биёбон,

Ки рустаниҳояш

Ба боғҳои муаллақ,

Ба дасти сабзи асотири Шарқ кӯчиданд –

Дарахти соиқа хоҳад руст?

Дарахти соиқа танҳост,

Дарахти соиқа ҷангалнишин набуду нахоҳад шуд.

Дарахти соиқаро

Ба обёрии дарёиён ниёзе нест.

Дарахти соиқа гоҳе

Ягона фотеҳи ҷуғрофиёи озодист.

Онҳое, ки шахсияти устод Восифи Бохтариро беҳтар аз ман мешиносанду бо рӯзгораш бештар шиносо ҳастанд, дар навиштаҳои худ аз сифатҳои волои инсонии ӯ бисёр гуфтаанд ва ҳатто ишора кардаанд, ки дар баъзе ҳолат дар сарсуханҳои худ ба китоби ашъори шоирон беш аз ҳад муҳаббат нишон додаасту таҳсин гуфтааст, вале ман мегӯям, ки ин тақозои дили меҳрубону ғамхори ӯст. Шоире, ки дар яке аз ғазалҳояш чунин мегӯяд, ҳатман ҳамин гуна рафтор хоҳад кард:

Ба он нахли зипоафтода бояд офарин гуфтан,

Ки нафринҳо шунуд аз боғбон, аммо дуояш кард.

Дар фарҷоми ин сарсухани мухтасар қайд мекунам, ки, мутаассифона, то ҳол дар байни кишварҳои ҳамзабони мо ба дараҷае, ки зарур аст, иртиботи фарҳангиву адабӣ барқарор нашудааст, вагарна осори чунин устоде ҳамчун Восифи Бохтарӣ кайҳо бояд дар сарзаминҳои ҳамзабони мо ба таври пурра дастраси мухлисони шеър мешуд, ки на танҳо барои шинохти комилтари ӯ хидмат мекард, балки барои истифодаи таҷрибаи ғанияш дар ривоҷу равнақи шеъри муосир саҳми муносибе мегузошт. Бинобар он, нашри гузинаи ашъори ӯ, ки аз ҷониби дӯстони афғонистонӣ дар кишвари мо сурат мегирад, кори хайрест, ки муҷиби сипосгузории мост.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО