21 Jul 2026
Submitted by Admin
25

Нависанда: Яъқуби Ясно

Китоби “Аз Балх то Бухоро”, ки мунтахабе аз шеърҳои Беҳрӯзи Забеҳулло аст, чанд рӯз пеш аз тарафи “Нашри Мавлоно” дар Канада ба чоп расид. Ин китоб дорои 354 саҳифа аст ва бисёре аз шеърҳои шоирро дар қолабҳои мутафовит дарбар мегирад. Метавон гуфт ин мунтахаб намунаи хубе аз шеъри муосири Тоҷикистон аст, ки ба алифбои порсии дарӣ дар дастраси алоқамандони шеър дар ҳавзаи фарҳангии Афғонистону Эрон қарор гирифтааст.

Ба назарам чопи ин китоб барои ҳавзаи фарҳангию адабии мо рӯйдоде боаҳаммият ва хуҷаста аст. Ман ба муносибати чопи китоби “Аз Балх то Бухоро” яке аз ғазалҳои онро таҳлилу баррасӣ мекунам. Ғазал дар охири ёддошт омадааст. Мавзуъ ва муҳтавои шеърҳои китоб бештар иҷтимоист, аммо шеърҳое ҳам дар китоб ҳастанд, ки мавзуъ ва муҳтавои ҳастишиносона (онтологӣ)-ву вуҷудӣ доранд ва баёнгари тарзи диди фалсафии шоир ба ҳастию вуҷуд аст.

Муҳтавои ҳастишиносонаву вуҷудӣ дар шеъру адабиёт яке аз мавзуъҳои мавриди алоқаи ман аст ва пеш аз ин шеърҳои шуморе аз шоирони афғонистонию эрониро бо ин гуна муҳтаво (ҳастишиносона) нақду баррасӣ кардаам, аммо ин ёддошт нахустин ёддоштест, ки дар он шеъри як шоири тоҷикистониро аз чашмандози ҳастишиносона таҳлилу баррасӣ мекунам. Рӯйкарди фалсафиеро, ки дар таҳлили ғазале аз Беҳрӯзи Забеҳулло дар назар мегирам, рӯйкарде падидоршиносона (феноменологӣ) аст, ки ба гунаҳое ба орои Эдмонд Ҳуссерл, Мартин Ҳайдеггер ва Морис Мерло-Понтӣ метавонад иртибот пайдо кунад.

Ғазали “Шаҳри пурғавғо”-ро ба чанд далел интихоб кардам; нахуст як ғазали комилан модерну муосир аз назари зовияи диду забон аст; дувум, ғазал дорои сохтори амудӣ ва баёни ривоятист; савум, ғазал баёнгари таҷрибаи зиста, имкони таҳлилу баррасии падидоршиносонаро медиҳад.

Шеър нигариши зеҳнии шахсиятеро ривоят мекунад, ки худи ӯ чизе намегӯяд, аммо дар ҳоли мурури чизҳо ва ҷаҳон чун хотира ва таҷрибаи зистааст. Агарчи чизе намегӯяд, вале чизҳоеро, ки дар гузашта дида ва бо онҳо зиста, ҳама ба унвони гузаштае маънодор дар зеҳну огоҳии ӯ ҳузур пайдо мекунанд ва гузашта дар акнун тадовум меёбад. Бино бар ин, ғазали Беҳрӯзи Забеҳулло чизҳо ва ҷаҳонро он гуна нишон медиҳад, ки дар огоҳии шахсият падидор мешаванд.

Аз назари падидоршиносӣ (феноменология) чизҳо барои ҳар кадоми мо маънои мутафовит доранд. Мумкин як санг дар роҳе барои бисёре аз афрод фақат як воқеият ва як санг бошад, аммо барои як шахс метавонад фаротар аз як санг маъно дошта бошад. Чаро? Мумкин он шахс солҳо пеш бо дӯсташ бар санг нишаста буда, ки дигар он дӯсташ нест. Бар ин асос он санг дар огоҳӣ ва зеҳни ӯ тавре ҳузур пайдо мекунад, ки ба таҷрибаи зистааш иртибот дорад ва санг фақат як воқеият нест, балки ёдовари падидори огоҳӣ дар зеҳнаш аст.

Шеъри мавриди назар низ аз ҳузури чизҳо ҳамчун падидори огоҳӣ дар зеҳни шахсияти ғазал хабар медиҳад. Дуруст аст, ки ӯ чизе намегӯяд, аммо чизҳо ба унвони падидор ва таҷрибаи зиста дар зеҳнаш ҳузур меёбанд, ки ҳузури гузашта дар акнунро мумкин мекунанд. Бино бар ин, шахсият бо зоҳире хомӯш, вале зеҳнаш пур аз ҳаёҳӯ, гузаштаро мурур ва ҳузурашро дар ҷаҳон баррасӣ мекунад. Вазъияти шахсияти ғазали Беҳрӯзи Забеҳулло ин байти Ҳофизро ба ёд меоварад:

Дар андаруни мани хастадил надонам кист,

Ки ман хамӯшаму ӯ дар хурӯшу дар ғавғост!

Шеър ривояти як зиндагӣ нест, бознамоии таҷрибаи зистааст. Шоир аз берун ба шахсият нигоҳ намекунад, балки ба даруни ӯ меравад ва ҷаҳонро он гуна нишон медиҳад, ки барои шахсияти шеър падидор мешавад.

Шеър бо ҳузури шахсият дар шаҳр оғоз мешавад, шаҳре, ки дар он зиндагӣ карда, акнун онро дубора таҷриба мекунад. Шаҳр фақат як макони ҷуғрофиёӣ нест, уфуқи огоҳии шахсияти шеър аст. Уфуқ ба ин маъно аст, ки ҳар падидор дар шабакае аз маъноҳои нодиданӣ ҳузур дорад. Шаҳр дар шеър мушаххасан ба маънои хиёбон нест, балки бо худ ишқ, ҷавонӣ, ҳасрат, замон ва хотираро низ ҳозир мекунад.

Шаҳри пурғавғову пур аз раҳгузар, чизе нагуфт,

Дид дар ойина худрову дигар чизе нагуфт.

Шаҳр ҳамеша издиҳому ғавғои худро дорад, аммо барои шахсият ғавғо аҳаммияте надорад, чизе намегӯяд, чун ки хотироту таҷрибаи зистаи худро мурур мекунад. “Дид дар оина худро...” низ метавонад маънодор бошад, зеро оина маконест, ки шахсият худро ба манзалаи объекти огоҳӣ таҷриба мекунад. Шоир хиёбон, гулфурӯшӣ, ресторан ва боғро тавсифи айнӣ намекунад, балки нишон медиҳад ин маконҳо чи гуна дар огоҳии шахсият ҳозир мешаванд. Тамоми ҳаракати шеър бар асоси ҳофиза шакл мегирад. Вақте шахсият аз канори ресторан ё боғ мегузарад гузашта бозсозӣ намешавад, балки дубора дар акнун ҳузур пайдо мекунад:

Бори аввал дар ҳамин ҷо ишқро эҳсос кард...

Гулфурӯше дар хиёбон ҷор мезад: “Гул бибар!”

Кард бо ҳасрат ба сӯяш як назар, чизе нагуфт.

Рестуроне буд ин ҷо хилвати шабҳои тор,

Сокиту сархам гузашт аз пеши дар, чизе нагуфт.

Дар падидоршносӣ гузашта сирфан чизе нест, ки тамом шуда бошад, гузашта метавонад дар акнун зиста шавад. Ба ҳамин далел, шахсият фақат хотираро ба ёд намеоварад, балки дубора онро зиндагӣ мекунад. Ишқи аввал барои ӯ падидор мешавад ва он чи дар тӯли зиндагияш дар шаҳр иттифоқ афтодааст, ҳама ҳозир мешаванд. Бе он ки чизе бигӯяд хотироташро мурур мекунад, гузашта дар акнун падидор мешавад ва шахсият ба гунае гузаштаро дар акнун зиндагӣ мекунад.

Чизҳои шаҳр аз гулфурӯшӣ то ресторан мумкин барои дигарон фақат чизҳое ба назар бирасанд, ки дар як шаҳр вуҷуд доранд, аммо шахсияти шеър бино бар таҷрибаи зистааш, ҳама маънои хосе доранд ва ба иттифоқе дар зиндагии ӯ иртибот пайдо мекунад. “Ишқ, гул ва ҳасрат” ишора ба иттифоқҳои зиндагияш дорад, ки гузашта ва акнуни зиндагии ӯро бо ҳам пайванд медиҳад.

Рафт то боғе, ки таъми бӯсаро нӯшида буд,

Такя зад бар як дарахти бесамар, чизе нагуфт.

Шахсият ба ҷоҳое меравад, ки иттифоқҳои хос барояш афтода будааст, то дар он ҷоҳо битавонад зиндагии гузаштаашро дар акнун ё дар замони ҳол бознамоӣ кунад. Дар боғе меравад, ки таъми бӯсаро нӯшида буда, аммо чаро бар як дарахти бесамар такя мезанад? Чаро чизе намегӯяд? Дарахти бесамар метавонад дар уфуқи таҷрибаи шахсияти шеър, таҷрибае аз поёни умеду фарсудагии зиндагӣ бошад. Яъне, ин ки саранҷом дар зиндагӣ мутаваҷҷеҳ мешавӣ, чизи хосе рӯйи дастат намемонад ва бо ҳасратҳои худ танҳо мемонӣ. Ин ки чизе намегӯяд, медонад гуфтан чизе гузаштаро тағйир намедиҳад.

Дар дидгоҳи Морис Мерло-Понтӣ маъно ва баданмандӣ иртиботи хоси падидоршиносона дорад. Шахсияти шеър сухан намегӯяд, аммо роҳ меравад, меистад, нигоҳ мекунад, такя мезанад ва пову сар такон медиҳад. Ин рафторҳои баданӣ ҳама маъно доранд ва баёнгари бадани зистаи шахсият ҳастанд. Бино бар ин, рафторҳои ӯ фақат ҳаракати физикӣ нестанд, балки ҳар кадом ҳомили маъноянду бадан забони хомӯши шахсият дар шеър аст. Дар ин байт ба хубӣ ба баданмандии маънодори шахсият метавонем пай бибарем:

Сарнавишти хешро бо худ ба чолиш мекашид,

Пас таконе дод дар ҷо пову сар, чизе нагуфт.

Сукут дар шеър, ки бо радифи “чизе нагуфт” нишон дода мешавад, яке аз муҳимтарин унсурҳои падидоршинохтии ғазал аст. Сукут фиқдон ва набуди гуфтор нест, балки худи сукут як таҷрибааст. Шахсият гул, ресторан, боғ ва... ро мебинад, гузаштаро ба ёд меоварад, аммо ҳеч кадом табдил ба гуфтор ва забон намешавад. Яъне, таҷриба пеш аз он ки вориди забон шавад дар сатҳи эҳсоси шахсият боқӣ мемонад ва ӯ гузаштаро дар эҳсоси худ таҷрибаву зиндагӣ мекунад. Агар сукути шахсият дар ин шеърро бо илҳом аз андешаи Ҳайдеггер бихонем, шахсият пеш аз он ки ҷаҳонро дар гуфтор ошкор кунад, онро дар шеваи будани худ, яъне дар нигоҳ, роҳ рафтан ва ҳузури хомӯш таҷриба мекунад.

Маконҳо дар шеър ба ин назар арзиши падидоршинохтӣ доранд, ки ба хотираву ҳофизаи шахсият табдил шудаанд. “Оина, кӯча, гулфурӯш, ресторан, боғ ва дарахт” ҳама “маконҳои ҳофиза” ҳастанд. “Рафт то боғе, ки таъми бӯсаро нӯшида буд”, боғ дигар боғ нест, балки макони ҳофиза ва хотира барои ишқу бӯса аст. Дуруст аст, ки таъми бӯса дар гузашта рух додааст, аммо бо рафтани шахсият ба макони бӯса, дар ҳақиқат дар он бӯса бознамоӣ мешавад ва шахсият таъми бӯсаи гузаштаро дар акнун эҳсос мекунад ва мечашад.

Таҷрибаи дигар, ки дар шеър матраҳ аст, таҷрибаи замони зистааст. Замон дар шеър ҳаракати хаттӣ надорад, балки ҳаракати дарун ба дарун ва чандтабақа байни акнуну гузашта дорад ва гузашта на ба сурати хотираи поёнёфта, балки ба сурати ҳузури ҷорию пӯё дар акнун ошкор мешавад. Шахсият дар хиёбони имрӯзу акнун роҳ меравад, аммо ҳамзамон дар ҷавонии хеш низ зиндагӣ мекунад, зеро гузаштаи зиндагияш, яъне ҷавонияш бознамоӣ мешавад. Ин ҳамон замони зистааст, замоне, ки бо соат санҷида намешавад, бо шиддати таҷриба метавонад андоза шавад.

Ҳасрату андӯҳ дар саросари шеър қобили эҳсос аст, аммо ҳар чи шеър ба поён наздик мешавад, ҳасрату андӯҳ бештару амиқтар мегардад. Дар оғози шеър бо ҳасрату андӯҳи фардӣ ва шахсӣ рӯ ба рӯ будем, аммо андӯҳу ҳасрат дар фарҷоми шеър аз таҷрибаи шахсӣ табдил мешавад ба таҷрибаи башарию ҷамъӣ:

Дар нигоҳаш ҳасрату андӯҳи дунё буд, лек

Бо касе аз қиссаи талхи башар, чизе нагуфт.

Дар байти охир шеър аз андӯҳи фардӣ убур мекунад. Андӯҳ дигар фақат андӯҳи як шахс нест, таҷрибаест башарӣ, ки шахсияти шеър ба он расидааст. Андӯҳу ҳасрат танҳо қиссаи ӯ нест, қиссаи талхи башар аст. Муҳиммтар аз ҳама андӯҳу ҳасрат дар поёни шеър эҳсос нест, балки огоҳӣ аз вазъияти башарист, яъне огоҳӣ ба сарнавишти андӯҳбор ва ҳасратбори инсон.

Дар падидоршиносӣ огоҳӣ ҳамвора “огоҳӣ аз чизе” аст. Мебинем огоҳии шахсияти шеър ҳамеша мутаваҷҷеҳи як объект аст: ойина, гул, ресторан, боғ, дарахт ва.... Ин чизҳо сирфан чиз нестанд, балки ба таъбири Ҳуссерл метавонанд мавзуи қасдмандии огоҳӣ бошанд, ки ҳар кадом ба воситаи таҷрибаи зиста маънои хосе ёфтаанд. Дар поёни шеър огоҳии шахсият аз ранҷи шахсӣ фаротар рафта ба ранҷи муштараки инсон мерасад; аз ҳамин рӯ, “қиссаи талхи башар” метавонад ба манзалаи густариши уфуқи таҷриба аз фард ба навъи инсон таъбир шавад.

Аз манзари падидоршиносӣ ин ғазал на дар бораи шаҳр аст, на дар бораи ишқи аздастрафта ва на сирфан дар бораи пирӣ, балки дар бораи зистани дубораи гузашта дар имрӯз аст.

Шахсияти шеър ҷаҳонро тавсиф намекунад, балки ҷаҳонро таҷриба мекунад. Ҳар макон ба хотира табдил мешавад, ҳар ҳаракати бадан маънои дарунӣ пайдо мекунад ва сукут забони аслии ин таҷриба мешавад. Ба ҳамин далел, меҳвари ваҳдатбахши ғазал, таҷрибаи зистаи сужа/шахсият аст, таҷрибае, ки дар тӯли макон, ҳофиза, бадан, замон ва сукут барои хонанда падидор мешавад.

Шаҳри пур ғавғову пур аз раҳгузар, чизе нагуфт,

Дид дар ойина худрову дигар, чизе нагуфт.

Бори аввал дар ҳамин ҷо ишқро эҳсос кард,

Солҳо бигзашт, аммо бехабар, чизе нагуфт.

Мегузашт аз кӯчаҳои шаҳри пурсавдо хамӯш,

Чун уқоби пир бар кӯҳу камар, чизе нагуфт.

Ёд мекард аз ҷавонию тавони рафтааш,

Рӯзҳое, ки сар омад беасар, чизе нагуфт.

Гулфурӯше дар хиёбон ҷор мезад: “гул бибар!”,

Кард бо ҳасрат ба сӯяш як назар, чизе нагуфт.

Рестуроне буд ин ҷо хилвати шабҳои тор,

Сокиту сархам гузашт аз пеши дар, чизе нагуфт.

Рафт то боғе, ки таъми бӯсаро нӯшида буд,

Такя зад бар як дарахти бесамар, чизе нагуфт.

Сарнавишти хешро бо худ ба чолиш мекашид,

Пас таконе дод дар ҷо пову сар, чизе нагуфт.

Дар нигоҳаш ҳасрату андӯҳи дунё буд, лек,

Бо касе аз қиссаи талхи башар, чизе нагуфт.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО