21 Oct 2022
Submitted by Admin
1052

Сездаҳ сол муқаддам, яъне соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

Бешубҳа Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва гузашта аз ин, дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад. Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, хираду маърифат, саъйу кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар ва бақову пойдории он, тоҷ ва ҳафт ситора бошад, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллат талаққӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва ифтихор аз дирӯзу имрӯзи миллат моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Шоиста аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлату давлатдории миллӣ мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди мамлакат қарор бигирад.

Калимаи «парчам», ки имрӯз вирди забонҳост, аслан дар забони модарии мо вожаи бегона нест. Андешаи баъзе муҳаққиқон дар хусуси асли туркӣ доштани ин вожа бунёди воқеӣ надорад.

Ба андешаи ғолиб парчам аз ду вожа «пар» ба маънии бар, боло ва «чам» ба маънии хам, хамида, яъне «болои хамида», «аз боло хамида» иборат аст ва реша дар забони суғдӣ дорад. Дар «Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ»-и Муҳаммади Ҳасандӯст низ асли суғдӣ доштани вожаи парчам таъйид шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамин забони суғдӣ дар асрҳои аввали мелодӣ тадриҷан ба сифати забони байналмилалии Осиёи Марказӣ расмият пайдо кард ва то Туркистони Чину Муғулистон нуфузу эътибор дошт. Ногуфта намонад, ки забони суғдӣ бар асари турктози айём аз байн рафт ва танҳо лаҳҷае аз ин забон дар дараи Яғноби кишвари маҳбуби мо то имрӯз бар ҷой мондааст.

Эҳтимол меравад, ки калимаи «парчам» ба таври мустақим аз забони суғдӣ ё ғайримустақим, тавассути забонҳои баъдии туркию муғулӣ, ки дар муҳити таъсиру нуфузи забони суғдӣ қарор доштанд, ба забони модарии мо ворид шудааст. Зеро, дар оғоз агар суғдиён ресмони пӯпакдори абрешимии ба сари найза басташударо «парчам» мегуфтанд, пас қабилаҳои биёбонгарди турку муғул, ки аз коркарди абрешим бебаҳра буданд, ба сари найза мӯй, думи гов ё думи ғажгов (қутос) мебастанд ва ҳамонро «парчам» мегуфтанд.

Дар байти зерини Абдурраҳмони Ҷомӣ вожаи парчам ба маънии пӯпаки абрешимӣ корбаст шудааст:

Ҷаъди ломаш чу зулфи хубон хам,

Бар ливои зафар бувад парчам.

Чунонки аз мисраи дувуми ин байт ҳам ба мушоҳида мерасад, парчам аслан ба маънии пӯпаки абрешимии найза ё чӯбдасти парчам аст, ки баъдан худи мафҳуми парчам, яъне пӯст ё матои ба найза ё чӯбдаст басташударо ифода мекард.

Метавон гуфт, ки парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод.

Парчамро аз замонҳои қадим парчамдорон дар ҷангу муҳорибаҳо пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ин калима ба ин маънӣ дар адабиёти гузаштаи мо корбурди зиёд дорад. Аз ҷумла, мегӯянд, ки чун овозаи ҳамлаи лашкари муғул ба Хоразм расид, хоразмиён ба пеши орифи маъруф Шайх Наҷмиддини Кубро, ки дар он айём муқими Хоразм буд, омаданд ва гуфтанд, ки Шайх дуо кун ва ин балоро аз сари мо рафъ соз.

Шайх гуфт, ки лашкари муғул балои азим аст ва рафъи он ба дуо наметавон кард.

Пас гуфтанд, Шайх сари худ гиру бо муридон аз Хоразм берун шав, ки лашкариёни муғул чун ба Хоразм пирӯз шаванд, турову муридонатро амон нахоҳанд дод.

Шайх Наҷмиддини Кубро гуфт, ки ман дар рӯзи шодию нишот ҳамроҳи мардуми Хоразм будам, дареғам ояд, ки дар рӯзи сахти мардум аз ин мулк берун равам.

Гуфтаанд, ки чун лашкари муғул ба Хоразм ҳамла кард, Шайх Наҷмиддини Кубро аз нахустин касоне буд, ки домани худро аз санг пур кард ва ба ҷанги муғул баромад. Вақте ки сангҳои доманаш ба охир расид, аз дасти парчамдори муғул парчами муғулро кашида гирифт. Лашкари анбӯҳи муғул ба сари Шайх рехта, ӯро куштанд ва ҳафт сарбози муғул ба душворӣ панҷаи Шайхи шаҳидро боз карда, парчами худро берун оварданд. Аз он, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ мегӯяд: «Дар дасти дигар парчами кофар дорем», бегумон ишора ба ҳамин парчами муғули дасти Шайх Наҷмиддини Куброст.

Бояд таъкид намуд, ки вожаи парчам дар забони модарии мо муродифҳои дигари форсиасл (дирафш ё дурафш), арабиасл (роят, алам, ливо) ва туркиасл (байрақ ё байроқ) дорад, вале ниёгони мо ба маънии имрӯзии парчам бештар аз калимаи дирафш ё Дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд.

Дирафши ковиёнӣ парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз рӯзгори подшоҳии Пешдодиён то Сосониён буд.

Бештари муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост.

Мегӯянд, ки чун фарзанди охирини Коваро барои хӯрди морони дӯши Заҳҳок оварданд, Кова барои додхоҳӣ ба пеши Заҳҳок рафт. Заҳҳок, ки то ин дам ҳабдаҳ писари Коваро қурбони морони худ карда буд, писари ҳаждаҳуми ӯро раҳо кард ва фармуд, ки Кова маҳзари бегуноҳии Заҳҳокро гувоҳ бошад. Коваи ситамдида он маҳзарро пора кард ва аз пеши Заҳҳок берун омада, пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехт ва онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол ин ҳодисаро чунин ба қалам додааст:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

Ба ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сӯйи дод хонд.

Аз он чарм к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дирой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки «Эй номдорони яздонпараст.

Касе к-ӯ ҳавои Фаридун кунад,

Сар аз банди Заҳҳок берун кунад.

Яко-як ба назди Фаридун шавем,

Бад-он сояи фарри ӯ биғнавем.

Бипӯед, к-ин меҳтар Оҳарман аст,

Ҷаҳонофаринро ба дил душман аст».

Вақте ки Коваи оҳангар дар иҳотаи издиҳом парчам рӯйи каф ба назди Фаридуни Отибин расид, Фаридун парчами ӯро фоли нек ва рамзи пирӯзӣ бар Заҳҳоки морон дониста, амр кард парчами чармии Коваро бо дебои зарду сурху бунафш ва зару дурру гавҳар оростанд ва онро Дирафши ковиёнӣ ном ниҳод. Ба қавли Фирдавсии Тӯсӣ:

Биёмад ба даргоҳи солори нав,

Бидидандаш аз дур бархост ғав.

Чу он пӯст бар найза бардид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хонадаш «Коваёнӣ дирафш».

Ба гуфтаи Фирдавсӣ шоҳоне, ки пас аз Фаридун бар тахти Эронзамин нишастанд, ҳар кадом ба Дирафши ковиёнӣ дурру гавҳарҳои нав ба нав афзуданд.

Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ.

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмояи парниён,

Бар он гуна гашт ахтари ковиён.

Ба пиндори бархе муҳаққиқон сифати ковиёнӣ ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи ковӣ, яъне шоҳ алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат Дирафши ковиёнӣ парчами шоҳӣ маҳсуб аст, ки ба ливои (штандарти) имрӯзаи президентӣ қаробат дорад.

Бояд гуфт дар аҳди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, ки аз нахустин тоҷдорони рӯйи замин ва мунодигари баробарию бародарии ҳамаи инсонҳо дар ҷаҳон буданд, низ Дирафши ковиёнӣ парафшон буд.

Ба навиштаи муаррихи маъруф Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар «Таърих-ул-умам ва-л-мулук» («Таърихи Табарӣ») Дирафши ковиёнии аҳди Сосониён аз пӯсти паланг таҳия шуда, дарозияш 12 араш (оринҷ), яъне тақрибан 6-7 метр буд. Ҳамин Дирафши ковиёнӣ то давраи охирин ҳукмрони Сосониён Яздгирди III мавҷуд буд ва пас аз ҷанги эрониён бо арабҳо ба қавле дар атрофи шаҳри Наҳованд ва ба қавли дигар дар Қодисия ба дасти лашкариёни араб ғанимат афтод ва сипаҳдори лашкари араб Саъди Ваққос ин ғаниматро ба халифа Умар ибни Хаттоб ҳадя фиристод. Умар ин ҳадяро напазируфт ва ба гуфтаи маъхазҳо бо амри ӯ ин парчамро ба хотири намадзини аспон пора карданд ва зару гавҳари онро миёни сарбозон тақсим намуданд.

Мутаассифона, дар муддати беш аз сад соли хомӯшии баъди ҳамлаи араб то зуҳури Абумуслими Хуросонӣ ниёгони мо парчам надоштанд ё дар бобати парчами онҳо маълумот мавҷуд нест ва танҳо соли 747 Абумуслими Хуросонӣ парчами истиқлолталабӣ боло кард, ки аз матои якранги сиёҳ иборат буд. Баъдан Бобаки Хуррамдин дар соли 815 дар Озарбойҷон, ки ҷузъе аз қаламрави Эронзамин буд, бар зидди хилофати Аббосиён парчами сурх афрошт ва ҷонибдорони ин ду ватанхоҳи диловар дар таърих бо номҳои сиёҳҷомагон ва сурхҷомагон маъруфанд.

Эҳтимолан парчами давлатҳои маҳаллии эрониасли тоҳирию саффорию сомонӣ ҳамин парчами сиёҳи Абумуслими Хуросонӣ буд.

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ пас аз суқути Сомониён (соли 999), ки шаҳри Ғазнаро пойтахти худ қарор дода буд ва худро тарбиятёфта ва меросбари Сомониён медонист, фармуд ба ҳамин парчами сиёҳи аҳди сомонӣ тасвири моҳро зардӯзӣ карданд.

Писари ӯ Султон Масъуди Ғазнавӣ, ки бо ташвиқи Абурайҳони Берунӣ ба гузаштаи Эронзамин арҷ мениҳод, эҳтимол бо машварати ҳамин донишманди бузурги миллии мо, тақрибан дар соли 1030 амр кард дар парчами давлат сурати шер тасвир гардад.

Баъдан эҳтимолан дар аҳди Хоразмшоҳон, ки то ҳамлаи муғул қисмати бештари Эронзаминро зери итоати худ нигоҳ медоштанд, ба тасвири шер расми офтобро афзуданд, ки аз паси шер тулуъ мекард. Шояд парчами аҳди Темуриён низ ҳамин тасвири шеру офтоб аст, зеро ин тасвир дар пештоқи мадрасаи Шердори Самарқанд, ки дар он аҳд бино ёфта буд, то имрӯз барҷост.

Дар хусуси парчами давлатдориҳои минбаъда маълумоти дақиқ дастрас нест. Парчами Аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти заррин иборат буд ва дар канори чапи он рӯйи хатти сабз «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» ҳаккокӣ шуда буд.

Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» чор ҳарфи русии «Б.Н.С.Р.» дар рӯйи он нақш гардид, ки ихтисораи «Бухарская Народная Советская Республика» аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хатти арабиасоси тоҷикӣ – «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» ҷой гирифт.

Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин парчам аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хатти нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро нигоҳ доштанд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.

Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла Дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.

Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни рангаш сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои сурху сабз аст.

Дар рӯйи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст, ки намояи нахустин хусравони соҳибтоҷ будани тоҷикон аст ва Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» ин ҳақиқатро сареҳан таъкид кардааст:

Ниёгони мо тоҷдорони даҳр,

Ки аз додашон офарин буд баҳр.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати ҷавону тозаистиқлоле дар дили Осиё бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад

Орзуманди онем, ки ба бахти мо мурғи саодати миллати маҳбуб доимо болафшон ва Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад.

Дар само чун ёру анбози фаришта,

Ҳамдаму ҳамсозу ҳамрози фаришта,

Боли ӯ чун боли парвози фаришта,

Ҷилваҳояш ҷилваи нози фаришта,

Парфишони Парчами давлат муборак!

Бахти миллат, давлати миллат муборак!

ҲАСАНИ СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
5
Average: 5 (1 vote)

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО