22 Sep 2026
Submitted by Admin
21

Устод Сотим Улуғзода яке аз нависандагони аввалқадам аст, ки дар бораи устод Рӯдакӣ таҳқиқ бурдаву ба тасвири симои адабиву инсонии вай кӯшишҳо ба харҷ додааст. Сабаби ин таваҷҷуҳ метавонад чи ба шахси ӯ ва чи бьа вазъи замони ба худшинохтагии сиёсӣ ва адабию фарҳагӣ расидани мардуми тоҷик иртибот гирдад. Омили замонӣ ва маънавии ҷомеа чунин буд, ки дар даврони нав, замоне ки дар ҷомеаи тоҷикӣ афкори навгароӣ ва таҷаддуди илму маориф ва фарҳанг дар байни мардуми тоҷик ба зуҳур мепайваст, таваҷҷуҳ ба адабиёту фарҳанги миллдӣ меафзуд. Дар ибтидои садаи ХХ дар адабиёти ҷадида таваҷҷуҳ ба даврони Сомонӣ ва илму адаби он ҳассос гардид ва сухан аз зарурати зуҳури адибе мисли Рӯдакӣ (рӯзномаи «Бухорои шариф, 1912, № 40, 26 апрел) ва куллан сабки рӯдакивор (Бухорои шавриф, № 347, 6 май) ба миён омад. Масъала дар замони шуравӣ ва таъиси Ҷмҳурии мухтори Тоҷикистон бешар ҳассос гардид. Аҳли илму адаб таъсис ва ҷашни Рӯзи Рӯдакиро (1925) ба миён гузштанд. Ниҳоят китоби устод Айнӣ «Намуни адабиёти тоҷик» (1926) ба супориши Ҳукумати Тоҷикистон ба майдон омад. Устод Айнӣ ба ин натиҷа расида буд, ки «зуҳури устоде чун Рӯдакӣ аз Мовароуннаҳр боиси ифтихори тоҷикон аст» (Намуни адабиёти тоҷик. – Москав, 1926, саҳ.17). Ба тафсилот дода нашуда, ду нуктаро таъкид кардан мехоҳем: аввалан, Рӯдакӣ аз он шуарои нодирест, ки суннтҳои шеъри вай дар имтидоди даҳ аср ҳамеша зинда ва дархури зиндагии мардум ва таваҷҷуҳи аҳли адаб будааст. Маслан, ба қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» дар ин росто зиёда аз сад танзиму татаббъ шудааст. Шеъри вай ар кулл бо зиндагӣ ва руҳу равони инсон иртиботи қавӣ дорад, балки хеле воқенигорона аст ва имрӯзӣ садо медиҳанд. Дар кулл зуҳури устод Рӯдакӣ дар оғози шеъри форсии тоҷикӣ як муъҷизаест ва нигоштаҳояш ба эъҷоз ба шумор овард. Ин ҳама дар ибтидои таҳсилу фаъолияти Улуғзода хеле муассир ба миён омада буданд.

Омили шахсии таваҷҷуҳи Улуғзода ба ҳаводиси илмию адабии зикршуда иртибот мегирад, ки бо замони донишомӯзӣ ва хоҳиши донистани таърихи миллати худ дар солҳои таҳсил дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ иттифоқ афтода, аз дар дарсҳои устодони адабиёту таърих, бахусус проф. М.С. Андреев, ибтидо мегирад. Баъдҳо афкори интиқодии вай ва ҳам таваҷҷуҳаш ба таърих, ки аз солҳои 30 (замони ҷашни ҳазораи Фирдавсӣ, 1934 ва таълифи «Намунаҳои адабиёти тоҷик, 1940) хеле фаъол гардида, замони ҷанги зидди фашизми Германия барои аз диди тоза дарк кардани симои ашхос ва ҳодисаҳои гузаштаи дур ва куллан ба таърихназарии адабии ӯ сабаб гардид.

Ва, инак, Улуғзода ба таълифи нақди таърих ва осори адибони гузашта мепардозад, ки дар онҳо зиндагӣ, фаъолияти адабӣ ва мақоми устод Рудакӣ дар таърихи адабиёти тоҷикӣ ҷойгоҳи махсусе дорад.

Ин нутка дар мақолаи донишномаии вай «Адабиёти тоҷик» (1939), ки барои «Донишномаи адабӣ (ба забони русӣ) таълиф шуда буд ва дар ҳамин авохир аз интернет пайдо кардем (ниг.: С. Улугзода. Таджикская литература. – в кн.: Литературное энциклопедия в 12 тт. 1929-1939 гг. Электронная версия, 2005 г.; Номаи пажуҳишгоҳ, 2013, № 25) зикр шудааст ва муаллиф дар мавриди адабиёти нави форсии тоҷикӣ баъд аз асри 1Х сухан ронда, онро дар имтидоди асрҳои Х-ХУ мелодӣ ба эрониён ва тоҷикон – форсигӯёни Хуросон ва Мовароуннаҳр баробар мутааллиқ медонад. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, сухан дар бораи Абулҳасани Рӯдакӣ ва Дақиқӣ, ин ду шоири дарбори Сомониён меравад: «Шуарои бузурги клосик, ки ба назари ҳамагон, тамоми адабиёти эронии пас аз ислом бо номи эшон оғоз шуда, Абулҳасани Рӯдакӣ (мутавафои ҳудуди солҳои 941-942), ба қавле аз Самарқанд аст ва Дақиқӣ (мутавафои ҳудуди соли 977) мебошанд. То ба имрӯз танҳо чанд шеър аз Рӯдакӣ боқӣ мондааст. Ҳамчунин вай китоби «Калила ва Димна»-ро ба назм дар овардааст (ва аз ин маснавии Рӯдакӣ танҳо чанд сатр дар даст дорем)». Дар иртибот ба мақолаи мазкур ҳаминро меафзоем, ки он дар бисёр нуктаҳо бо пешгуфтори маҷмуаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ҳамоҳанг мебошад, ки соли 1940 ба нашр расида буд. Улуғзод аз муаллфони фаъоли китоби мазкур аст ва барои он чанд мақоларо, аз ҷумла дар бораи Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва Абӯалӣ ибни Сино таълиф менамояд, ки яке аз онҳо «Устод Абулҳасан Рӯдакӣ» мебошад.

Мақолаи мазкур дар заминаи маълумоти тазкираҳое амсоли «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Оташкада»-и Лутфалибеки Озар, «Хазонаи омира» ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ таълиф шуда, фарогири нуктаҳои зерин мебошад: Рӯдакӣ шоири дарбори Сомониён ва сарвари шуарои он замон, мавлудаш солҳои 940-941 ва бештар бо тавсифи Рӯдакии бухороӣ ва самарқандӣ во мехӯрад ва аввалин касест, ки бо забони тоҷикӣ шеър гуфта, жанрҳои асосии адабиёти нави форсиро шакл додааст ва бинобар ин ба сифати «сардафтари адабиёти тоҷик» эътироф шудааст.

Устод Улуғзода қайд мекунад, ки Рӯдакӣ соҳиби китоби тамсилии «Калила ва Димна» ва девони ашъор будааст, вале ин осор нобуд шудаанд ва қисмати ночизе аз ашъори сершумори ӯ боқӣ мондааст. Ва вай ба натиҷае расадааст, ки тавассути он абёту пораҳои пароканда низ метавон аз «табъи баланд ва таланти бузурги ин аввалин шоири тоҷик» сухан ба миён овард. Мақола бо баёни оқибати фоҷиабори Рӯдакӣ, кӯр карда шудани ӯ хотима меёбад.

Дар солҳои ҷанги ватанӣ (1941-45) Улуғзода сари таърих ва фарзандони баруманди халқи тоҷик ҷиддӣ ба андешаву омӯзиш пардохт ва баъд аз таълифи рисолаи «Аҳмади Дониш» (1946) бо китоби «Субҳи ҷавонии мо» (1954), ба эҷоди осори сирф таърихӣ оғоз намуд. Маҳз дар ҳамин асар ӯ ба рӯшанӣ иброз медорад, ки устодаш, шарқшиноси барҷаста М.С. Андреев ба такрор мегуфта, ки «Халқи худро бишнос!» ва ин таъкид ҳамеша дар зеҳнаш собит будааст. Зиёда аз он, маҳз ҳамин «олими калон» ба ӯ ва ҳамсабақонаш Рӯдакиро шиносонида, «аз зиндагии нахустин ва бузургтарин шоири тоҷик ҳикоятҳои шавқовар» карда ва низ «баъзе шеърҳои шоирро аз ёд хонда» будааст. Ҳаминтавр, чеҳраи Рӯдакӣ дар асари бадеии Улуғзода ба сифати шахсияти машҳуру арзишманди таърихӣ ва ифтихори мардуми тоҷик ва поягузори адабиёти форсизабонон ворид мешавад ва бо ҳамин арзишмандӣ минбаъд чун як ҷузъи «шинохти халқи худ» ва шахсияту ҷойгоҳи таърихии шоир низ зоҳир мегардад.

Ба ин маънӣ, таваҷҷӯҳи Улуғзода ба рӯзгору осори Рӯдакӣ аз ибтидои солҳои 30 асри ХХ оғоз шуда, дар ду ришта - нақду баррасии осор ва тасвири бадеии симои ӯ ҷараён гирифтааст.

Ҳамин тавр, маълум аст, ки дар мақолаи мазкури Улуғзода хеле аз нуктаҳои муҳимми рӯзгору осори устод Рӯдакӣ зикр шуда ва мавриди андешавау баррасӣ қарор гирифтаанд, ки дар он айём нав ба доираи баҳсҳои илмӣ ворид мешуданд ва барои ба баҳсҳои илмиву адабӣ кашидани мавзуи мазкур мусоидат кардааст…

Аммо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва аз дигар қаламкашон бештари Улуғзода ба зиндагӣ, сарнавишт, эҷодиёт ва шахсияти Рӯдакӣ дар ҷараёни тайёрӣ ба ҷашни 1100-солагии ӯ зоҳир гардид. Вай дар ин маврид як мақолаи илмӣ ва ду асари арзишманди бадеие офарид, ки бешубҳа, дар таърихи адабиёти нави тоҷикӣ саҳифаҳои тоза ба шумор меоянд.

Мақолаи Улуғзола «Дар бораи Рӯдакӣ» («О Рудаки», ба забони русӣ, 1958) аз навиштҳои пурмуҳтавои илмӣ аст, ки чи барои хонандагони тоҷик ва чи мардумони дигар ва бахусус халқҳои собиқ шӯравӣ маълумоти асосӣ ва муҳиммеро аз рӯзгору осори Рӯдакӣ пешниҳод менамояд. Дар мақолаи мазкур сабабҳои ба сифати поягузори забону адабиёти бузурги классикии мардумони Шарқ, хосса форсизабонон расидани Рӯдакӣ, вазъи таърихӣ, ташаккули нахустин давлати мустақили тоҷикон - Сомониён, оромишу сулҳ ва рушди хоҷагии кишвар, иртиботи тиҷорӣ ва бунёди роҳи абрешим ба Шарқу Ғарб, аз як тараф, ва анҷоми ташаккули мардуми тоҷик ба сурати як халқи мустақил, ба пояи забони адабӣ ва умумидавлатӣ расидани забони дарӣ (тоҷикӣ, форсӣ), баланд рафтани савияи умумии маънавӣ, ки дар ин ҳама саҳми бевоситаи Рӯдакӣ хеле бузург будааст, баррасӣ ва таъкид мешавад. Сипас, Улуғзода эҷодиёти Рӯдаки ва хасоиси бадеии онро амсоли мушоҳидаҳои борик, тозагии тафаккури бадеӣ ва шаклҳои марғуби адабӣ тавзеҳ дода, навозанда ва сарояндаи хушовоз буданашро ёдовар мешавад, ки ин ҳама сабаби шӯҳрати зиёди ӯ ва ба дарбори Сомониён кашидани шоир гардида будаанд. Ба ҳамин сабабҳост, ки дар дарбор амир Насри II ва вазири донишманд Абулфазли Балъамӣ ӯро ҳимоят ва сарпарастӣ мекарданд.

Улуғзода ақидаи Саид Нафисӣ ва устод Айниро дар бораи «саҳли мумтанеъ», яъне содаи эҷодаш сахт мушкил, балки номумкин будани сабки Рӯдакӣ таъйид менамояд ва боз меафзояд, ки устод дар айни замон аз афроди донишманди вақт буда, аз илму фарҳанги Шарқу Ғарб (улуми исломӣ ва фалсафаи юнонӣ) огоҳ буд. Ба ин маънӣ ба ақидаи Улуғзода эҷодиёти «Рӯдакӣ тафаккури бадеии шоири мардумӣ ва донишманди огоҳро ба ҳам созгор дода буд» ва саҳми вай дар истифода аз забони халқ ва ташаккули забони адабӣ, дар тасвири зиндагии мардум ва зебоиҳои табиати диёраш, тавсифи хирад, илму дониши инсон хеле бузург мебошад. Аммо бо ин ҳама шавкату шӯҳрат, ба тақозои замон, зиндагии Рӯдакӣ фарҷоми фоҷиавӣ доштааст ва қазияи мазкур дар осори адабиву бадеии вай бештар мавриди таваҷҷуҳ аст.

Улуғзода дар мавриди таваҷҷуҳаш ба рӯзгори устод навиштааст, ки: «Ҳамосаи зиндагӣ ва эҷодкории Рӯдакӣ хаёлоти маро аз ҷавониам тасхир сохта буд. Ман хеле барвақт дар орзуи дар бораи ӯ таълиф кардани асаре ва таҷассуми образи вай будам». Натиҷаи ҳамин таваҷҷӯҳ ва ҷустуҷӯҳо буд, ки Улуғзода аз аввалинҳо шуда симои Рӯдакиро якбора дар ду асар муваффақ ба тасвири бадеӣ мекашад. Яке киноповести «Қисмати шоир» (1957) ва дигаре намоишномаи «Рӯдакӣ» (1958) мебошад.

Киноповести «Қисмати шоир» фарогирӣ давраи навҷавонӣ, аз замони таҳсил дар Самарқанд то фарҷоми фоҷиавии он - нобино шудану аз дарбор берун рондани шоир мебошад. Улуғзода бори нахуст чеҳраи Рӯдакиро ба сифати шоири соҳибҳунар, инсондӯст ва адолатхоҳу худшинохта тасвир мекунад, ӯро дар маҷлиси аъён, баҳси шоирон, талош барои озодии ғуломон, сабук кардани заҳмати мардум ва гирифторӣ дар ишқи сӯзон нишон медиҳад. Дар ҳамаи ин мавридҳо Рӯдакӣ ба сифати шахсияти озодидӯст, ошиқи зиндагӣ ва инсони табииву самимӣ намудор мешавад: аз ҷумла, ҳангоме ки ӯ ба ишқу озодии Нигина талош мекунад, ба каниз будани ӯ нигоҳ накарда, чун инсон ба ӯ ҳурмат қоил мешавад, инсондӯстӣ ва адолатхоҳии вай ба тариқи барҷаста зоҳир мешавад. Коргардони кинои тоҷик Тоҳир Собиров дар асоси асари мазкур филме ба навор гирифт ва он ба зудӣ чи дар Тоҷикистону собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва чи дар хориҷ шӯҳрат ёфт. Филми «Қисмати шоир» соли 1960 дар кинофестивали кишварҳои Осиё ва Африқо ба шоҳҷоизаи «Уқоби тилло» мушарраф гардид. Зиёда аз он, филми мазкур зиёда аз 60 сол аст, ки аз асари дӯстдоштаи тамошобини тоҷик ба шумор меояд.

Устод Улуғзода дар заминаи киноповести мазкур драмаи (намоишномаи) «Рӯдакӣ»-ро эҷод намуд. Дар ҳар ду маврид ҳам муаллиф дар ҳамзамон бо омӯхтани сарчашмаҳои таърихӣ, аз қабили тазкираҳо, осори илмии гузашта ва тадқиқоти олимони шуравию хориҷӣ, аз ашъори худи Рӯдакӣ низ ба сифати мадорики боэътимод хеле фаровон ва бо маҳорат истифода карда, дар заминаи далелу арқом тавассути тахайюли бадеӣ асари баландсифате офаридааст. Образи Рӯдакӣ дар драма ба ҳамин асос ҳаётӣ, чеҳранамо ва муассир баромадааст. Улуғзода кӯшидааст симои гуногунҷиҳати Рӯдакиро дар муносибат ба Насри Сомонӣ, вазир Балъамӣ, забону адабиёти тоҷик, тарбияи шуаро ва ғайра нишон дода бошад. Яке аз мавзӯъҳои асосии драма ишқи Рӯдакӣ ва Нигина мебошад, ки барои рӯшан шудани дунёи маънавии шоир мусоидат кардааст. Нигина баробари каниз будан, ба қавли Рӯдакӣ «худ ганҷинаи бебаҳост». Муаллиф дар тасвири чеҳраи Нигина аз ривоят дар бораи шоираи машҳури асри Х Робиаи Балхӣ истифода кардааст. Ҳамчунин дар тасвири моҳияти фаъолияти инсондӯстонаи Рӯдакӣ муносибати вай ба аҳолии вилояти Даббусия ва аз банд халос кардани деҳқонон, бахусус Акбари шӯришгари қарматӣ, пураҳаммият мебошад. Ба мушоҳидаи дурусти адабиётшиноси номошно Л.Н. Демидчик «Образи Рӯдакӣ дар драма ба дараҷаи таъмими васеъи бадеӣ баланд мешавд, вай соҳиби хислатҳои фардии шахси таърихӣ ва ҳам идеали миллии шоири мубориз буда, ҳомили маънии умумибашарист, марому ғояи наҷибонаи шоир ӯро ба замони мо ҳамсадо … мегардонад» (С. Улуғзода. Қиссаҳои драмавӣ. - Д.: Ирфон, 1984, саҳ. 378).

Драмаи «Рӯдакӣ» аз соли 1958 ба инҷониб дар саҳнаи театрҳои тоҷик ва аз ҷониби таҳиягарони гуногун ба сабки тозаву диди нав зуд-зуд ба саҳна гузошта мешавад. Охиран, ин асар аз ҷониби Артисти халқии Шуравии собиқ, таҳиягар ва бозингари машҳури кинову театр Ҳошими Гадо бомуваффақият саҳнавӣ карда шуд…

Устод дар дигар мавридҳо - дар осори бахшида ба Ибни Сино, Фирдавсӣ низ ба Рӯдакӣ ва мақому эҷодиёти ӯ руҷӯъ мекунад. Метавон гуфт, ки то ба ҳол дигар ҳеч адибе дар тасвири чеҳраи инсонию адабии устод Рӯдакӣ ба пояи Улуғзода нарасидааст. Ин ҳама нишонаи таваҷҷӯҳи махсус ва бозгӯкунандаи саҳми боризу аввалмақоми Улуғзода дар тадқиқу тасвири тоза ва амиқи бадеии Рӯдакӣ мебошанд, ки аҳаммияташ дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дар айёми эҳёи ҳуввияти миллӣ ва худиносии мардуми мо бо маънии дигар ва як бар чанд садо медиҳанд.

Ос.: Устод Абулҳасан Рӯдакӣ. - Дар кит.: Намунаҳои адабиёти тоҷик, Сталинобод, 1940; Қисмати шоир, Сталинобод, 1960; О Рудаки, дар кит.: Единение. – Д.., 1963; Рӯдакӣ. - Дар кит.: Қиссаҳои драмавӣ. - Д.: Ирфон, 1984.

Ад.: М. Шукуров. Сотим Улуғзода, Д., 1961; Анъана, халқият ва маҳорат.-Душ., 1964, с.141-162.; Л. Демидчик. Ҳақиқати ҳаёти халқ. – Дар кит.: С. Улуғзода. Қиссаҳои драмавӣ. Д., 1984. С. 375-383.

Абдухолиқ Набавӣ, н.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО