17 Jun 2025
Submitted by Admin
69

Дар таърихи соҳибистиқлолии тоҷикон рӯзи 27 июни соли 1997 ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз ва расидан ба ваҳдати миллию ягонагии мардуми кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ҳар сол он дар саросари кишвар бо тантанаҳои хоса ва баргузории чорабиниҳои зиёди давлатӣ таҷлил мегардад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ бархурдҳои мусаллаҳона ва нофаҳмиҳои сиёсии байни тоҷикон хотима ёфта, ба сулҳи саросарӣ дар тамоми кишвар роҳи васеъ кушода шуд. Ба музокироти сулҳи тоҷикон, ки бештар аз се сол идома ёфт, аслан се омили асосӣ– кӯшишҳои зиёд ва ҳавасмандии ҷониби ҳукумат, алоқамандии тарафи мухолифин ва миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст мусоидат намуданд. Имрӯз миллати баваҳдатрасидаи мо ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо медонад ва онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунад, зеро барои мардуми мо Ваҳдат муқаддастарин ва нодиртарин меваи шаҳдбори даврони истиқлолият, суботи ҷомеа, сарҷамъӣ ва амнияти сарзамини аҷдодист. Дар ин замина мо тавонистем бо муттаҳид сохтани неруҳои сиёсиву таъмин кардани ризоияти ҷомеа истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон - Ваҳдати миллиро дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ таъмин намоем.

Аз назари геополитикӣ сарзамини тоҷикон дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист. Тоҷикистон дорои мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим буда, бо Афғонистон, Хитой, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки давлатҳои абарқудрат саъй кардаанд, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда намоянд.

Ваҳдат яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад, ки бидуни он арзи ҳастӣ намудани ҳар давлату миллат имкон надорад. Аз ин ҷост, ки Ваҳдат рукни асосии ҳастӣ ва пойдории ҳар як давлат ва миллат арзёбӣ мегардад. Маҳз Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардуми ҳар як давлату миллат таъмин карда мешавад. Тавре ки Пешвои миллату Сарвари давлатамон тазаккур медиҳанд: “Ваҳдати миллӣ, ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.” Оромии ҷомеа, ободии кишвар ва ҳама пешравиҳои давлати мо аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ сарчашма мегиранд. Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Миллати тоҷик тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст. Ҳамзамон пойдории Ваҳдати миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба иродаи солим, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳмати пайвастаи модарони мо барои дар руҳияи бузурги меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу бум, инчунин омӯзишу эҳтироми таъриху фарҳанги ғании ниёгон тарбия кардани фарзандон вобаста аст.

Инак, бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи Қаҳрамони ваҳдат-наҷотбахши миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сол мешавад, ки кабутари сулҳу Ваҳдат дар фазои софу беғубори кишвари азизамон ба парвоз аст. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ҳамчун як кишвари мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи олам шинохта шуд. Бо гузашти солҳо аҳаммият ва мақому манзалати ин рӯйдоди сарнавиштсози миллати куҳанбунёди тоҷик – ваҳдат, боз ҳам баландтар мегардад. Албатта, бе ягон шакку шубҳа ва бидуни гуфтугӯ дар ин самт хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст, зеро ҳамчун меъмори хирадпеша, сулҳҷӯву сулҳдӯст Ваҳдати миллии моро бунёд гузоштанд ва мардуми парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам оварданд. Дар ҳақиқат, ҳамин ҷаҳду талошҳои хастанопазир буд, ки Ваҳдат дар Тоҷикистон тантана кард. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ машаққати зиёдро аз сар гузаронида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва Тоҷикистони азиз аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳоӣ ёфта, сулҳу субот ва тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути ақл, хирад, тадбир ва тавоноии сухан, ки аз ҷавҳари маънавиёти бузурги ӯ сарчашма мегиранд, тавъам бо рафтори ҷавонмардонаашон тавонистанд дар дилу дидаи мардум ҷо шаванд, ба кишвар сулҳ оваранд ва суботу амниятро барқарор созанд.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизи мо давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ аст, халқи шарифи Тоҷикистон - ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки пеш аз ҳама, бо нангу номуси ватандории хеш ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ талош варзад, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба миллату Ватанро гирад, волоияти манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос намуда, ватандӯсту меҳанпарвар бошад!

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик, натанҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО