22 Apr 2025
Submitted by Admin
21
Ба мулки сухан Айнии хушбаён.
Чу шамъ аст урёну равшанравон.
Ба назму насри сухан довар аст,
Зи насраш вале назми ӯ хуштар аст.
Аммо васфи устод Айнӣ баъд аз инқилоб авҷ
мегирад. Шоирону нависандагони дохилию хориҷӣ ба осори устод Айнӣ баҳои баланд дода, шахсияти ӯро мавриди ситоиш қарор медиҳанд:
Ҳам соҳиби иқтидор Айнӣ,
Ҳам боиси ифтихор Айнӣ
Ҳамдӣ
Ҳафтоду панҷ сол зи умри муборакаш,
Бигзашту боз ҳуши ҷавон аст ҳуши ӯ.
Ҳафтоду панҷ чӯби ситам хурду хам нашуд,
Пеши амири хоин мардона-пушти ӯ.
Лоҳутӣ
Ба зери чоҳ дасти рус омад,
Фурӯзон нурҳои рӯз омад...
Ватан аз ҷаҳлу торикӣ шуд озод,
Ба Айнӣ шаъну шуҳратҳо фиристод.
Худи устод машъал шуд, алав шуд,
Чароғи мардуми дунёи нав шуд.
Ғаффор Мирзо низ баъд аз ин адибон дар осораш Айниро васф менамояд. Дар ин замина шеъри “Ба устод Айнӣ”-и ӯ ҷолиби диққат мебошад. Адиб онро соли 1947 эҷод кардааст. Ӯ дар ин шеър меҳру муҳаббати хешро нисбат ба шоир баён дошта, аз хизматҳои бузурги ӯ барои кишвар ёдовар шуда, дар ин роҳ азму иродаи қавӣ далерию мардонагӣ нишон додан, ҷабру ситами замони пешро бо қалами буррои худ фош кардан ва бо офаридани симоҳои ҷовидонааш аз ҷумла Одинаву Ёдгору дигарон, зиндаю ҷовид мондани вайро таъкид намудааст:
Устоди сухандону сухансанҷу суханвар,
Дорам ба дилам меҳри ту бо ҷон баробар.
Ҳар тор зи муят, ки сафед аст, намудӣ
Дар хизмати халқу Ватану доҳии акбар.
Сад теғ кашиданд розилон пайи қатлат,
Аммо наҳаросидӣ ту, устоди ҳунарвар.
Афтода ба хун дидӣ басе ранҷбаронро,
Аз дасти амирону вазирони ситамгар.
Бар зидди ҳамин гуна касон кардӣ ту исён,
Бо нуги қалам ҳамла намудӣ ба ситамгар...
Одинаву Дохунда, Ғуломони гузашта
Имрӯз шуда соҳиби озодиву кишвар
Сад соли дигар умр бубин, эй падари мо,
Сад сол бикун хидмати ин халқи диловар...
Ғаффор Мирзо устод айнӣ – падари миллат”- и тоҷикро дар очерку осори публитсистиаш низ ба ин ё он нав, дар ин ё он маврид васфи ёдоварӣ намуда, аз мақому ҷойгоҳи волои ӯ ба хонандагон хабар медиҳад. Масалан, ӯ дар очерки “Асри дӯстӣ”, ки ба яке аз мавзуъҳои ҷовидонии дар илму адабиёт бахшида шудааст, аз дӯстии халқҳои Шуравӣ сухан дар миён оварда, аз ҳаёти мазлумонаи тоҷик дар замони гузашта ва маҳз дар асри гузашта ба озодию истиқлол расидани ӯро бо мисолҳо нишон дода,саромадани сароидани таронаи озодию истиқлол будани устодон Айнию Лоҳутиро васф намуда, онро самараи файзи дустии халқи русу тоҷик медонад. Бино бар ин, мегӯяд: “Дар олами маданияти халқи тоҷик кишвари аз ҳамаи кишварҳои дигар бойтар, зеботар ва азизтар кишвари адабиёт ҳисоб мешавад... Ифтихори моро дар ин ҷиҳат ҳамаи халқҳои дунё мефаҳманд ва мепазиранд. Аммо, бо вуҷуди ин, адабиёти тоҷик дар натиҷаи дӯстӣбо адабиёти рус соҳиби тобишҳо ва оҳангҳое гардид, ки онҳоро на дар сузаниҳои хушобуранги Ҳофиз ва Камол пайдо кардан мумкин аст, на дар базми Ҷамшедии Саъдӣ. Ин оҳанг ва ин обутоби нав-оҳанг ва обутоби ҳаёти халқи озод, хайрхоҳ ва озодкунандаи асирони феодализм ва капитализм мебошанд. Он симфонияи муҳташами адабиро, ки имрӯз аз сарзамини тоҷикон садо медиҳад, устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ саровоз буданд”. Мо ба ҳамин гуна ёдоварӣ аз устод Айнӣ, ки ба ҷашни ҳафтоду панҷ солагии ӯ ихтисос мегирад, дар очерки “Поёноби дарёи Қаратоғ” низ дида метавонем. Суханронии ҳақ қаҳрамонони очерк-Манзура хеле ҷолиб аст. Мо порае аз онро ин ҷо нақл менамоем: “Мо, бачагони хушбахти замони советӣ, - гуфта буд ӯ аз лаби саҳна, - аз китобҳои устоди муҳтарам Садриддин Айнӣ медонем, ки кудакони тоҷик дар замони гузашта чӣ андоза бадбахт будад... Раҳмат ва ташаккури зиёд ба ҳукумати Советӣ, ки барои мо бачагии хушбахтона муҳайё карданд. Дар ин ҷашни бошарафи адабиёти тоҷик ман ба нависандаи азизамон Садриддин Айнӣ ваъда медиҳам, ки ба ивази ин ҳама ғамхории Ҳукумати Советӣ доим бо баҳои 4 ва 5 мехонам... Ҳамин аст суханронии Манзура дар рӯзи ҷашни ҳафтодупанҷсолагии устод Айнӣ”
Албатта, адабиёти мо баъд аз Ҳамдию Лоҳутию Турсунзодаю Ғаффор Мирзо низ суннати айниситоиро идома додаанд, ба ӯ шеъру достонҳо бахшиданд, аммо мо баррасии ин мавзуъро ба вақти дигар вогузор менамоем ва суханонамонро ба шеъри яке аз пайравони машҳури маъруфи Ғаффор Мирзо, устод Бозор, ки тасвиргари моҳир дар адабиёти мо шинохта шудааст, поён мебахшем:
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,
Ин замин бо ӯ ба дунё баробар мешавад...
Товус Давлатбекзода
Докторанти (PhD)-и Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО