29 Dec 2023
Submitted by Admin
551

Санаи 28.12.2023 дар Кохи Сомон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид, муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаи моро дар соли 2023 фаро гирифта, дар навбати худ аз ҷониби Роҳбари давлат ҷамъбаст гардид. Воқеан, Паёми Пешвои миллат санади бисёр муҳимми сол ба ҳисоб рафта, пешрафти самтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро барои соли оянда муайян месозад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат навовариҳо ва масъалагузориҳои зиёде ба назар расиданд, ки ба пешрафти мамлакат нигаронида шудаанд.

Яке аз масъалаҳое, ки дар Паём ироа гардид, бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додани ниҳоди нав - Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ мебошад. Чунонки Сарвари давлат ишора карданд, ки дар давоми солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардид. Аз ҷумла, дар соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ шуд.

Албатта, бо таъсис додани ин ниҳоди давлатӣ дар мавриди ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ кор ҷоннок шуда, барои муаррифӣ кардани онҳо дар арсаи байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меояд.

Хусусан, метавон мероси маънавии тоҷиконро тавассути ин ниҳоде, ки таъсис дода мешавад, ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Масалан, чанде пештар, зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров зикр карданд, ки “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро чоп карда, ба ҳар хонаводаи тоҷик тақсим намоянд.

Ин пешниҳоди Ҷаноби Олиро кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ хушнудона пазируфтанд, зеро “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳамосаи миллии мо-тоҷикон буда, он метавонад барои боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватандӯстии шаҳрвандони кишварамон замина гузорад.

Умриддин Юсуфӣ, доктори илми филология

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО