04 Jan 2023

ОСОРИ АСКАР ҲАКИМ ДАР ШАРҚИ АРАБ

Submitted by Admin
1342

Мусаллам аст, ки уламову удабову нухбагони Шарқи Араб ба осори зиёиёни форсу тоҷик бисёр мутаваҷҷеҳ шудаанд, зеро дар ин сарзамин бузургоне ба дунё омада, дар ҷодаҳои мухталифи илм на камтар аз арабҳо хидмат намудаанд, ки ба шарофати онҳо тамоми дунё миллати форсу тоҷикро шинохтааст.

TJ
08 Dec 2022

БА МУНОСИБАТИ 90-УМИН ЗОДРӮЗИ АКАДЕМИК ХУРШЕДА ОТАХОНОВА ЯК УМР САРФИ РОҲИ ИЛМ КАРД

Submitted by Admin
1382

Таърихи нақду адабиётшиносии нави тоҷикӣ таърихи зиёда аз садсолро дорад. Он аз ибтидои асри XX замони таҷаддудхоҳӣ ва ҷӯяндагиҳои ҷадидон оғоз гирифта, минбаъд дар вазъу шароитҳои гуногуну мухталифи сиёсиву идеоложӣ ба мушкилу монеаҳои зиёд нигоҳ накарда, рушду камол кардааст. Хосса, замони шуравӣ дар иртибот ба тақозои сиёсии он даврон ба фаъолияти амалӣ оғоз намуд. Ин оғоз ҳам якрангу ҳирфаӣ набуд, балки ҷанбаи пурқуввати идеоложӣ дошт.

TJ
04 Dec 2022

ҒАЗАЛИЯТИ ҒАЗАЛҲОИ ЛОҲУТӢ ​(Сухан аз суннат ва навовариҳо)

Submitted by Admin
2013

Чун дар ин гуфтор сухан аз суннат ва навовариҳо дар ғазали устод Лоҳутӣ меравад, чунин ба назар мерасад, ки аввал дар бораи чӣ жанр будан ва чӣ суннат доштани ғазал мухтасаран маълумот бояд дод, то пасон навовариҳои устод Лоҳутӣ равшан ба зуҳур оварда шавад. Вожаи ғазал, ба қавли Шамс Қайси Розӣ, дар асли луғат ба маънои сухан гуфтан бо занон, васф ва сифати ишқбозӣ бо эшон, ҳикоят кардан аз ҷавонӣ ва ғайра ба кор рафтааст.

TJ
01 Dec 2022

МОҲИЯТИ ИҶТИМОИИ ТАСВИР ДАР ШЕЪРИ

Submitted by Admin
1224

Нигориши олами ашё дар шеър маъмулан дар шакли манзаранигорӣ, пейзаж, сурат мегирад, ки на фақат зуҳуроти алоҳидаи табиат, балки ҳамроҳи он тамоми намое, ки онро фаро гирифтааст, масалан, обу замин, осмону абр, набототу ҳайвонот, парандагону хазандагон, хулоса, ҳамаи чизеро, ки ба назар меояд, фаро гирифтанаш мумкин аст.

TJ

Pages

ЁДИ РАФТАГОН

Pages

МАҚОЛАҲО

КОНФЕРЕНСИЯ ВА СЕМИНАР