09 Jun 2026
Submitted by Admin
17

Чанде пештар дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ ду хабар нашр шуд, ки аз лиҳози муаррифии ҷойгоҳи илму адаби тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ муҳим буда, ҳардуи он ба олими нуктасанҷ ва шоири хушбаёни тоҷик Ҳасани Султон робитаи мустақим дорад.

Хабари нахуст ин ки тавассути нашрияи муштараки амрикоӣ-олмонии «Walter de Gruyter GmbH» (Бостон-Берлин) китоби «Забоншиносии тоҷик» («Tajik Linguistics») чоп шуд, ки як фасли он ба қалами забоншиноси тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон тааллуқ дорад. Фаслҳои боқимондаи китобро забоншиносону ховаршиносон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷопон, Олмон, Русия ва Эрон навиштаанд, ки аз ҷумлаи пажӯҳишҳои арзишманд ва бунёдии солҳои охир дар самти забоншиносии тоҷикӣ мебошад.

Хабари дувум, ки ба қарибӣ аз Порис дастрас гардид, панҷ сол қабл аз ин дар шумораи №1068-и маҷаллаи адабии Фаронса – EUROPE (Аврупо) (апрели 2018) тарҷумаи фаронсавии панҷ шеъри Ҳасани Султон ба нашр расидааст.

Ин маҷаллаи бонуфузи адабиро соли 1923 донишманд ва нависандаи маъруф Ромен Роллан (1866-1944) бунёд ниҳодааст, ки имсол аз чопи шумораи нахустинаш як аср сипарӣ мегардад.

Ин чунин маъно дорад, ки мо бо навиштаҳои адиб ва донишманде сарукор дорем, ки таълифоташ натанҳо дар кишвари мо, балки дар доираҳои муътабари илмиву адабии ҷаҳонӣ иштиҳор доранд.

Дар мақолаи ҳозир аз баррасии пажӯҳишҳои илмии доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон худдорӣ карда, ба самти фаъолияти шоирии ӯ мепардозем.

Бояд гуфт, ки то кунун аз ӯ маҷмӯаҳои ашъоре бо номи «Чароғи лола» (2002), «Шафақи лола» (2004), «Ҷаконда» (2005), «Салои ишқ» (бо хатти арабиасос) («Пайванд», 1389=2011), «Таваллуди ту» («Адиб», 2014), «Хотами мулки Сулаймон» («Адиб», 2014), «Паёми нур» («Дониш», 2019) ва «Саду як ғазал» («Эр-граф», 2022) ва «Афсонаи себ» («Эр-граф», 2022) мунташир шудаанд.

Маҷмӯаи мавриди баҳси мо «Афсонаи себ» ном дошта, аз 112 шеър иборат аст. Дар он асосан ашъори нимоии шоир гирдоварӣ шудааст. Бартарии ин маҷмуа дар он аст, ки дар батни худ ба маънии аслияш шеърдорад. Муаллифи он муваффақ ба он шудааст, ки аз миёни чизҳои зиндагии муқаррарии инсонӣ зебоиеро бо номи шеър кашф намояд.

Нимоиҳои Ҳасани Султон дар забону сохтор ва муҳтавою бофтор, тасвирсозию хаёлпардозӣ, хусусан таносуби маънавӣ ва ҳамоҳангии лафзу зарбоҳанг қобили баррасӣ буда, рӯҳу равони тоза доранд. Нуктаи муҳим ин аст, ки шеъри ӯ равону табиӣ мебошад, на сохтаву тасаннуӣ. Шоир дар коргоҳи эҷодии хеш дар офаридани маъниҳои тоза ва мазмунҳои бикру ғариб талош дорад, бо сеҳру ҷодувонаи вожагон наққошӣ мекунад. Мушоҳидаҳои шоир бисёр табиӣ буда, воқеаву падидаҳои зиндагиро бозтоб медиҳанд. “Ҳама гуна шеър бояд инъикоси зиндагӣ бошад, - навиштааст назарияпардози барҷастаи рус Виссарион Григоревич Белинский ва сипас сухани худро чунин идома бахшида, - вале барои он ки инъикоси зиндагӣ бошад, шеър пеш аз ҳама шеър бошад”. Муҳтавои қисмати аъзами шеърҳои ин маҷмӯа лаҳза ё ҳолати зиндагиро ифода мекунанд ва ба масоили иҷтимоӣ иртиботи бевосита доранд. Чунончи дар шеъри “Симчӯб” ин ҳолатро ба мушоҳида мегирем. Шоир ба масал симчӯбро ба сарбоз шабоҳат сохта, ки ба ҳимояти рустои кӯчаки ӯ шабу рӯз камар баста:

Ҳамчу сарбоз

Бар дифои рустои хурдаки мо

рӯзу шаб

аз чор сӯ,

гӯйӣ камар баста,

Симчӯб аз коҷҳои рустаи дар бешазори Рус,

Коҷҳои меҳрпайванди диёри Рус.

(Сарбоз, 66)

Мо ҳар рӯз чунин симчӯбҳоро мебинем ва аз пеши онҳо бетафовут мегузарем, вале шоир аст, ки бо диди хосси шоирона онро ба шеър табдил медиҳад.

Бегумон, шеър сарчашмаи зебоист. Ҳамин зебоист, ки ба зоти шеър бадал шуда, ҳамзамон тахайюл бунмояҳои ботинӣ ва вазну қофия абзори суварии шеърро шакл медиҳанд. Табиист, ки моддаи он сухан мебошад. Аммо шоир дар шеъри нимоӣ тасаллути макону замон, фазо, ҳолат, эҳсосот ва ритму иқоъро нисбатан бештар ба кор мегирад. Яъне, ӯ аз хатти якбуъдӣ ба вусъати андеша мерасад, ки хатти чандсатҳиро ташкил мекунад ва дар шикастани қолаби шеър истиқлол дорад ва метавонад дар шеваи нигориш тозагӣ ворид кунад, то “шеъри нав” эҷод намояд. Чунонки Ҳасани Султон дӯст дорад, ки шеъри ӯ “қабои кӯтаҳ” дошта бошад, зеро “дар нигаҳи гулпарасти гулбоз”-и шоир “таровату тинати дигар” дорад. Ӯ қабои кӯтаҳи шеъри худро бо қабои кӯтаҳи гул монанд карда, ки бисёр зебо ва мутаносиб уфтодааст.

Қабои кӯтаҳи шеър аст

шеъри кӯтаҳи ман,

Таровати дигару тинати дигар дорад.

Чаро ки дар нигаҳи гулпарасти гулбозам,

Қабои кӯтаҳи гул зинати дигар дорад.

(Қабои кӯтаҳи шеър, 51)

Шоир дар шеъри боло аз уҳдаи се мақулаи корбасти сухан – амиқӣ равшанӣ ва кӯтаҳбаёнӣ моҳирона баромадааст.

Ҳасани Султон дар “Шеъри вожа” низ саъй кардааст, ки асолати суханро ба хонанда нишон диҳад. Ҳангоме ба батни ин шеър мурур мекунем, бӯи муаттари гулҳои ҳамешабаҳори диёр ба машом мерасад ва зебоию дилбандии ёри шакаргуфтор пеши чашм намудор мегардад. Ва дар ҷаҳонбинии нигоранда гулвожаҳои заррин гардани ёрро зеб мебахшад, ки густараи андешаи лирикии шоирро ба намоиш мегузорад:

Вожа ҳам монанди гул бӯи ту дорад,

Вожа ҳам меҳроби абрӯи ту дорад.

Вожа ҳам ширинии лаб,

гармии оғӯши ту

зебоию дилбандии рӯйи ту дорад,

сеҳру ҷодуи ту дорад.

Вожа нақши мондагор аст,

Вожа аз гул пойдор аст.

Ҳалқа-ҳалқа вожаҳоро баста

занҷири тилоӣ мекунам

бар гардани ту.

(Шеъри вожа, 33)

“Шоир ҳар қадар боистеъдод бошад, - менависад мунаққиди рус Валетин Борисов, - ҳамон қадар аз ҳақиқатҳои сода маонии шоирона кашф мекунад” ва, муҳимтар аз ҳама, ҳадафмандона шеър мегӯяд. Ҳасани Султон ҳам боҳадаф шеър мегӯяд, зеро арзиши суханро ба хубӣ эҳсос мекунад. Дар бораи Ватан шеърҳои бисёр гуфтаанд ва дурри маънӣ суфтаанд. Лекин агар шоир бихоҳад метавонад дар ҳар мавзӯъ, аз ҷумла дар бораи Меҳан сухан наву тоза биёбад ва онро ба қолаби шеър бирезад. Ҳасани Султон дар оғози ин маҷмӯа се шеъри кӯтоҳ дорад, ки дар васфи Тоҷикистон суруда шудаанд, ки дар ҳамаи онҳо тозагии маъно асолати ин шеърҳоро таъйин месозанд. Мо дар инҷо ду намунаи онро зикр мекунем:

Ватан,

Як мушт хок аз хоки покат орзу дорам,

Ки то хокистари худро бад-он резам

Ва рӯзи растахез

Аз домани хоки ту бархезам.

(Хоки Ватан, 3)

Ва:

Ватан,

Ин модари мушфиқ,

Таҳаммул кард дар оғӯши худ

бори вуҷуди мо.

Биё, мо бори номуси Ватан бар дӯш бардорем.

(Бори номус, 4)

Масъалаи дӯст доштани Ватан ва тавсифи он дар маркази ҷаҳонбинии шоир қарор дорад. Бад-ин далел, ки шоир дар як силсила шеърҳояш масъалаи бунёди иншооти бузурги аср – нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин силсила аз 21 шеър иборат аст. Ҳасани Султон ба рӯзгорони дур руҷӯъ мекунад ва ин кохи муҳташами нурро ба “машъали номус”, “маъбади хуршед”, “армуғони бахти Ширин”, “боргоҳи нури ишқ”, “арсаи мардони мард”, “ҳафт хон”, “нури ҷон, “муждаи рӯзи нишот”, “боргоҳи ифтихор”, “ахтари иқбол”, “пайки нур”, “шуълаи имон”, “оташи ҷовид”, “бозҷусти асл” ва “дурри оламтоб” ташбеҳ сохта, бунёди онро дар кишвари мо “сафҳаи заррини таърихи навини тоҷикон” мешуморад. Аммо дар миёни ин силсила шеъри “Аз суруди оташкадаи Каркӯй то суруди нерӯгоҳи Роғун” ҷойгоҳи баландро соҳиб аст.

Суруди оташкадаи Каркӯй дар радифи “Суруди аҳли Бухоро” яке аз қадимтарин намунаҳои шеър ба забони порсии тоҷикӣ мебошад, ки то замони мо расидааст. Як мисраи бозмондаи он “Афрӯхта бодо рӯш (ноӣ)...” устувонаи шеъри Ҳасани Султонро шакл додааст. Шоир дар канори ин, ба шахсияти таърихӣ (Зардушт), нахусткитоби гетӣ ва санади таърихӣ (Авасто) ва ойинҳои бостонии тоҷикон (Наврӯз, Меҳргон ва Сада) руҷӯи таърихӣ карда, ҳушдор медиҳад, ки мардуми мо қадимулайём бо рӯшноӣ зистаанд ва онро ҳамеша тавсиф кардаанд. Дар баъзе манобеъ “Авасто”-ро “сурудаҳои рӯшноӣ” меноманд, ки дуруст аст. Чунонки шоир фармуда:

Аз Авасто

Аз нахустин бомдоди рӯзи таърихи тамаддун,

Мо нажоди покзоди тоҷдорони ҷаҳонем,

Асли мо, асли қадими ориёист.

Аз суруди маъбади Каркӯй,

То суруди маъбади Роғун

Офарини мо,

сипоси мо,

дуруди мо,

суҷуди мо ба поси рӯшноист.

Аз фурӯғи оташи Зардушт,

Аз фурӯғи оташи Наврӯзи фирӯз,

оташи ҷашни ҳумоюни Сада,

ҳам Меҳргони меҳрафрӯз.

Нури оташ,

ҳамчунин неруи оташ буд моро.

Нури имон,

ҳамчунин неруи имон буд моро.

Қисса кӯтаҳ,

Шавкати озодагӣ

Дар зери ин гардуни гардон буд моро,

Фарри Яздон буд моро...

(Аз суруди оташкадаи Каркӯй то суруди нерӯгоҳи Роғун, 64-65)

Вақте ки шеърҳои ин силсиларо мехонем, воқеан ба шоири ватандӯсту ватанпарасте рӯбарӯ меоем ва ба чунин натиҷа мерасем, ки шоир бо пораи ҷони худ онҳоро сириштаст. Бешак, ин гувоҳи он аст, ки шоири мавриди гуфтугӯи мо соҳиби истеъдоди фитрӣ ва табъи баланди шоирӣ мебошад. Ва бегумон ин гуфтаи машҳури Флобер Густав зеҳнро хутур мекунад: “Замоне чунин мешумурданд, ки танҳо найшакар қанд медиҳад. Ҳоло онро аз ҳама чиз мекашанд. Ҳамин ҳол бо шеър аст: онро аз ҳар ҷойе бихоҳем мекашем, ки он дар ҳама чиз ва ҳама ҷост. Чизе нест, ки ҳастаи шеър надошта бошад».

Гузашта аз ин, ашъори шоирро, маъмулан, аз зовияи нақд мавриди баррасӣ қарор медиҳем, чунин эҳсос мешавад, ки гӯяндаи он воқеан шахси донишманд буда, диди хосси шоирона дорад. Ба сухани дигар, маҳаки сухансанҷии ӯ дар каломи мавзун илм аст, яъне ба ҳар вожае, ки дар шеъри шоир омадаанд, нуктасанҷона муносибат мекунад. Вале, бо ин ҳама, шеъри ӯ саршор аз эҳсос ва зарбоҳанг (иқоъ) аст. Маҳз ҳамин ду ваҷҳ сабаб шудаанд, ки дар ашъори шоир латофату нафосат, шеърияту бадеият ва андешаи шоиронаву тафаккури бадеии хос бештар ба назар расанд. “Шоироне ҳастанд, - менависад нависандаи машҳури рус Константин Паустовский, - ки эҳсос мекунанд ва шоироне, ки баён менамоянд. Аввалиҳо хушбахтаранд”. Шоири мавриди гуфтугӯи мо ба гурӯҳи аввал мутааллиқ аст, чунонки ӯ умрро ба маҷмуаи сонияҳо ташбеҳ карда:

Оҳ, аз ин сонияҳо,

ки басе зудгузар

ва басе ночизанд...

Бо ҳама зудгузашт

ва ҳама ночизӣ

Умр маҷмуаи ҳамин сонияҳост

(Сонияҳо, с.

Шоире, ки дардҳои замони худро бозгӯ насозад, ӯро наметавон шоири ростин донист. Ҳасани Султон дар шеърҳои “Ҳикмати афтодагӣ”, “Занги кудурат”, “Хирмани ғам”, “Табари вақт”, “Фарёди дил”, “Олами бемеҳрӣ”, “Милоди ғам”, “Ҳушдор”, “Дори бало”, “Тавба” ва “Нолаи дили рамида” ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби замони худ рӯ овардааст. Зеро рисолати асосии шоир гуфтани дардҳои иҷтимоӣ мебошад. “Шеър - ба андешаи нависандаи машҳури араб Ҷуброн Халил Ҷуброн, - селе аз шодӣ, дард, таҳайюр ва ҳиссаи кучаке вожагон аз китоби луғат аст”. Аз ҷумла, дар шеъри “Ёдкарди Салоҳиддини Курд” баъзе масъалаҳои мухолифати гуфтугӯи тамаддунҳоро матраҳ мекунад ва аз ин берангии олами кунунӣ дилтанг аст:

Олами имрӯз беранг аст,

Олами ислому насронӣ

Ба ҳам дар ҳоли ҷанг аст.

Баски имрӯз

Ҳар ду ин олам салоҳи дин надорад,

Сарвару саркардаҳо дорад,

Салоҳиддин надорад.

(Ёдкарди Салоҳиддини Курд)

Ҳасани Султон дар қолабҳои суннатии шеър, хусусан ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ низ ашъори зиёд сурудааст ва нигоштаҳои ӯ аз маҷмӯа то маҷмӯа суфта шудаанд ва ба ӯ муяссар гардидааст, ки ба гуфтани шеъри нағз тавфиқ ёбад.

Маҷмуаи “Афсонаи себ”, ки барои дарёфти ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода пешниҳод шудааст, бешубҳа, сазовор аст.

Умриддин Юсуфӣ, д.и.ф., мудири шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО