09 Jun 2026
Submitted by Admin
16

Дар рӯзгори Сомониён Балхи бомӣ бино ба маълумоти муаррихи Афғонистон Абдулҳай Ҳабибӣ яке аз конунҳои асосии илму фарҳанги порсии дарӣ ба шумор меомад. Ва дар ҳамин шаҳр шоирону адибони зиёде дар асри Х рӯзгор ба сар бурдаву эҷод кардаанд, ки имрӯз номи бархе аз онҳо ба мо маълуманд. Ин номҳои ошно Шаҳиди Балхӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Дақиқии Балхӣ, Бадеи Балхӣ, Робиаи Балхӣ ва дигарҳоянд, ки бо Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як замон зиставу пайравӣ аз сабк ва мактаби адабии ӯ кардаанд. [14, 288]

Маҳз дар ҳамин шаҳр нахустин бор ба суннати шоҳномасароӣ асос гузошта шуд ва муаллифи аввалин «Шоҳнома»-и мансурро Абулмуайяди Балхӣ донистаанд. Ин аввалин «Шоҳнома»-е буд, ки ба забони порсии дарӣ мураттаб гардид. Пас аз ин шоҳномаҳои дигаре ҳам навишта шудааст, вале Абумансури Дақиқӣ аввалин назмкунандаи «Шоҳнома» дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар баҳри мутақориб шинохта шудааст. [13, 61]

Бунёди асосии шоҳномасароӣ дар шаҳри Балх гузошта шудааст ва Дақиқӣ низ боби аввали достони «Гуштоспнома»-ашро аз «Ба Балх рафтани Луҳросп ва бар тахт нишастани Гуштосп» оғоз бахшида, ин шаҳрро «Балхи гузин» хондааст:

Чу Гуштоспро дод Луҳросп тахт,

Фуруд омад аз тахту барбаст рахт.

Ба Балхи гузин шуд, бад-он Навбаҳор,

Ки яздонпарастон бад-он рӯзгор. [5, 46]

Дар ин фишурда сухан танҳо аз ду тан симои ҷолиб ва омӯхтании муҳити адабии Балхи бомӣ – Абумансури Дақиқӣ (тахминан 956 – 980) ва Робиаи Балхист (соли таваллуд ва вафот номаълум). Ин ду суханвар (ҳарчанд соли таваллуд ва вафоташон дақиқ маълум нест), дар як аср ва дар як шаҳр зода ва парварида шудаанд. [12, 76-84] Дар ин давра камтар шоиреро пайдо мекунем, ки шахсият ва рӯзгору осори пурфурӯғашон мисли ин ду шоир барангезанда, пуршӯр ва тӯфониву фоҷифарҷом бошад. Байни рӯзгори пурфурӯғи ин ду суханвари Балх ҳамгунӣ ва монандиҳои зиёде дида мешавад. Ин ҳамгуниҳо ҳам дар шахсият ва ҳам дар осори ин ду шоир мушоҳида мешаванд. Барои ошноии бештар ва тасаввуроти комил ҳосил шудан ва монандиҳоро баршумурдан дар рӯзгори онҳо ногузир ҳастем, ки ба шарҳи ҳоли онҳо рӯ биёварем.

Абумансур Муҳаммад ибни Аҳмад Дақиқии Балхӣ аз шоирони тавоно ва маҳбуби замони Сомониён будааст. [5, 8] Вай дар хонадони яке аз деҳқонзодагони Балх ба дунё омадааст. Ашрофзодагон ё табақаи заминдори он рӯзгорро деҳқонзода мегуфтаанд, ки ҳаким Фирдавсӣ низ мансуб ба он табақа будааст.

Аз рӯи маълумоти Муҳаммади Авфӣ дар «Лубобулалбоб» «Шеъри Дақиқӣ аз кори даққу тори диқ дақиқтар аст ва ӯро ба сабаби диққати маонӣ ва риққати алфоз Дақиқӣ гуфтандӣ ва дар хидмати умарои Чағониён будӣ ва зикри эшон эрод карда омадааст». [1,393]

Аз ин маълумоти Авфӣ бармеояд, ки Дақиқӣ шоири соҳибзавқу хушсалиқа будааст ва дар дарбори шоҳони замонааш – Сомонӣ ва Чағонӣ зиндагии хушу мунъимонае ба сар мебурдааст. [11]

Ризоқулихони Ҳидоят низ дар «Маҷмаъулфусаҳо» ба ин нукта ишора кардааст: «…муосир ва маддоҳи Оли Сомон хонандаш ва умарои Чағониён, яъне Абумузаффар Муҳтоҷи Чағонӣ ӯро навохта ва тарбият карда ва Дақиқӣ он тоифаро низ мидҳат месуруда …» [15, 654]

Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и безавол он ҷое, ки аз Дақиқӣ ёд мекунад, «ҳамеёфт аз меҳтарон арҷу ганҷ» мегӯяд ва ба зиндагии мунъимонаи Дақиқӣ ишора мекунад. Хулоса, ин ва дигар маълумоти сарчашмаҳо далолат ба зиндагии хубу бонишоти Дақиқӣ дар дарбори шоҳону амирони замон дорад. [13, 61]

Робиаи Балхӣ низ дар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аз ашрофзодагони Балх қаламдод шудааст. [8, 54] Ҳамонгуна, ки Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъулфусаҳо» меорад: «Робиаи Қаздории Балхӣ аз нисвон ва маликзодагон аст. Падараш Каъб ном ва дар Балху Қаздор ва Бусту ҳаволии Қандаҳор ва Систон ва ҳаволии Балх комрониҳо намуда». [15, 554] Аз ин маълумоти Ҳидоят дар бораи падари Робиа огаҳӣ пайдо мекунем, аммо ин муаллиф падари Робиаро аз қавми араб медонад, ки ин иштибоҳи маҳз мебошад. Зеро ҳич кадоме аз муаллифони сарчашмаҳои адабӣ-таърихӣ дар бораи араб будани гузаштагони Робиа чизе нагуфтаанд. Ин Робиа ғайри Робиаи Адавия ва духтари ҳокими Балх будааст. [3, 109] Ин нуктаро Аттор низ ишора кардааст:

Амири некдилро як писар буд,

Ки дар хубӣ ба олам дар саҳар буд.

Яке духтар ба парда буд низаш,

Ки чун ҷон буд ширину азизаш. [7, 61]

Робиаи Балхӣ шоҳдухтари нозпарвард буд. Аз ин рӯ, ба хондану таълим гирифтан бештар дастрасӣ дошт ва падараш барои ӯ устодоне таъйин карда буд, ки ба Робиа илмҳои роиҷи он замонро мисли илми шеъру мусиқӣ, фалсафаву ҳикматро меомӯзонданд. Робиа духтари диловару ҷасуре буд, ки аз ҳунарҳои аспсавориву тирандозӣ низ огаҳии хубе дошт. Ва ӯ, ки ҳамеша ҳамроҳи падар буд, аз роҳу равиши давлатдорӣ ва нозукиҳои илми сиёсат низ ба хубӣ бохабар буд. Забонҳои дар он замон маъмул бахусус, забони арабиро хеле хуб медонист. Робиаи Балхӣ нахустин бонуи порсисарои соҳибдевоне будааст, ки бо ду забон порсӣ ва тозӣ девони шеър тадвин кардааст. Бо таъбирҳои «… фориси ҳар ду майдон ва волии ҳар ду баён, бар назми тозӣ қодир ва дар шеъри порсӣ бағоят моҳир ва ба ғояти закои хотир …» тавсиф шудани ӯ аз тарафи Муҳаммади Авфӣ [1, 205] ишора бар он дорад, ки бо ҳар ду забон: порсӣ ва тозӣ шеърҳо гуфтааст. Ва ба гумони мо дар шеърҳои арабиаш Зайнулараб тахаллус мекардааст, ки баъдтар Аттор дар «Илоҳинома» бо ин ном аз ӯ ёд мекунад.

Ҳар ду суханвар аз табақаи ашрофзодагон ва шоирони соҳибдевон ва ниҳоят, ҳар ду шоири тағаззулӣ будаанд.

Дигар ин ки Робиаи Балхӣ нахустин бонуест, ки ба забони порсӣ девон таҳия кардааст ва дар фазлу камол ва шеъру суханварӣ бар мардони ҷаҳон пешдастиҳо доштааст.

Абумансури Дақиқӣ низ шоирест, ки бо амри шоҳони Сомонӣ ба назм кардани достонҳои «Шоҳнома» иқдом намудааст. Ҳам Робиа ва ҳам Дақиқӣ ибтикороту пешоҳангӣ дар шеъру адаби порсии дарӣ нишон додаанд. [14, 288]

Ва мутаассифона, ҳам Дақиқӣ ва ҳам Робиаи Балхӣ хеле ҷавон ва дар айни авҷи камолоти эҷодӣ ба таври фоҷиавӣ риштаи ҳаёташон гӯё бо “сабаби гирифторӣ ба ғуломи турк” канда шудааст ва номуроду ормонӣ аз ҷаҳон рафтаанд ва иқдоми ҳар ду суханвар нотамом ва роҳи эҷодиашон нопаймуда мондааст.

Ҳамон гуна, ки байни рӯзгор ва шахсияти ин ду суханвари соҳибсабки Балх вежагиҳо ва шабоҳатҳоеро дидем, ҳамгунӣ ва монандиҳое миёни осори онҳо низ ба дид мерасанд.

Ҳам Дақиқӣ ва ҳам Робиа шоирони тағаззулӣ ва сарояндаи мазмунҳои ошиқонаанд. Дар асри Х ба ҷуз аз Устод Рӯдакӣ камтар шоиреро ёд дорем, ки мисли Робиа ва Дақиқӣ ошиқона ва тағаззулҳои зебо ва эҳсосбарангез гуфта бошанд. Ҳамон ғазали машҳури Дақиқӣ:

Кошкӣ андар ҷаҳон шаб нестӣ,

То маро ҳиҷрони он лаб нестӣ.

Захми ақраб нестӣ бар ҷони ман,

Гар варо зулфи муақраб нестӣ.

В-ар набудӣ кавкабаш дар зери лаб,

Мӯнисам то рӯз кавкаб нестӣ.

В-ар мураккаб нестӣ аз некӯӣ,

Ҷонам аз ишқаш мураккаб нестӣ.

В-ар маро беёр бояд зистан.

Зиндагонӣ, кош, ё раб, нестӣ. [5, 109]

Ки аз беқарорӣ ва шефтагии шоири дилдодае ҳикоят мекунад ва ишқ тору пуди вуҷудашро фаро гирифтаву сабру тоқаташро ба нестӣ додааст, мисли ғазали ошиқонаи Робиа аз ишқу ошиқӣ қисса мекунад.

Робиаи Балхӣ ҳам дар сурудани ашъори тағаззулӣ [9] чун Дақиқӣ маҳорати адабӣ нишон додаст ӯ дар сурудани мазмунҳои ошиқона нозукбину андешапарвар ва ҳакиму хирадманд ба назар меояд:

Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,

Кӯшиши бисёр н-омад судманд.

Ишқ дарёе каронанопадид,

Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.

Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,

Баски бипсандид бояд нописанд.

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.

Тавсанӣ кардам надонистам ҳаме,

К-аз кашидан тангтар гардад каманд. [10, 74]

Дар ғазали ошиқонаи Дақиқӣ нақши эҳсос бештар буда, оҳанги ҳузну андӯҳ дар он танинандоз аст, яъне ошиқ нокому ноумед ба назар меояд ва дар азоби танҳоию ҳиҷрон гирифтору ранҷур аст. Аммо дар ғазали Робиа ошиқ ҳанӯз умедвору дилгарм менамояд ва бардоштҳои ҳакимонаеро аз ишқ ба хонанда ироа мекунад, шоири ғазали дувум паём ва гуфтание ба мухотаб дорад. Моҳияти ишқро барои ошиқон барои шарҳи воқеӣ медиҳад. Аммо дар ғазали Дақиқӣ тавре ки дидем, сухан танҳо аз ҷудоӣ ва ҳиҷрон аст.

Ҳамон гуна, ки аз шеърҳои боқимондаи Дақиқӣ бармеояд, ӯ дар сурудани зебоиҳо ва ҷилваҳои рангини табиат низ моҳир будааст. Дақиқӣ доир ба ҳар мавзуе, ки шеър мегӯяд, табиат пешорӯи ӯст. Ва ин вежагӣ хосси умуман адабиёти асри Х будааст. Масалан, аз ин баҳорияи маъруфи Дақиқӣ, ки дар он бештар сухан аз зебоиҳои фасли баҳор аст:

Дарафганд, эй санам абри биҳиштӣ

Заминро хилъати урдибиҳиштӣ

Замин бар сони хунолуд дебо,

Ҳаво бар сони ниландуд муштӣ.

Ба таъми нӯш гашта чашмаи об,

Ба ранги дидаи оҳуи даштӣ.

Биҳишти аднро гулзор монад,

Дарахт ороста ҳури биҳиштӣ. [5, 107]

Аён аст, ки зеҳну замири гӯяндааш асири зебоиҳои баҳор буда, дар он ғарқ шудааст. Аз ин баҳория аён аст, ки пайвастагӣ ва ҳамдилии шоир ба зебоиҳои табиат ва фасли баҳор чашмандози тасвиргарии шоирро аз муҳити зисти ӯ фаротар бурда, то ба мушоҳидаи ашёи маҳсусе аз қабили «абри биҳиштӣ», «биҳишти адн», «ҳури биҳиштӣ» ва мисли инҳо расонидааст. Тасвирҳо дар ин шеъри Дақиқӣ асосан ҳиссиянд, на ақлӣ. Дар ин шеър санъати ташбеҳ бештар ба кор рафтааст ва ташбеҳҳо эҳсосшавандаанд на диданӣ. Барои фаҳму дарки ин шеъри Дақиқӣ бештар ҳиссу ҳаяҷон ва хаёлоти хонанда ба кор меравад. Ашёе, ки дар ин ғазал ба кор рафтааст, ҳама ашёи табиат аст.

Робиаи Балхиро низ дар васфи баҳору табиат ғазал ва байтҳое бар ҷой мондааст. Ӯ дар тасвири табиат сабку салиқаи вижае дорад. [2, 122]

Ғазали зебои Робиа, ки сода ва ҷаззоб суруда шудааст, аз беҳтарин ғазали баҳория ё дар васфи табиат сурудаи ӯ ба шумор меояд:

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,

Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.

Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,

Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт?

Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,

Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.

Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ,

Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.

Қадаҳ гир чандею дунё магир,

Ки бадбахт шуд он, ки дунё гирифт.

Сари наргиси тоза аз зарру сим,

Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.

Чу руҳбон шуд андар либоси кабуд,

Бунафша магар дини тарсо гирифт. [10, 74]

Агар ин ду ғазали ду шоир ба ҳамдигар қиёс шавад, аён мегардад, ки ҳар ду ғазал хеле сода ва дилнишин гуфта шудааст. Аксари вожаҳои ин ду ғазал порсии тоҷикиянд. Ду ғазал мисли ду лавҳаи наққошишуда рангу ҷило ва тобишҳои дилангези фасли баҳорро пеши назари хонанда ҷилвагар менамояд. Дар ҳар ду шеър сухан аз зебоиҳои баҳор аст. Аммо тарзи баён ва шеваи гуфтори Робиа дар ин ғазал бо ширинии гуфтор тафовут дорад. Барои дарки баҳорияи Робиа ба хонанда бештар андешаву тафаккур ва дониши таърихӣ лозим аст. Зеро ҳар як байти шеър паёмеро дар хеш гунҷондааст. Бо ин ғазали хурд Робиа ахбор ва ё иттилооти зиёдеро дар ихтиёри хонанда вомегузорад. Дар баҳорияи Робиа асосан санъатҳои ташбеҳ ва талмеҳ ба кор рафтаанд. Ӯ барои барҷастагии ташбеҳ ҳамеша рӯ ба зебоиҳои фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои он дошта, шукуфтани гул ва ё зебоии баҳорро бо Аржанг – асари Монӣ ташбеҳ мекунад.

Хулоса, дар ин ғазал хонанда ҳам аз осори санъати тасвиргарӣ (Аржанги Монӣ) ҳам дар бораи шаҳрҳои бузургу машҳури он замон (аз ҷумла, Тибат), ҳам аз қиссаҳои ошиқии Лайлӣ ва Маҷнун ва ҳам аз шоҳони гузашта ба монанди Кисро маълумот пайдо мекунад. Дар шеър ба таври аёну ниҳон ҳам ифтихор аз фарҳанги миллӣ мушоҳида мешавад ва ҳам огоҳӣ аз фарҳангу тамаддуни дигар халқу миллатҳо аз ҷумла, дину фарҳанги насронӣ, ки дар рӯзгори гӯяндаи ин шеър маълуму роиҷ будаанд. Ба маънии дигар Робиа дар ин шеър ҳам аз зебоиҳои табиат ва ҳам аз зебоиҳое, ки инсон бо нерӯи тахайюлаш меофарад, сухан мегӯяд. Дар як байт доир ба ахлоқ, ки бар зебоӣ ва ҳусни ботинии инсон меафзояд, дар баробари зебоии баҳор сухан гуфта, ба инсон паёми ахлоқие низ ироа медорад:

Қадаҳ гир чандею дунё магир,

Ки бадбахт шуд он, ки дунё гирифт. [10, 74]

Шод зистану бениёз будан ва дил ба ҳавову ҳаваси дунё набастанро ба хонанда талқин месозад. Аз муқоисаи ду шеъри дар як мавзуъ сурудаи ду шоири ҳамрӯзгор аён мешавад, ки Робиа шоири донишманд будааст.

Дигар ин, ки ин ду шоир хеле озодаву озодипараст будаанд. Ҳаргуна қайду банд ва тааллуқотро напазируфтаанд. Дақиқӣ, ки дар дарбори шоҳони замон хидмат мекард ва мадҳи эшон мегуфт ва аз онон силиву инъомҳо мегирифт, боз ҳам ҷасурона ба амирони замонаш бо тариқи хитоб сухан мегӯяд:

Эй хоҷа, гар бузургию ишғол не туро,

Баргир ҷохушку бирав, медарав ҳашиш.

Робиаи Балхӣ низ суханвари озоду бениёзест, ки тақрибан 1050 – сол пеш аз рӯзгори мо зиста, боҷуръатона садо баланд карда, барои расидан ба мақсаду орзуҳои хеш мубориза бурда, аз ниёзҳои бонувони замонаш дифоъ кардааст.

Хабар диҳанд, ки борид бар сари Айюб,

Зи осмон малахону сари ҳама заррин.

Агар биборад заррин малах бар ӯ аз сабр,

Сазад, ки борад бар ман яке магас рӯйин. [10, 76]

Дар ин дубайтӣ Робиа сабри Айюбиро бо бесабрии хеш муқобил гузошта, мегӯяд, ки агар Айюб пас аз сабри тӯлонӣ ба он сазовор шуд, ки бар сару рӯйи ӯ малахони заррин аз осмон мебориданд, ман розиям, ки зуд ба маҳбуби худ бирасам, бигзор бар сарам магаси рӯйин- оҳанин (аз рӯй ном филиз, ки қадраш аз зар хеле поин аст), бибораду ман ба маҳбубам бирасам, яъне ӯ сабру тоқати бардавомро дар ҳиҷрони маъшуқ намеписандад, балки дидори дӯстдоштаи хешро бетоқатона интизорӣ мекашад. Ин абёт низ суханвари озодихоҳ ва саркашу боҷуръат будани Робиаро нишон медиҳад, зеро дар рӯзгори ӯ сабуриву таҳаммули Айюб пайғамбарро ба бесабрии хеш муқобил гузоштан аз назари мутаассибони замон шояд гуноҳи бузурге ҳисобида мешуд, вале Робиа боҷуръатона, андешаи озоди хешро гуфта тавонистааст. Ба андешаи мо шояд ҳамин рӯҳи озодипарвари Робиа, ки ба ғояи сабри Айюбӣ дар роҳи ишқ розӣ шуда натавонистааст, бархе аз ҳамзамононашро ба ғазаби таассубгароёна расонида бошад, ки ӯро магаси рӯйин лақаб додаанд ва ин андеша дар сарчашмаҳои адабӣ низ роҳ ёфтааст. [7, 21]

Озодона сухан гуфтан, ба танқид гирифтани иллатҳои замона аз тарафи суханварони асри Х бештар аз рӯҳи озодипарвари муҳит, ки ҳукуматдорони замона фароҳам оварда буданд, сурат гирифтааст. Онҳо андешаҳои озоду бепарда ва ҳақиқатҷӯёнаро парваридаанд ва ба аҳли сухану андеша имкони баёни озоди андешаро фароҳам оварда, аз андешаҳои судманди онон кор гирифтаанд. Вале бо вуҷуди рӯҳи озодипарвари замон дар ҷомиа таассубу ифротгароӣ дида мешуд, ки ин ҳолат ба марги фоҷиавии ин ду суханвари нотакрор ва шуубии Балх оварда расондааст.

Дар мавриди забони осори Робиа гуфтанием, ки ҳарчанд ӯ бо ду забон шеър мегуфт ва гоҳе дар шеъраш аз санъати муламмаъ низ истифода мекунад, аммо дар интихоби калима ва дар муносибат бо забони шеър бомулоҳиза рафтор кардааст. Масалан, ба байтҳои зерин таваҷҷӯҳ кунед:

Даъвати ман бар ту он шуд, к-Эзидат ошиқ кунод

Бар яке сангиндиле номеҳрубон чун хештан.

То бидонӣ дарди ишқу доғи меҳру ғамхурӣ

То ба ҳаҷр андар бипечию бидонӣ қадри ман. [10, 76]

Дар ин дубайтӣ калимае номафҳуму мураккаб дида намешавад, балки Робиа бо ҳамон сабки сода, осонбаёни маъмули замонаш саҳли мумтанеъ эҷод карда, дар устуворӣ ва инкишофи сабки хуросонӣ саҳм гузоштааст.

Содагиҳои забони ашъори Робиа ба содагиҳои табиии забони мардум баробар буда, аз чашмаи зулоли забони зиндаи гуфтугӯӣ шодоб аст. Ин байтҳои ӯ гувоҳи гуфтаҳои мост:

Дӯш бар шохаки дарахт он мурғ,

Навҳа мекарду мегирист ба зорӣ.

Ман ҷудоям зи ёр аз он менолам,

Ту чӣ нолӣ, ки бо мусоид ёрӣ? [10, 76]

Натиҷа ва хулосагириҳои мо аз муқоисаи иҷмолии рӯзгор ва осори ин ду шоири ҳамрӯзгор ин аст, ки ҳам Дақиқӣ ва ҳам Робиа бо ашъори мондагори хеш, бо истифодаи вожаву ибораҳои содаи забони ноби мардумӣ пас аз Устод Рӯдакӣ яке аз поягузорони забони форсии нав ва сабки хуросонӣ мебошанд. Робиа дар эҷоди тасвирҳои шоирона ва гуфтани ғазалҳои ошиқона ва тасвирӣ гоҳе аз Дақиқӣ ва шоирони ҳамрӯзгораш пешгомиҳое ҳам доштааст. Ва ҳарду суханвар бино бар сабаби доштани андешаҳои шуубӣ ва озодандешии ҳакимона ба таври фоҷиавӣ ба риштаи ҳаёташон хеле зуд канда мешавад ва номуроду ормонӣ аз ҷаҳон мераванд.

Пайнавишт:

1. Авфӣ Муҳаммад. Лубобулалбоб. Бо тасҳеҳи Эдуард Браун бо муқаддимаи Муҳаммади Қазвинӣ ва тасҳеҳоти ҷадиду ҳавошӣ ва таълиқоти Саид Насфисӣ. / Муҳаммад Авфӣ. – Теҳро, интишороти Ҳурмус, 1389, – 1082 саҳ.

2. Афсаҳзод Аълохон. Одамушшуаро Рӯдакӣ. / Аълохон Афсаҳзод. – Душанбе, Адиб, 2003, – 304 саҳ.

3. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. – Сталинобод, 1958, – 408 саҳ.

4. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. – Душанбе, Адиб, с. 2007, – 408 саҳ.

5. Дақиқӣ ва ашъори ӯ. Гирдовардаи Муҳаммад Дабирсиёқӣ. – Теҳрон, 1342, – 146 саҳ.

6. Маликзод А. Боз дар бораи ҳунари шоирии Робиаи Балхӣ. / А. Маликзод. – Суханшиносӣ. с. 2017, №2, – саҳ. 57–64

7. Маликзод А. Робиаи Балхӣ ва ашъори ӯ. / А. Маликзод. – Душанбе, 2025, – 108 саҳ.

8. Мирзоев Абдулғанӣ. Абӯабдулло Рӯдакӣ. / Абдулғанӣ Мирзоев. –Сталинобод, 1958, – 277 саҳ.

9. Мирзоюнус Матлуба. Сиришке дар лола… (Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Робиаи Балхӣ). / Матлуба Мирзоюнус. – Хуҷанд, 1998, – 158 саҳ.

10. Мудаббирӣ Маҳмуд. Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевон дар қарнҳои 3-4-5 ҳиҷрии қамарӣ. / Маҳмуд Мудаббирӣ. – Теҳрон, 1370, – 716 саҳ.

11. Нафисӣ Саид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. / Саид Нафисӣ. – Душанбе, 2008, – 934 саҳ.

12. Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ (Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори бузургдошти Робиаи Балхӣ), – Душанбе, – ТҶБ «Истиқбол», – 2010, – 228 саҳ.

13. Нуъмонӣ Шиблӣ. Шеърулаҷам ҷилди аввал. / Шиблӣ Нуъмон. – Душанбе, 2016, – 543 саҳ., – саҳ. 48–49

14. Ҳабибӣ Абдулҳай. Балх конуни фарҳаг дар аҳди Дақиқии Балхӣ. Дар кит: Панҷоҳ мақола. / Абдулҳай Ҳабибӣ. – Кобул, 1362, – 558 саҳ., – саҳ. 288–303

15. Ҳидоят Ризоқулихон. Маҷмаъулфусаҳо. / Ризоқулихон Ҳидоят. –Теҳрон, 1339, – Амири кабир, 1382/1, – 900 саҳ.

Анзурати Маликзод, н.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА АМИТ

 

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО