29 Sep 2026

БАЛХ БО МАВЛАВИИ БАЛХӢ АГАР РУМ ГИРИФТ ...

Submitted by Admin
200

Сароғоз, ин ки тавфиқи зиёрати мақбараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Қунияи Туркия чаҳор сол пеш бар банда муяссар шуда буд, сарафрозу шукргузорӣ ҳастам.

Шоҳкориҳои меъмории шаҳри Қуния воқеан беназиранд ва қисмати марказии он низ дар Рӯйхати мероси умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст. Шаҳри зебоест, вале ин шаҳрро бештар бо унвонҳои “Шаҳри Мавлоно” ва ё “Шаҳри қалбҳо” мешиносанд. Инро ҳам бояд зикр кард, ки туркҳо ҳатто номи як навъ питзои худро ба номи Мавлоно – “Mevlana Pide” ном мебаранд, ки воқеан болаззат ва хос аст.

TJ
29 Sep 2026

МАВЛАВӢ ВА ҲОФИЗ

Submitted by Admin
229

Ҳеҷ одобеву тартибе маҷӯ,

Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат, бигӯ.

Мавлавӣ

TJ
24 Sep 2026

Ҷаҳони гардон: хондани ҳераклитусии қасидаи «Пирӣ»-и Рӯдакӣ

Submitted by Admin
228

Қасидаи «Пирӣ»-и Рӯдакиро метавон яке аз намунаҳои барҷастаи суратбандии шоиронаи мафҳуми сайрурат (дигаргунӣ, таҳаввул) дар адабиёти порсӣ тоҷикӣ дарӣ донист; ҷаҳоне ки Рӯдакӣ дар ин қасида тарсим мекунад, ҷаҳони суботу сукун нест, балки ҷаҳонест, ки дар он ҳар вазъият дар маърази дигаргунӣ ва ҳатто табдил шудан ба зидди худ қарор дорад. Аз ин манзар, хониши ҳераклитусии қасида имкони фаҳми амиқтари мафҳуми «гардон будани ҷаҳон»-ро дар шеъри Рӯдакӣ фароҳам мекунад.

TJ
22 Sep 2026

УСТОД РӮДАКӢ ДАР ТАҲҚИҚ ВА ТАСВИРИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

Submitted by Admin
263

Устод Сотим Улуғзода яке аз нависандагони аввалқадам аст, ки дар бораи устод Рӯдакӣ таҳқиқ бурдаву ба тасвири симои адабиву инсонии вай кӯшишҳо ба харҷ додааст. Сабаби ин таваҷҷуҳ метавонад чи ба шахси ӯ ва чи бьа вазъи замони ба худшинохтагии сиёсӣ ва адабию фарҳагӣ расидани мардуми тоҷик иртибот гирдад. Омили замонӣ ва маънавии ҷомеа чунин буд, ки дар даврони нав, замоне ки дар ҷомеаи тоҷикӣ афкори навгароӣ ва таҷаддуди илму маориф ва фарҳанг дар байни мардуми тоҷик ба зуҳур мепайваст, таваҷҷуҳ ба адабиёту фарҳанги миллдӣ меафзуд.

TJ

Pages

ЁДИ РАФТАГОН

Pages

МАҚОЛАҲО